Лавров: Ғарб мавқеаи Русияро дар Осиёи Миёна танг карданист

© Пресс-служба МИД РФ / Гузариш ба медиабонкМинистр иностранных дел РФ Сергей Лавров на саммите G20 в Нью-Дели
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров на саммите G20 в Нью-Дели - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.11.2023
Обуна шудан
Вазири корҳои хориҷии Русия мутмаин аст, Ғарб бо вуҷуди талошҳои ошкор ноил нахоҳад шуд, ки мавқеи кишварро дар Осиёи Марказӣ халалдор созад
ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Иттиҳодияи Аврупо нияти берун кардани Русия аз Осиёи Марказӣ ва моварои Қафқозро пинҳон намекунад.
Да ин бора вазири корҳои хориҷии Русия, Сергей Лавров, зимни мусоҳибаи телевизионӣ баён дошт.
"Иттиҳоди Аврупо нияти худро барои берун рондани мо аз Осиёи Марказӣ ва моварои Қафқозро пинҳон намекунад. Ин кор нахоҳад шуд. Мо таърихан дар ин ҷо ҳастем, мо дар ҳеҷ куҷо нопадид намешавем", - гуфт Лавров.
Ахиран дабири Шӯрои амнияти Русия, Николай Патрушев дар мулоқот бо ҳамтоёнаш аз кишварҳои ИДМ дар Маскав гуфт, кишварҳои ғарбӣ бо сиёсату стандартҳои дугуна талоши ҷудо кардани кишварҳои Осиёи Марказӣ аз Русияро доранд.
Президент Казахстана Касым-Жомарт Токаев и президент Франции Эммануэль Макрон во время встречи в Астане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.11.2023
Иттиҳодияи Аврупо ҷӯёи иттифоқчиён дар ҷанг алайҳи Русия мебошад
"Ғарб талош дорад, барои кишварҳои Осиёи Марказӣ фишанг эҷод кунад, то онҳоро аз Русия ҷудо кунад. Ин ҷо гап на танҳо дар бораи фишори сиёсӣ балки шантажи иқтисодӣ аз ҷониби Ғарб меравад, аз ҷумла таҳдиди таҳримҳо", - гуфт вай.
Дабири Шӯрои амнияти Русия аз сиёсати дугунаи Ғарб дар ИДМ танқид кард.
Патрушев изҳор дошт, ки соли оянда дар замони раёсати Русия дар ИДМ талошҳо барои таҳкими ҳамгироӣ миёни кишварҳои узв амалӣ хоҳанд шуд.
Лентаи хабарҳо
0