ДУШАНБЕ, 04.12.2023 — Sputnik, Виктория Никифорова. Саммити иқлими Дубай, ки рӯзҳои ахир давом дошт, фоидаҳои бесобиқаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро нишон дод, ки тавассути тарси ҷаҳон аз гармшавии глобалиро ба даст овардааст. Дар давоми якчанд сол ИМА аз ҷиҳати истеҳсоли нафту газ ба пешсафи ҷаҳон табдил ёфтанд. Дар ҳоле, ки бо даъватҳо барои даст кашидан аз нафту газ, Аврупоро аз нафту гази Русия бенасиб карданд ва ин бозорро ишғол сохтанд. Фоидаи афсонавӣ, тасаввурнашаванда, харобии рақибон - ва ҳамаи ин ба шарофати воҳимаи иқлим.
Бо вуҷуди ин, дар достони гармшавии глобалӣ як ҷузъи низомӣ вуҷуд дорад. Рӯзномаи иқлим метавонад барои ҳузури низомии Амрико дар дигар кишварҳо як ангезаи олӣ гардад. Ин тамоюли тафаккури стратегӣ махсусан барои ҳамсояҳои наздиктарини Русия хатарнок аст.
Маҳз дар арафаи нишасти Дубай, таҳлилгарони низомии RAND Сorporation як нақшаи амалро барои Фармондеҳии марказии ИМА дар мавриди ҳар гуна мушкилоти иқлимӣ дар минтақаи масъулияташон омода карданд. Он чизро фаҳмидан душвор аст, ки низомиёни амрикоӣ дар масофаи даҳ ҳазор километр аз ватани худ чӣ фаромӯш кардаанд, аммо ба ин "минтақаи масъулият" кишварҳое, ба мисли Эрон, Ироқ, Афғонистон, Миср, Исроил, Аморати Муттаҳидаи Араб, Сурия ва инчунин ( ки ин махсусан барои мо нофорам аст) собиқ ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравиро — Қазоқистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва Қиргизистонро дохил кардаанд.
Муаллифони RAND мегӯянд, ки дар ин кишварҳо як навъ фалокати иқлимӣ рух дода метавонад. Масалан, хушксолӣ, ки он муборизаи доимиро барои захирахои об пурзӯр мекунад. Ихтилофҳо ба вуҷуд меоянд, ки боиси шӯришҳо ва ҷангҳои маҳаллӣ мегарданд. Маҳз дар ҳамин вақт нерӯҳои ҳарбии ИМА бояд дахолат кунанд.
Ҳадафи расмии дахолат "кӯмак ба шарикони дарозмуддат" номида мешавад. Аслан, амрикоиҳо нақша доранд, ки низоъҳои дохилӣ ва фаромарзиро таҳти назорати худ гиранд,ки минтақаҳои мухталифро ба бесарусомонӣ дучор кунанд, ончуноне ки дар Украина карданд.
Воқеан ҳам барои нооромиҳои дохилӣ ва низоъҳои байнидавлатӣ дар Осиёи Марказӣ замина вуҷуд дорад. Ин мубориза барои захираҳои ниҳоят маҳдуди об аст, ки дар давраҳои хушксолӣ, ки дар минтақа тез-тез рух медиҳанд, боз ҳам зиёдтар мегарданд. Узбекистон ва Туркманистон аз он нигаронанд, ки Афғонистон аз маҷрои Амударё канали обёрӣ месозад. Даргирии марзии Қирғизистону Тоҷикистон бар сари нуқтаи тақсими оби “Головной” ба як кори маъмулӣ табдил ёфтааст.
Гап сари он аст, ки инфрасохтори дар замони Шӯравӣ сохташуда фарсуда гаштааст ва касе дар навсозии он шитоб намекунад. Амрикоиҳо дар ин ҷо низ, аҷиб аст, ки кӯмак пешниҳод намекунанд.
Муаллифони RAND бо шавқ тавсиф мекунанд, ки чӣ гуна хушксолии навбатӣ метавонад ба нокомии ҳосил, ошӯбҳои ғизоӣ, шӯришҳо ва низоъҳои мусаллаҳона оварда расонад. Вазифаи ҳарбии Амрико аз он иборат аст, ки ба ҳар як мамлакати минтақа алоҳидагӣ фаҳмонад, ки дар ин лаҳзаи душвор вай "шарики дерина" аст ва метавонад ба кӯмаки Иёлоти Муттаҳида умед бандад.
Бо ин баҳона, ҳамкориҳои сохторҳои ҳукумати маҳаллӣ ва вазорати дифои ИМА бояд барои “муқовимат бо гармшавии глобалӣ” таъмин карда шавад. Гузаронидани машқҳои муштарак оид ба мубориза бо офатҳои табиӣ. USAID ҳам ҷалб мешавад. Мутахассисони низомии ИМА бояд дар таъсиси логистика, нақлиёт, амнияти сарҳадӣ, назорати ҷараёни муҳоҷират кӯмак расонанд, яъне ба соҳаҳои ҳассостарини мудофиаи кишвар ворид мешаванд.
Дар вақти зарурӣ, вақте ки давлат аз нооромиҳои дохилӣ ва мушкилоти иқлим заиф мешавад, Фармондеҳии марказии ИМА, мисоли Бэтман, ба ҳодисаҳои рухдода дахолат мекунад ва ҳамаро наҷот медиҳад. Дар баробари ин, ҳадафҳои дахолат бо як беҳаёии ҳайратангез тавсиф карда мешаванд. Ҳамкорӣ бо амрикоиҳо ба кишвари шарик имкон медиҳад, ки ё моҷарои ҳарбӣ бо ҳамсояи худро пешгирӣ кунад ё онро коҳиш диҳад ва ё "барои он шароит барои ҳуҷуми муваффақ фароҳам меоварад".
Чунин кафолатҳо бояд ба ҳамаи ҷонибҳои даргир дода шаванд. Тахминан гуем, ба Қирғизистону Тоҷикистон дар як вақт. Ҳар як кишвар худро шарики маҳбуби Вашингтон хоҳад шумурд ва дар ҷанг бо ҳамсояҳои худ ва "ҳуҷуми муваффақ" ба кӯмаки он такя мекунад. Ин ба чӣ оварда мерасонад, эҳтимолан шарҳ додан лозим нест. Махз ҳамин тавр англисҳо як вақтҳо Ҳиндустонро забт карда, роҷаҳои он ҷоро ба ҳамдигар муқобил гузоштанд.
Зебоии ин нақша дар он аст, ки "офати табиӣ", ки ангезаи ҷанги ҳама бар зидди ҳама мегардад, ҳама чиз буда метавонад. Васоити ахбори оммаи ғарбӣ дар тарсонидани мардум бо дурӯғҳои ваҳшиёна хеле таҷриба доранд, танҳо воҳимаи универсалиро дар бораи "сӯрохиҳои озон"-и маъруф ба ёд оред. Яъне, агар хушксолӣ ҳам рух надиҳад, пас рӯзноманигорони амрикоӣ онро ихтироъ мекунанд ва ҷомеаи ҷаҳонӣ онро фурӯ мебарад.
Мушкилоти амрикоиҳо дар он аст, ки ду гаронвазни сиёсӣ ба суботи минтақа манфиатдоранд: Русия ва Чин. Онҳо наздиканд, онҳо қодиранд, ки зуд вокуниш нишон диҳанд. Ҳоҷат ба ёдоварӣ нест, ки чӣ гуна артиши Русия ба тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ дар Қазоқистон дар чанд рӯз хотима дод.
Аммо агар тамоми идораҳои давлатии мамлакат бо мутахассисони вазорати мудофиаи ИМА пур шаванд, ки пайваста ба муқобили гармшавии кураи замин мубориза мебаранд, пас онҳо бӯҳрони маҳаллиро ба таври худ идора хоҳанд кард. Пешгирии Русия ва Чин аз ҳалли мушкилоти Осиёи Марказӣ ва комилан хориҷ кардани минтақа аз нуфузи онҳо - ин ҳадафи аслии Фармондеҳии марказии ИМА дар ин замина аст. Ва ин бо кадом қимати хун анҷом мешавад, барои ҷанобонҳои сафедпӯст фарқе надорад.
Бесарусомонӣ дар Осиёи Марказӣ барои ИМА ҳамон фоидае хоҳад овард, ки аз харобии Украина ба даст оварда шуд, агар аз он зиёдтар нагардад. Иқтисодиёти он боз аз ҳисоби комплекси ҳарбию саноатӣ тезонда мешавад, доллар мустаҳкам шуда, барои Хитой проблемаҳои калон ба вуҷуд меоварад. Ва, албатта, он ба "нигоҳдошти Русия" хидмат хоҳад кард - мувофиқи дастуре, ки ҳамон RAND дар соли 2019 нашр кардааст.
Шояд ҳукуматҳои ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ аз нақшаҳои ҳарбии ИМА огоҳ бошанд. Охир, пеш аз он ки мамлакатҳояшон ба хун оғӯшта шаванд, бӯҳрони аз тарафи амрикоиҳо сохташуда, ба худи онҳо зарба мезанад.