ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт дар кӯчаи Зарафшони шаҳри Душанбе то охири моҳи декабри соли равон маҳдуд карда мешавад.
Бар асоси қарори Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе, маҳдудият аз хиёбони Нусратулло Махсум то кӯчаи Алишер Навоӣ амал мекунад.
"Бинобар оғоз шудани корҳои сохтмонӣ дар кӯчаи Зарафшон аз хиёбони Н. Махсум то кӯчаи А. Навоӣ аз 15 апрел то 30 декабри соли 2022 ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, муваққатан қатъ карда шавад", - омадааст дар ин қарор.
Ҳадафи қарор таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар вақти гузаронидани корҳои таъмири асосӣ дар кӯчаи Зарафшон арзёбӣ гардид.
Шаҳрдорӣ корхонаи "Душанбенақлиётхадамотрасон", шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилӣ дар пойтахтро муваззаф кардааст, ки самти ҳаракати нақлиёти автомобилии мусофирбарро, ки аз кӯчаи Зарафшон мегузарад, тағйир диҳанд. Таъкид шудааст, ки огоҳсозии аҳолӣ аз тағйирот ба таври васеъ роҳандозӣ шавад.
Корхонаи воҳиди давлатии "Роҳсоз", ки пудратчии асосии бозсозии роҳ дар Зарафшон мебошад, муваззаф шудааст, ки дар мувофиқа бо мақомоти бозрасии автомобилӣ насби аломатҳои роҳ ва дигар лавҳаҳои иттилоотию огоҳкунандаро барои ронандагон таъмин созад.
Дар зимн таъкид шудааст, ки барои танзими алоқаи мунтазами нақлиётӣ дар қитъаи зикргардида ва бе монеа даромадани воситаҳои нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ, милитсия ва хадамоти оташнишонӣ ба минтақаҳои атрофи иншоот чораандешӣ сурат гирад.