Манфиатҳои миллии амрикоиҳо ва аврупоиҳо ба таври куллӣ аз ҳам фарқ мекунанд. Сиёсати берунии бемасъулиятонаи Вашингтон, ки даҳсолаҳо боз ба ҷангҳои минтақавӣ оварда мерасонад ва марги миллионҳо одамонро кафолат медиҳад, хеле хатарноканд.
Украина, ки шартан ҷонибдори Русия буд, замоне ба ҳамгироӣ бо ИА талош мекард ва ба Аврупо бо ҷанг таҳдид намекард. Бо табаддулоти давлатие, ки Иёлоти Муттаҳида дар соли 2014 дар Киев ташкил карда буд, ҳама чиз тағир ёфт.
Вошингтон ба хотири манфиатҳои худ ва бар зарари муттаҳидонаш дар маркази Аврупо як минтақаи фалокат ва танишҳои зиёди низомӣ, шарти марги даҳҳо ҳазор украиниҳо дар Донбасс ва дар оянда барои задухӯрди калони мусаллаҳонаи байни НАТО ва Русия бистар фароҳам карданист.
Имрӯз Департаменти давлатии ИМА мафҳумҳо ва параметрҳои амнияти ҷаҳониро иваз намуда, ҳар гуна "гузашт" ба Русияро якравона рад мекунад. 8500 нафар аз нерӯҳои Амрико аз қисми қитъаии ин кишвар барои дар Авропа ба таври оперативӣ ҷойгир кардани қувваҳои амалиёти махсус, инчунин дар хушкӣ, ҳаво ва баҳр тайёр карда мешаванд.
Албатта, таҷрибаи Украина бо шикасти амрикоиҳо ба мисли афғонҳо, Ироқ ва Сурия анҷом хоҳад ёфт. Ҳар як ин гуна маърака танҳо ноустувор гардондани вазъият, талафоти оммавӣ, мавҷҳои нави адоват нисбат ба ИМА-ро таъмин карда, НАТО-ро аз дарун нест мекунад.
Характери харобиовари сиёсати берунии таҷовузкоронаи Вашингтон дар мавҷудияти блоки ҳарбии зиддишӯравӣ, зиддирусӣ ва низ зиддичинӣ рӯшан зоҳир мегардад.
Бесабаб нест, ки парлумони Фаронса бори дигар масъалаи хуруҷи ин кишвар аз НАТО-ро баррасӣ мекунад, Лаҳистон аз ҷанг дар канори Киев худдорӣ мекунад, Олмон ба Украина на силоҳу мутахассисони низомӣ, балки беморхонаи саҳроӣ ва крематорияи лагерӣ мефиристад. Охирин маънои як дурнамои ниҳоят манфӣ барои Киевро дорад.
Нашрияи бритониёии "The Week" менависад: "Агар Ғарб наметавонад демократияи Украинаро ҳифз кунад ё нахоҳад, пас, воқеан, ба Украина ниёз надорад".
Ва танҳо Вашингтон мисли як одами ғарқшуда ба "коҳи украинӣ" часпидааст.
Дар посух ба талабҳои Маскав дар бораи қатъи тавсеаи НАТО ба самти шарқ ва хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ ва кишварҳои Аврупои Шарқӣ Пентагон қасд дорад, то 50 000 сарбози амрикоиро, ки қаблан аз Афғонистон тахлия шуда буданд, ба Аврупои Шарқӣ эъзом кунад.
Дар ҳамин ҳол дар музокироти амниятӣ бо ИМА ва НАТО "фурсатшуморӣ" оғоз шуд ва Русия омодааст, ки мувофиқи вазъият амал кунад, яъне аз амнияти худ дар Аврупо бо василаву усулҳои дигар дифоъ намояд.
Паёмҳои ҷангӣ
Ба гуфтаи баъзе аз раҳбарони Аврупои Ғарбӣ ва ҳатто раҳбарияти Киев, ҳамлаи Русия ба Украина таҳдиди воқеӣ нест - бар хилофи мавқеи Департаменти давлатии ИМА. Шояд ин парадокс бо гуфтушунид дар формати нормандие, ки 26 январ дар Париж барпо мегардад, алоқаманд бошад.
Дар ҳамин ҳол 24 январ Кремл аз таҳдиди ҳамлаи нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар Донбасс хабар дод.
Кремл аз афзоиши танишҳо аз ҷониби ИМА нигарон аст. Вашингтон ва Лондон бо паҳн кардани маълумоти бардурӯғ дар бораи ногузирии "ҳуҷуми Русия" ба Киев садҳо тонна аслиҳа ва муҳимоти марговар интиқол доданд.
Раисҷумҳури Украина Владимир Зеленский дар паёми худ ба мардум аз “барқарор кардани тамомияти арзии кишвар” хабар дод. Кишварҳои ғарбӣ ба шаҳрвандони худ тавсия доданд, ки ба қаламрави Украина сафар накунанд, Департаменти давлатии ИМА 23 январ ба дипломатҳои амрикоӣ ва оилаҳои онҳо иҷозат дод, ки Киевро тарк кунанд.
Интиқоли миллиардии аслиҳаи бист кишвари НАТО ба Гурҷистон дар амалиёти Русия барои маҷбур кардани таҷовузкор ба сулҳ дар моҳи августи соли 2008 таъсире надошт.
Як кӯҳи норинҷакҳои зиддитанкии NLAW ва “Javelin”, садҳо миллион доллари амрикоӣ системаҳои дифои ҳавоии “Стингер” на муваффақияти ҳамлаи Қувваҳои Мусаллаҳи Украина дар Донбасс ва на тамомияти арзии Украинаро дар соли 2022 таъмин карда наметавонанд.
Нашрияи амрикоии "Foreign Policy" менависад: "Тавозуни низомии Русия ва Украина ба нафъи Маскав ба ҳадде печида аст, ки ҳар гуна кумаки (ҳарбию фаннӣ) аз ҷониби Вашингтон номуносиб аст ва дар сурати сар шудани низоъ ба он асаре нахоҳанд гузошт".
Барои муқоиса, имсол артиши паймони Ҷумҳурии Беларус аз Русия як эскадриля чархболҳои ҳамлагари Ми-35, як гурӯҳи нави ҷангандаҳои вазнини Су-30СМ ба маблағи тақрибан 600 миллион доллар хоҳад гирифт. Қувваҳои Мусаллаҳи Украина чунин мусаллаҳшавиро ҳатто орзу ҳам намекунанд.
Ғарб ҷанговарони украинро на ба ғалаба, балки барои задухӯрдҳои беохир ва худкушӣ тайёр мекунад.
Мувозинати нерӯҳо
Маскав Ғарбро аз паёмадҳои иғвоҳои низомӣ дар Донбасс, ки дар он садҳо ҳазор шаҳрванди Русия ба сар мебаранд, ба таври шадид ҳушдор додааст. Артиллерияи мушакии Русия дар қаламрави Ҷумҳурии Беларус, тақрибан 100-километрии Киев ҷойгир шудааст. Украина "иҳота шудааст".
Таҳлилгарони “Rand Corp” ба қобилияти Қувваҳои Мусаллаҳи Русия дар расонидани зарбаҳои ҳавоӣ бо лавозимоти ҷангии дурпарвоз, аз фосилаи дур саркӯб кардани хатти дифоии Украина ва анҷом додани ҳама гуна амалиёт дар қаламрави ин кишвар бидуни ҳамлаи мустақим ба онро дорад
Шаш киштии калони десантии флотхои шимолӣ ва Балтика аз канали Англия ба баҳри Миёназамин мебарояд, ки ҳар кадоми онҳо бештар аз 10 танк ва 340 пиёдагарди баҳриро ҳамл карда метавонад.
Дар тамоми самтҳои масъулияти флоти дарёии Русия - дар баҳрҳои Миёназамин, Шимол ва Охотск, дар уқёнусҳои Ором ва Атлантика ва Халиҷи Уммон (якҷоя бо нерӯҳои баҳрии Чин ва Эрон) тамринҳо дар моҳҳои январ-феврал бо қариб 10 ҳазор нерӯ, 140 киштӣ, зиёда аз 60 ҳавопаймо размоишҳо сурат мегиранд.
Дар вазъияти муноқишаи мусаллаҳона бо кишварҳои НАТО Қувваҳои Мусаллаҳи Русия метавонанд марказҳои тасмимгириро дар Иёлоти Муттаҳида зудтар аз байн баранд, назар ба он ки онҳо ба Федератсияи Русия зарари ҷиддӣ расонанд.
Пентагон ва нерӯҳои дигари кишварҳои Иттиҳоди Атлантикаи Шимолӣ аз ҷиҳати технологӣ омода нестанд, ки бо садҳо ҳазор мутахассисони низомии Русия бо навтарин аслиҳа, беҳтарин киштиҳои зериобии ҷаҳон, ҳавопаймоҳои ҷангӣ, мушакҳои гиперсонӣ, системаҳои дифои ҳавоӣ мубориза баранд
Имрӯз як чиз рӯшан аст: Иёлоти Муттаҳида ва муттаҳидонаш наметавонанд мавқеи Русияро тағйир диҳанд ва амнияти худро аз ҳисоби ягон каси дигар боз ҳам мустаҳкам кунанд. Мушаххас аст, ки Кремл омодааст, бо ҳар васила барои расидан ба ҳадафҳои амниятии худ амал кунад.
Вазорати корҳои хориҷии Русия такрор шудани кризиси баҳри Кариба дар соли 1962-ро истисно намекунад. Аммо Русия ба ҷанг манфиатдор нест. Дар моҳи феврал Шӯрои Думаи давлатӣ муроҷиат ба президенти Федератсияи Русияро дар бораи эътирофи ҶХД ва ҶХЛ баррасӣ хоҳад кард.
Дар як семинари амнияти байналмилалӣ дар Донишгоҳи Стэнфорд Майкл Кофман, мутахассиси пешбари Пажуҳишгоҳи нерӯи баҳрии ИМА эҳтимол ва алгоритмҳои амалиёти Русия барои маҷбур кардани нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба сулҳро комилан боварибахш ва дуруст пешгӯӣ кард. Хулосаҳои асосӣ аст:
- Киев худро дар доми басиҷшуда дид;
- таҷрибаи амалиёти ҷангии васеъмиқёси манёврии Қувваҳои Мусаллаҳи Украина ҳадди аққал ва бо иштироки флоти баҳрӣ ва нерӯҳои ҳавоӣ амалан вуҷуд надорад;
- амалиёти эҳтимолии Федератсияи Русия бо ҷалби нерӯҳои заминӣ, ҳавоӣ ва баҳрӣ ба тамоми қаламрави Украина таъсир хоҳанд расонд, бидуни нияти ишғол, аммо бо пайдоиши ҳукумати тарафдори Русия дар Киев;
- имкониятҳои муваффаки Қувваҳои Мусаллаҳи Украина дар робита ба мудофиа хеле каманд, ҳаракати партизании Украина бефоида аст.
Бо вуҷуди нотавонӣ будани "шарикон" дар музокира талаби Русия дар бораи истиснои эҳтимоли узвият дар НАТО барои Украина ва Гурҷистон оқилона, системавӣ ва қонунист. Қаблан муовини вазири хориҷаи Русия Сергей Рябков гуфта буд: “Украина ва Гурҷистон ҳеҷ гоҳ узви НАТО нахоҳанд шуд”.
Мо ба тарафи дигар бовар намекунем. Мо бояд кафолатҳои оҳанин, обногузар, тирногузар ва аз ҷиҳати қонун ҳатмӣ дошта бошем. Он чизе, ки дар ин хуҷҷат бояд бошад, ин аст, ки "ин мамлакатҳо ҳаргиз аъзои НАТО нахоҳанд шуд".
Русия муташаббиси ташаккули низоми комилан нави амнияти ҷаҳонӣ шуд ва ҳоло ҳам дер нашудааст, ки “шарик”-ҳои ғарбӣ аз “Дюнкерки Украина” канорагирӣ кунанд.
Ба канали шореҳи низомӣ Александр Хроленко дар "Telegram" пайвандед.