Идома сафар ба Қазоқистон: Дидори Раҳмон аз Маркази ҳукумати рақамӣ ва имзои санади нав

Миёни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ва Вазорати рушди рақамӣ, инноватсия ва саноати аэрокайҳонии Қазоқистон ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ бо Президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Токаев аз Маркази Ҳукумати рақамӣ боздид кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар дод.
Тибқи иттилои манбаъ, Маркази мазкур ба ташаккул ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи рушди рақамии кишвар, дар бахшҳои инноватсия, коммуникатсия, хизматрасониҳои давлатӣ, саноати электронӣ, инчунин ба рушди ҳукумати электронӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти Корпоратсияи давлатии “Ҳукумат барои шаҳрвандон” ва масъалаҳои амнияти иттилоотӣ машғул аст.
Иттилоъ дода шудааст, ки ҷорӣ кардани хизматрасонии давлатӣ дар шакли электронӣ дастрасии аҳолиро ба хизматрасонӣ ва ҳуҷҷатгузорӣ осон карда, ҳамзамон шумораи ҳуҷҷатҳоро коҳиш дода, муҳлати гирифтани онро низ кутоҳ мекунад.
Раҳмон аз Масҷиди марказии шаҳри Остона дидан кард
Қайд карда шудааст, ки марказ барои ҳалли ин масъалаҳо дар Қазоқистон “Ҳукумати электронӣ” таъсис дода шуд.
Зимни шиносоӣ Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки ҷорӣ кардани “Ҳукумати электронӣ” тақозои замон аст ва Ҳукумати Тоҷикистон низ, бо дарназардошти талаботи ҷомеа, ба ин раванд таваҷҷуҳи рӯзафзун зоҳир менамояд.
Дар фарҷом Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ва Вазорати рушди рақамӣ, инноватсия ва саноати аэрокайҳонии Қазоқистон ба имзо расид.