Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Ҳашт аломати омикрон дар ваксинашудаҳо гуфта шуд

© Sputnik / Денис Абрамов / Гузариш ба медиабонкЛечение больных COVID-19 в регионах России
Лечение больных COVID-19 в регионах России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.02.2022
Обуна шудан
Эмкунӣ аз COVID-19 то 100% муҳофизат намекунад: сироятро чӣ гуна бояд муайян кард?
ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Ҳангоми мубтало шудан ба штамми омикрони коронавирус одамони ваксинашуда 8 аломатро эҳсос мекунанд.
Дар ин бора нашрияи "Eurosurveillance" менависад. Тадқиқотро дар ин самт олимони норвегӣ анҷом додаанд.
Натиҷаҳои мушоҳидаҳо нишон доданд, онҳое, ки ваксина алайҳи COVID-19 гирифтаанд, аксари вақт аз хастагӣ ва дарди сар шикоят мекунанд.
Илова бар ин онҳое, ки бар зидди коронавирус ваксина шудаанд, дар бораи сулфа, атса ва оби бинӣ ҳарф задаанд.
Яке аз нишонаҳои ногувор дарди тамоми бадан ва табларза будааст.
Онҳо аксари вақт бо коҳиши иштиҳо, ҳисси мазза, бӯй ва диққи нафас ҳамроҳ мешаванд, таъкид карданд олимон.
Сотрудницы в физико-химической лаборатории - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.02.2022
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Марги ҳамаи штаммҳо: дар Русия алайҳи коронавирус "коктейл" омода мекунанд
Эмкунӣ ҳамчунон боэътимодтарин роҳи муҳофизат аз COVID-19 мебошад. Аммо моякӯбӣ хатари сироятро 100% нест намекунад.
Ба гуфтаи табибон, ин ба вокуниши иммунии инфиродӣ ва инчунин ба дараҷаи сироятёбии штамми коронавирус вобаста аст. Масалан, дар омикрон сатҳи сироятёбӣ баланд аст.
Вирусшинос, профессори Донишгоҳи давлатии Маскав ва доктори илмҳои биология Алексей Аграновский қайд кард, дар онҳое, ки алайҳи COVID-19 ваксина шудаанд, онро дар шакли сабук мегузаронанд.
Имкони зиндамонӣ нест: дар кадом ҳолат омикрон бо марг анҷом меёбад
Эҳтимол аст, бемории коронавирус дар одамони ваксинашуда ба он вобаста бошад, ки то чӣ андоза шароити нигоҳдории доруҳо ҳангоми интиқол риоя карда мешавад, мегӯяд Александр Чепурнов, роҳбари лабораторияи сироятҳои махсусан хатарноки Маркази федералии тадқиқоти тибби бунёдӣ ва густаришӣ (FRC FTM).
Дар навбати худ, директори маркази "Вектор" Ринат Максютов дар суҳбат бо РБК қайд кард, ки сироятёбии бархе аз вакиснашудаҳо як падидаи муқаррарӣ аст.
Лентаи хабарҳо
0