https://sputnik.tj/20220121/rasona-britoniyo-neruho-makhsus-ukraina-1045012235.html
Расонаҳо: Бритониё ба Украина нерӯи махсус фиристод
Расонаҳо: Бритониё ба Украина нерӯи махсус фиристод
Sputnik Тоҷикистон
Бритониёи Кабир даҳҳо низомии нерӯҳои амалиёти махсусро ба Украина фиристодааст
2022-01-21T12:25+0500
2022-01-21T12:25+0500
2023-10-02T17:09+0500
дар ҷаҳон
амният ва мудофиа
интиқол
нерӯ
бритониё
низомиён
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/09/1040109707_0:42:3028:1745_1920x0_80_0_0_fa80fc10fd319a1a223548299f330882.jpg
ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Ҳудуди 30 сарбози нерӯҳои амалиёти махсуси нерӯҳои низомии Бритониё ба Украина фиристода шуданд, хабар додаст РИА "Новости" бо истинод ба "Sky News". "Гурӯҳи 30-нафарии низомиёни махсус ба Украина рафтанд, то қувваҳои мусаллаҳи ин кишварро бо шеваи истифодаи воситаҳои зиддитанкӣ шинос намоянд", - хабар дод манбаъ.Дар мавриди нерӯҳои амалиёти махсуси Бритониё дар сомонаи Вазорати дифои ин кишвар оварда шудааст, ки ба он 4 баталиони рейнҷерҳо шомил буда, дар ҳамкорӣ бо шарикону муттаҳидон алайҳи таҳдидҳо мубориза мебаранд. Ин дар ҳолест, ки қаблан низ Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия гуфта буд, дар Украина садҳо низомии ИМА ва Бритониёи Кабир қарор дораду таъминоти силоҳи ғарбӣ ин кишварро ба ҳалли даргирии Донбасс бо зӯр тела медиҳад. "Низомиёни хориҷӣ дар он ҷо ҳузур доранд ва зиёданд. Ҳазор нафар нестанд, ҳамон тавре баъзеҳо иштибоҳан мегӯянд, аммо чандсад нафар амрикоӣ, бритониёӣ ва ғайра он ҷо қарор доранд", - гуфт Лавров зимни нишасти матбуотӣ.Вазир афзуд, дарк мекунанд, бо таъмини мақомдорони Украина бо аслиҳаи ғарбӣ онҳоро ба сӯйи истифода аз зӯрӣ тела медиҳанд, ки ин шева барои Русия комилан қобили қабул нест.Пештар намояндаи расмии Вазорати умури хориҷии Русия Мария Захаров гуфта буд, низомиёни хориҷӣ дар Донбасс ба фитнаангезӣ машғуланд. Ӯ афзуд, Киев талош дорад, ҳузури нерӯҳои хориҷиро қонунӣ намояд, то созишномаи Минск сарфи назар шавад.
https://sputnik.tj/20220121/lavrov-blinken-muzokirot-ima-intizori-1045009910.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/09/1040109707_249:0:2980:2048_1920x0_80_0_0_f37e5dd987da8cd151c4bdb5e802448a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
бритониё, нерӯ, махсус, украина, амалиёт, низомиён
бритониё, нерӯ, махсус, украина, амалиёт, низомиён
Расонаҳо: Бритониё ба Украина нерӯи махсус фиристод
12:25 21.01.2022 (Навсозишуда: 17:09 02.10.2023) Бритониёи Кабир даҳҳо низомии нерӯҳои амалиёти махсусро ба Украина фиристодааст
ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Ҳудуди 30 сарбози нерӯҳои амалиёти махсуси нерӯҳои низомии Бритониё ба Украина фиристода шуданд, хабар додаст РИА "Новости" бо истинод ба "Sky News".
"Гурӯҳи 30-нафарии низомиёни махсус ба Украина рафтанд, то қувваҳои мусаллаҳи ин кишварро бо шеваи истифодаи воситаҳои зиддитанкӣ шинос намоянд", - хабар дод манбаъ.
Дар мавриди нерӯҳои амалиёти махсуси Бритониё дар сомонаи Вазорати дифои ин кишвар оварда шудааст, ки ба он 4 баталиони рейнҷерҳо шомил буда, дар ҳамкорӣ бо шарикону муттаҳидон алайҳи таҳдидҳо мубориза мебаранд.
Ин дар ҳолест, ки қаблан низ Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия гуфта буд, дар Украина садҳо низомии ИМА ва Бритониёи Кабир қарор дораду таъминоти силоҳи ғарбӣ ин кишварро ба ҳалли даргирии Донбасс бо зӯр тела медиҳад.
"Низомиёни хориҷӣ дар он ҷо ҳузур доранд ва зиёданд. Ҳазор нафар нестанд, ҳамон тавре баъзеҳо иштибоҳан мегӯянд, аммо чандсад нафар амрикоӣ, бритониёӣ ва ғайра он ҷо қарор доранд", - гуфт Лавров зимни нишасти матбуотӣ.
Вазир афзуд, дарк мекунанд, бо таъмини мақомдорони Украина бо аслиҳаи ғарбӣ онҳоро ба сӯйи истифода аз зӯрӣ тела медиҳанд, ки ин шева барои Русия комилан қобили қабул нест.
Пештар намояндаи расмии Вазорати умури хориҷии Русия Мария Захаров гуфта буд, низомиёни хориҷӣ дар Донбасс ба фитнаангезӣ машғуланд. Ӯ афзуд, Киев талош дорад, ҳузури нерӯҳои хориҷиро қонунӣ намояд, то созишномаи Минск сарфи назар шавад.