Дар ИИАО гуфтанд, ки бо камбуди гандум чӣ гуна мубориза мебарад

© Sputnik / Илья ПиталевСбор пшеницы
Сбор пшеницы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.11.2023
Обуна шудан
Маълум шуд, ки Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё бо камбуди макарон дар бозорҳои кишварҳои узви ин иттиҳодия чӣ гуна мубориза мебарад
ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. ИИАО тасмим гирифтааст, ки гандуми Русияро барои пешгирии буҳрони маҳсулоти макаронӣ ба кишварҳои узви созмон содир кунад.
Дар ин бора Шӯрои Комиссияи иқтисодии Авруосиё (ЕЭК) хабар додааст.
Ин иқдом дар пайи пешгӯиҳои кам рӯёнидани гандум дар соли оянда гирифта шудааст.
"Истеҳсоли ҷаҳонии гандуми сахт дар соли кишоварзӣ метавонад тақрибан 8% коҳиш ёбад, ки ин хатари норасоиро дар бозор ба вуҷуд меорад", - ҳушдор дод вазири савдои КИ созмон Андрей Слепнев.
Илова бар ин, бинобар ин тамоюл нархи макарон, ки ба навъҳои муҳими иҷтимоии маҳсулоти озуқа тааллуқ доранд, метавонад баланд шавад.
Дар робита ба ин, кишварҳои ИИАО мехоҳанд маҳдудиятҳои эҳтимолиро дар содироти ғалла ҷорӣ кунанд.
Мужчина в кабинете - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.11.2023
Иҷозатномаҳо барои содироту воридоти молҳо ба ИИАО электронӣ мешавад
Ёдовар мешавем, ки ахиран Шӯрои КИА созишнома дар бораи низоми ягонаи транзити гумрукии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва тарафи сеюмро тасдиқ кард.
Ин на танҳо ба оптимизатсияи тартиби интиқоли бор, балки ба ҳадди ақал расонидани амалҳои хадамоти танзимкунанда мусоидат мекунад.
Лентаи хабарҳо
0