"То дузах ях набандад": дабири пешини НАТО дар бораи вақти пайвастани Украина ба эътилоф

© Sputnik / Стрингер / Гузариш ба медиабонкФлаг НАТО
Флаг НАТО - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.01.2022
Обуна шудан
Собиқ дабири НАТО гуфт, Украина дар ояндаи наздик наметавонад узви ин эътилоф шавад
ДУШАНБЕ, 23 янв – Sputnik. Яп де Хоп Схеффер, собиқ дабири кулли НАТО муътақид аст, ки дар ояндаи наздик Украина наметавонад узви эътилоф шавад.
Дабири кулли пешин дар суҳбат бо "Financial Times" гуфтаст, таъхиркорӣ дар пайвастани Украина ба НАТО то замоне давом хоҳад кард, ки "дузах ях набандад".
Қаблан Маскав мухолифаташро ба қарори сарони давлатҳои НАТО дар Бухарест дар бораи омодагӣ ба қабули Украина ва Гурҷистон ба ин эътилофро баён дошт. Русия муътақид аст, ки ин қарор мухолифи уҳдадориҳои ҳамаи сарони кишварҳои узви САҲА мебошад, ки тибқи он, набояд амнияти худро аз ҳисоби дигарон пурзӯр намоянд.
Ин дар ҳолест, ки дар аҳди Де Хоп Схеффер дар соли 2008-ум эътилоф эълон кард, ки Украина метавонад узви НАТО шавад, аммо феълан ӯ изҳор медорад, ки он ваъда ба Киев "муросокории баде" буд.
Визит главы МИД РФ С. Лаврова в Индию - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.01.2022
Лавров гуфт, Русия ба Украина ҳамла карданӣ нест
Ин дар ҳолест, ки ахиран Украина аз мавзуъҳои меҳварии мулоқоти онлайнии Владимир Путин, раисҷумҳури Русия бо ҳамтои амрикоияш Ҷо Байден буд.
Ба иттилои Кремл, раисҷумҳури Русия ҳавасмандияшро барои гирифтани кафолатҳои қатъӣ ва аз нигоҳи ҳуқуқӣ сабтшуда баён кардааст, ки НАТО ба қисмати шарқӣ паҳн нашаваду дар кишварҳои ҳаммарз бо Русия низомиҳои зарбазанро ҷой надиҳад, то шароити рушди кишвар фароҳам бошад.
Маврид ба зикр аст, ки Радаи Олии Украина моҳи декабри соли 2014 аз мақоми давлати бетааҳҳуд ба паймонҳо даст кашида буд. Моҳи феврали 2019 парлумони Украина тағйирот ба Конститутсияро қабул намуд, ки майли ин кишвар ба Иттиҳоди Аврупо ва НАТО-ро муқаррар кард. Украина шашумин давлате мебошад, ки мақоми шарики НАТО бо имкониятҳои фарохро ба даст оварда.
Лентаи хабарҳо
0