https://sputnik.tj/20220415/qaror-dushanbe-rohbandi-poytakht-1047663551.html
То охири сол: қарори раиси Душанбе барои роҳбандӣ дар пойтахт
То охири сол: қарори раиси Душанбе барои роҳбандӣ дар пойтахт
Sputnik Тоҷикистон
Ба далели анҷоми корҳои сохтмонӣ бо қарори шаҳрдории Душанбе ҳаракат дар бархе аз ҷодаҳои пойтахт то охири сол маҳдуд карда мешавад
2022-04-15T11:15+0500
2022-04-15T11:15+0500
2022-04-15T12:36+0500
дар тоҷикистон
нақлиёт
маҳдудият
сохтмон
роҳ
душанбе
зарафшон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101666/11/1016661195_0:0:1504:846_1920x0_80_0_0_6fc93467fcaf09121b9f0c25365af901.jpg
ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт дар кӯчаи Зарафшони шаҳри Душанбе то охири моҳи декабри соли равон маҳдуд карда мешавад. Бар асоси қарори Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе, маҳдудият аз хиёбони Нусратулло Махсум то кӯчаи Алишер Навоӣ амал мекунад. "Бинобар оғоз шудани корҳои сохтмонӣ дар кӯчаи Зарафшон аз хиёбони Н. Махсум то кӯчаи А. Навоӣ аз 15 апрел то 30 декабри соли 2022 ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, муваққатан қатъ карда шавад", - омадааст дар ин қарор. Ҳадафи қарор таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар вақти гузаронидани корҳои таъмири асосӣ дар кӯчаи Зарафшон арзёбӣ гардид. Шаҳрдорӣ корхонаи "Душанбенақлиётхадамотрасон", шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилӣ дар пойтахтро муваззаф кардааст, ки самти ҳаракати нақлиёти автомобилии мусофирбарро, ки аз кӯчаи Зарафшон мегузарад, тағйир диҳанд. Таъкид шудааст, ки огоҳсозии аҳолӣ аз тағйирот ба таври васеъ роҳандозӣ шавад. Корхонаи воҳиди давлатии "Роҳсоз", ки пудратчии асосии бозсозии роҳ дар Зарафшон мебошад, муваззаф шудааст, ки дар мувофиқа бо мақомоти бозрасии автомобилӣ насби аломатҳои роҳ ва дигар лавҳаҳои иттилоотию огоҳкунандаро барои ронандагон таъмин созад. Дар зимн таъкид шудааст, ки барои танзими алоқаи мунтазами нақлиётӣ дар қитъаи зикргардида ва бе монеа даромадани воситаҳои нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ, милитсия ва хадамоти оташнишонӣ ба минтақаҳои атрофи иншоот чораандешӣ сурат гирад.
https://sputnik.tj/20220414/rohbandi-sughd-1047652362.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101666/11/1016661195_43:0:1171:846_1920x0_80_0_0_f620fb6f0b0315fc847e4784a3522c41.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қарор, раис, душанбе, маҳдуд, пойтахт
қарор, раис, душанбе, маҳдуд, пойтахт
То охири сол: қарори раиси Душанбе барои роҳбандӣ дар пойтахт
11:15 15.04.2022 (Навсозишуда: 12:36 15.04.2022) Ба далели корҳои сохтмонӣ бо қарори шаҳрдории Душанбе ҳаракат дар бархе аз ҷодаҳои пойтахт то охири сол маҳдуд карда мешавад
ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт дар кӯчаи Зарафшони шаҳри Душанбе то охири моҳи декабри соли равон маҳдуд карда мешавад.
Бар асоси қарори Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе, маҳдудият аз хиёбони Нусратулло Махсум то кӯчаи Алишер Навоӣ амал мекунад.
"Бинобар оғоз шудани корҳои сохтмонӣ дар кӯчаи Зарафшон аз хиёбони Н. Махсум то кӯчаи А. Навоӣ аз 15 апрел то 30 декабри соли 2022 ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, муваққатан қатъ карда шавад", - омадааст дар ин қарор.
Ҳадафи қарор таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар вақти гузаронидани корҳои таъмири асосӣ дар кӯчаи Зарафшон арзёбӣ гардид.
Шаҳрдорӣ корхонаи "Душанбенақлиётхадамотрасон", шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилӣ дар пойтахтро муваззаф кардааст, ки самти ҳаракати нақлиёти автомобилии мусофирбарро, ки аз кӯчаи Зарафшон мегузарад, тағйир диҳанд. Таъкид шудааст, ки огоҳсозии аҳолӣ аз тағйирот ба таври васеъ роҳандозӣ шавад.
Корхонаи воҳиди давлатии "Роҳсоз", ки пудратчии асосии бозсозии роҳ дар Зарафшон мебошад, муваззаф шудааст, ки дар мувофиқа бо мақомоти бозрасии автомобилӣ насби аломатҳои роҳ ва дигар лавҳаҳои иттилоотию огоҳкунандаро барои ронандагон таъмин созад.
Дар зимн таъкид шудааст, ки барои танзими алоқаи мунтазами нақлиётӣ дар қитъаи зикргардида ва бе монеа даромадани воситаҳои нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ, милитсия ва хадамоти оташнишонӣ ба минтақаҳои атрофи иншоот чораандешӣ сурат гирад.