ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Аз 11 то 21 апрел дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе ярмаркаи фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал гузаронида мешавад, иттилоъ додааст шаҳрдории Душанбе.
Ба иттилои манбаъ, ярмаркаҳои мазкур дар асоси қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо мақсади фаровонии бозори истеъмолӣ ва ғанигардонии дастурхони сокинону меҳмонони пойтахт, инчунин пешгирии болоравии нархи маводи озуқа доир карда мешаванд.
Ярмаркаи фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал дар КВД "Бозори Меҳргон"-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ, буриши кӯчаҳои Ҳусейнзода ва Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Шоҳмансур (назди Кумитаи сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон), дар майдончаи назди бозори "Қарияи боло"-и ноҳияи Сино ва дар майдончаи назди КВД "Бозори Саховат"-и ноҳияи Фирдавсӣ ташкил карда мешавад.
Инчунин дар 15 нуқтаи сераҳолии шаҳри Душанбе ярмаркаҳои доимамалкунанда фаъолият менамоянд, ки дар онҳо маҳсулоти мавриди ниёзи аввал бо нархҳои нисбат ба бозор арзонтар пешкаши сокинону меҳмонони пойтахт гардонида мешаванд.
Ярмаркаҳои доимамалкунанда ҳамарӯза дар даромадгоҳҳои бозорҳои коммуналӣ ва хусусии пойтахт фаъолият мекунанд.