ДУШАНБЕ, 18 фев – Sputnik. Сеяки онҳое, ки дар беморхонаҳои шаҳрии Душанбе бистарӣ гардидаанд, сокини пойтахт нестанд, иттилоъ доданд масъулини шаҳр.
Шаҳрдории Душанбе мегӯяд, тайи як соли гузашта беш аз 88 ҳазор бемор бистарӣ гардидааст, ки 7,5%-и шумораи умумии аҳолии пойтахтро дар бар мегирад.
"Аз шумораи умумии бистаришудагон 31,5 ҳазор нафар ё 36%-ро аҳолии дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ташкил медиҳад", - омадааст дар иттилоия.
Дар мавриди мубориза бо бемориҳои сироятӣ зикр гардидаст, ки ҳоло 2 муассисаи сатҳи бистаринамоӣ, 15 маркази саломатии шаҳрӣ ва 2 маркази ёрии таъҷилии тиббӣ бо 1544 нафар табиб ва 2182 нафар кормандони миёнаи тиб дар самти пешгирию табобати маризиҳои сироятӣ фаъолият мекунанд.
Дар маҷмуъ, ба иттилои шаҳрдорӣ, дар сохтори соҳаи тандурустии Душанбе 3532 нафар табиб ва 6077 нафар кормандони миёнаи тиб кор мекунанд.
Соли гузашта 2017 нафар, аз ҷумла 845 нафар табиб ва 1172 корманди миёнаи тиб дар муассисаҳои тандурустии пойтахт бо кор таъмин шудаанд, таъкид намуданд масъулин.
Дар мавриди коронавирус иттилоъ дода шуд, ки феълан дар пойтахт даври сеюми иммунизатсия бар зидди бемории сироятии COVID-19 идома дорад.