Раҳмон гуфт дар даҳсолаи ахир чанд пиряхи Тоҷикистон об шудааст

© Flickr \ Хадамоти матбуоти Президенти ТоҷикистонЭмомали Рахмон
Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.12.2023
Обуна шудан
Раисҷумҳури кишвар зимни суханрониаш дар Конфронси 28-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ доир ба тағйирёбии иқлим аз таъсири манфии тағйири иқлим таъкид кард
ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи пленарии Конфронси 28-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ доир ба тағйирёбии иқлим қайд кард, ки тағйирёбии иқлим пеш аз ҳама ба манбаъҳои захираҳои об таъсири манфӣ мерасонад.
Вай гуфт, харобшавии манбаъҳои захираҳои об яке аз нишондиҳандаҳои манфии тағйирёбии иқлим ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки дар ин раванд обшавии босуръати пиряхҳо баръало мушоҳида мешавад.
Ҳамчунин раҳбари Тоҷикистон афзуд, ки даҳсолаҳои охир шумораи умумии пиряхҳои Тоҷикистон, ки 13 ҳазорро ташкил дода, манбаи 60% обҳои минтақаи Осиёи Марказӣ мебошанд, ба андозаи зиёда аз як ҳазор кам гардидааст.
Эмомали Рахмон и Касым-Жомарт Токаев в Астане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.12.2023
Раҳмон ба Тоқаев паёми таслият фиристод
Вай афзуд, ки бо ташаббуси Тоҷикистон қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ дар бораи эълон намудани соли 2025 ҳамчун "Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо" ва 21-уми март "Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо" қабул гардида, “Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо” таъсис дода шуд.
“Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки саҳми молии аввалияи худро ба ин Фонди мақсаднок гузорад. Умед дорем, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ низ дар ин Фонд ҳиссагузор хоҳанд буд”, - сарвари давлат.
Раҳбари кишвар изҳори боварӣ кардааст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҳамчунин, дар татбиқи саривақтии дигар ҳадафу уҳдадориҳои марбут ба об, бахусус натиҷаҳои Конфронси дуюми оби СММ, ки моҳи марти соли ҷорӣ дар шаҳри Ню-Йорк таҳти раёсати Тоҷикистону Нидерланд баргузор гардид, саҳм хоҳад гузошт.
Вай илова кард, ки Тоҷикистон барои рушди ҳамкориҳо дар татбиқи рӯзномаи глобалии обу иқлим минбаъд низ талошҳои худро идома хоҳад дод.
Лентаи хабарҳо
0