Раҳмон аз Масҷиди марказии шаҳри Остона дидан кард

© Дафтари матбуоти раисҷумҳури ҚазоқистонЭмомалӣ Раҳмон ва Қосим Ҷомарт Тоқаев дар Масҷиди марказӣ
Эмомалӣ Раҳмон ва Қосим Ҷомарт Тоқаев дар Масҷиди марказӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.08.2023
Обуна шудан
Кишвардори Тоҷикистон зимни боздид аз Масҷиди марказии шгаҳри Остона ба кишвари дӯсти Қазоқистон шукуфоӣ ва ба мардуми қазоқ саодатмандӣ орзу намуд
ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба Қазоқистон бо раисҷумҳури ин кишвар Қосим-Жомарт Токаев аз Масҷиди марказии шаҳри Остона боздид кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, 18 марти соли 2019 бунёди масҷиди марказӣ оғоз ёфта буд ва 12 августи соли гузашта мавриди истифода қарор гирифт.
Масҷиди марказии Остона дар масоҳати 10 гектар замин бунёд гардида, масоҳати умумии биноҳо 68 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Масҷид аз чор манораи баландиашон 130 метр иборат мебошад. Як манора барои тамошои сайёҳон пешбинӣ шудааст.
Дарҳои даромад аз чуби мустаҳкам сохта шуда, бо нақшу нигори қазоқӣ оро ёфтааст.
Президенты Таджикистана и Казахстана Эмомали Рахмон и Касым-Жомарт Токаев  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.08.2023
Иштиоки Раҳмон ва Тоқаев дар маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қазоқистон
Дар масҷид ба ҷуз толорҳои намозхонӣ, инчунин синфхонаҳо, маҷлисгоҳ, ҳуҷраҳои корӣ, хизматрасонию техникӣ ва осорхона мавҷуданд.
Раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо шароити намозгузорон ба сифати корҳо баҳои баланд дод.
Кишвардори Тоҷикистон зимни боздид ба кишвари дӯсти Қазоқистон шукуфоӣ ва ба мардуми қазоқ саодатмандӣ орзу намуд.
Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо сафари корӣ ба Қазоқистон ҳузур дорад.
Сафари кишвардори Тоҷикистон ба Қазоқистон то 26 август идома меёбад.
Дар ҷараёни сафар музокироти сатҳи олӣ сурат гирифта, дар рафти он масъалаҳои ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, нақлиётӣ, логистикӣ ва сармоягузорӣ баррасӣ шуд.
Сарони ду кишвар ҳамчунин дар маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Қазоқистон ширкат карда, аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дидан карданд.
Лентаи хабарҳо
0