https://sputnik.tj/20230826/idoma-safar-qazoqiston-markaz-hukumati-raqami-imzo-sanad-1059062202.html
Идома сафар ба Қазоқистон: Дидори Раҳмон аз Маркази ҳукумати рақамӣ ва имзои санади нав
Идома сафар ба Қазоқистон: Дидори Раҳмон аз Маркази ҳукумати рақамӣ ва имзои санади нав
Миёни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ва Вазорати рушди рақамӣ, инноватсия ва саноати аэрокайҳонии Қазоқистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
2023-08-26T17:21+0500
2023-08-26T17:21+0500
2023-08-26T18:16+0500
дар тоҷикистон
қазоқистон
қосим -жомарт тоқаев
эмомалӣ раҳмон
ҳукумат
рақамӣ
ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ
/html/head/meta[@name='og:title']/@content
/html/head/meta[@name='og:description']/@content
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/1a/1059066482_24:0:3665:2048_1920x0_80_0_0_6bfb1a58e6fd9792793ec39f987042ef.jpg
ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ бо Президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Токаев аз Маркази Ҳукумати рақамӣ боздид кард.Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар дод.Тибқи иттилои манбаъ, Маркази мазкур ба ташаккул ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи рушди рақамии кишвар, дар бахшҳои инноватсия, коммуникатсия, хизматрасониҳои давлатӣ, саноати электронӣ, инчунин ба рушди ҳукумати электронӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти Корпоратсияи давлатии “Ҳукумат барои шаҳрвандон” ва масъалаҳои амнияти иттилоотӣ машғул аст.Иттилоъ дода шудааст, ки ҷорӣ кардани хизматрасонии давлатӣ дар шакли электронӣ дастрасии аҳолиро ба хизматрасонӣ ва ҳуҷҷатгузорӣ осон карда, ҳамзамон шумораи ҳуҷҷатҳоро коҳиш дода, муҳлати гирифтани онро низ кутоҳ мекунад.Қайд карда шудааст, ки марказ барои ҳалли ин масъалаҳо дар Қазоқистон “Ҳукумати электронӣ” таъсис дода шуд.Зимни шиносоӣ Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки ҷорӣ кардани “Ҳукумати электронӣ” тақозои замон аст ва Ҳукумати Тоҷикистон низ, бо дарназардошти талаботи ҷомеа, ба ин раванд таваҷҷуҳи рӯзафзун зоҳир менамояд.Дар фарҷом Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ва Вазорати рушди рақамӣ, инноватсия ва саноати аэрокайҳонии Қазоқистон ба имзо расид.
https://sputnik.tj/20230826/rahmon-masjidi-markazii-ostona-didan-1059059527.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/1a/1059066482_479:0:3210:2048_1920x0_80_0_0_9411bcd861b1c7395a75c8b2aa9f6f97.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
тоҷикистон, дидор, сафар, қазоқистон, макази ҳукумати рақамӣ, тоқаев, раҳмон, ёддошти тафоҳум
тоҷикистон, дидор, сафар, қазоқистон, макази ҳукумати рақамӣ, тоқаев, раҳмон, ёддошти тафоҳум
Идома сафар ба Қазоқистон: Дидори Раҳмон аз Маркази ҳукумати рақамӣ ва имзои санади нав
17:21 26.08.2023 (Навсозишуда: 18:16 26.08.2023) Миёни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ва Вазорати рушди рақамӣ, инноватсия ва саноати аэрокайҳонии Қазоқистон ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ бо Президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Токаев аз Маркази Ҳукумати рақамӣ боздид кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар дод.
Тибқи иттилои манбаъ, Маркази мазкур ба ташаккул ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи рушди рақамии кишвар, дар бахшҳои инноватсия, коммуникатсия, хизматрасониҳои давлатӣ, саноати электронӣ, инчунин ба рушди ҳукумати электронӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти Корпоратсияи давлатии “Ҳукумат барои шаҳрвандон” ва масъалаҳои амнияти иттилоотӣ машғул аст.
Иттилоъ дода шудааст, ки ҷорӣ кардани хизматрасонии давлатӣ дар шакли электронӣ дастрасии аҳолиро ба хизматрасонӣ ва ҳуҷҷатгузорӣ осон карда, ҳамзамон шумораи ҳуҷҷатҳоро коҳиш дода, муҳлати гирифтани онро низ кутоҳ мекунад.
Қайд карда шудааст, ки марказ барои ҳалли ин масъалаҳо дар Қазоқистон “Ҳукумати электронӣ” таъсис дода шуд.
Зимни шиносоӣ Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки ҷорӣ кардани “Ҳукумати электронӣ” тақозои замон аст ва Ҳукумати Тоҷикистон низ, бо дарназардошти талаботи ҷомеа, ба ин раванд таваҷҷуҳи рӯзафзун зоҳир менамояд.
Дар фарҷом Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ва Вазорати рушди рақамӣ, инноватсия ва саноати аэрокайҳонии Қазоқистон ба имзо расид.