Се генерали нав, заҳролудшавии як оила ва бозгашти коронавирус –ҳафтаи рафта

Баргашти коронавирус ба Тоҷикистон, заҳролудшавии як хонавода дар Хатлон, коҳиши арзиши рубл – шарҳи ин ва дигар хабарҳои ҳафтаи рафта дар гузориши Sputnik Тоҷикистон
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Тайи ҳафтаи рафта, 7-14 ноябр дар Тоҷикистон Рӯзи милисаро ҷашн гирифтанд. Дар ин зимн сафи генералҳо зиёд шуду вазири умури дохилии Тоҷикистон мукофоти Аълочии фарҳанги Тоҷикистон гирифт.
Мутаассифона, омори коронавирус баъди чанд ҳафтаи ба сифр баробар будан ба Тоҷикистон баргашт.
Арзиши асъори хориҷӣ бошад, “бозӣ” мекард. Бонки миллӣ рӯзе аз гарон шудани рублу рӯзе аз уфти евро хабар медод.
Sputnik Тоҷикистон хабару рӯйдодҳои муҳими ҳафтаи гузаштаро мурур мекунад.

“Рақс”-и асъори хориҷӣ нисбати сомонӣ ва иҷрои барзиёди буҷа

Аввали ҳафта арзиши пули аврупоӣ дар Тоҷикистон ба поинтарин сатҳи нишондиҳандаҳояш дар соли ҷорӣ расид.
Коршинос: буҳрони навбатӣ ба асъори кишварҳои пасошӯравӣ таъсири ҷиддӣ мегузорад
Тибқи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, 9 ноябр арзиши 1000 рубл 157 сомонӣ буд.
Дар ҳамин ҳол қурби асъори аврупоӣ боз коҳиш ёфт. Дар бозори арзи кишвар як евро ба 13.0161 сомонӣ баробар шуд. Қурби асъори амрикоӣ бошад, тибқи иттилои БМТ, каме боло рафт. 1 доллар аввали ҳафта дар бозори арзи кишвар ба 11.2844 сомонӣ расид.
Охири ҳафта 1000 рубл баробар 158 сомонию 60 дирам буд.
Арзиши асъори аврупоӣ низ каме коҳиш ёфта, дар бозори арзи кишвар як евро ба 12.9345 сомонӣ баробар шуд.
Дар ҳамин ҳол, арзиши пули амрикоӣ низ, тибқи иттилои БМТ, каме боло рафт. Қурби 1 доллар дар охири ҳафта 11.2975 сомонӣ шуд.
Дар охири ҳафта дар бораи барзиёд иҷро шудани буҷа хабар доданд.
Ба буҷаи давлатӣ дар нуҳ моҳи соли равон 20,7 миллиард сомонӣ ворид гардидааст, ки аз нақша наздики 5 дарсад зиёд мебошад.
Даромади буҷаи давлатӣ дар нуҳмоҳа 30,8 дарсади ММД ё худ 20,7 миллиард сомониро ташкил дод, ки аз нақша 4,8 дарсад зиёд будааст.
Баженов: дурнамои рубли русӣ дар бозори ИДМ равшан аст
Воридоти маблағҳо нисбат ба нақшаи пешбинишуда 950,8 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Иҷрои барзиёди нақша дар ҳаҷми 552,1 миллион сомонӣ аз ҳисоби пардохтҳои андозию гумрукӣ, 120,9 миллион сомонӣ аз ҳисоби пардохтҳои ҳатмӣ, ҷаримаҳои судӣ, зарари молиявии барқароршуда ва дигар маблағҳо, 277,8 миллион сомонӣ аз ҳисоби азхудкунии маблағҳо дар доираи татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ таъмин гардидааст.

Аз вориди вояи нави ваксина, то бозгашти коронавирус

Тоҷикистон ба ворид кардани ваксина ва ваксинзании аҳолӣ идома медиҳад.
Нуҳуми ноябр хабар дода шуд, ки 500 ҳазор ваксинаи "КоронаВак" аз Чин ба Тоҷикистон ворид карда шуд.
Ваксинаи мазкур истеҳсоли ширкати "Sinovac Research & Development Co. Ltd"-и Чин аст.
Ҷумҳурӣ дар умум 5 миллиону 187 ҳазор воя барои мубориза бо коронавирус дарёфт кардааст.
Дар ҳамин ҳол аввали ҳафта Вазорати тандурустӣ хабар дод, ки дар Тоҷикистон 99,6 дарсади кӯдакон пас аз се марҳила зидди фалаҷи атфол эм карда шуданд.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
"Спутник V" - муассиртарин ваксин алайҳи штамми "делта" мебошад
Дар маҷмуъ се даври эмкунии иловагии кӯдакони то 6-сола гузаронида шудааст.
Давраи якум 1,2 миллион нафар ё худ 99,2 фоизро фаро гирифт. Дар ин давра 16,3 ҳазор кӯдаки меҳмон низ эм карда шуд.
Аллакай дар давраи дуюм боз 1,3 миллион кӯдак ё 99,1 фоиз ва 16,9 ҳазор нафар кӯдаки меҳмон низ эм шуданд.
Аз 30 август то 12 сентябри соли 2021 даври сеюми рӯзҳои иловагии эмкунӣ дар шаҳрҳои Душанбе, вилояти Хатлон, шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ баргузор ва зиёда аз 796 ҳазор кӯдак ё 99,6 фоиз, инчунин зиёда аз 5,3 ҳазор нафар меҳмонон эм карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки ТУТ дар поёни моҳи март вуҷуди бемории фалаҷи атфол дар Тоҷикистонро эълом карда буд.
Аввалин ҳолати полиомиелит дар вилояти Хатлон ба қайд гирифта шуда, сипас ин беморӣ дар деҳоти минтақаи Ҳисор пайдо шуд.
9 ноябр аз заҳролудшавии як хонавода аз консерва дар ноҳияи Муъминободи вилояти хабар дода шуд.
Дар пайи ин ҳодиса нуҳ нафарро бо нишонаҳои заҳролудшавии шадид фавран ба беморхонаи бемориҳои сироятии Кӯлоб интиқол доданд.
Аз ҳама фарди хурди заҳролудшуда 6 ва калонашон 64-сола буда, ҳамагӣ аъзои як хонаводаанд.
Заҳролудшавии аъзои як оила, аз ҷумла ду кӯдак дар Самарқанд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда шарҳ дод, ки вазъи онҳо қаноатбахш арзёбӣ шуда, ҳаёташонро хатари ҷиддие таҳдид намекунад.
10 ноябр Вазорати танадурустии Тоҷикистон аз гирифтор шудани 2 тан ба коронавирус хабар дод.
Дар ҷумҳурӣ пас аз танаффуси қариб якмоҳа боз ду мавриди бемории шаҳрвандон ба коронавирвус сабт гардид.
11 ноябр вазорат хабар дод, ки боз ду нафари дигар гирифтори коронавирус шуд. То охири ҳафта ин омори расмӣ дигар тағйир наёфт.
Ба ҳамин минвол аз замони пайдоиши ин маризӣ дар Тоҷикистон, ба иттилои расмӣ, 17 090 нафар гирифтори он гардидааст, ки аз ин миён 16 962 нафар шифо ёфта.
Ҳамчунин табибон ҷони 124 бемори COVID-19-ро наҷот дода натавонистанд.

Иди милисаҳову мукофоти Рамазон Раҳимзода

Рӯзи кормандони милиса дар Тоҷикистон 10 ноябр таҷлил мешавад.
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар чорабинии идона дар ин рӯз иттилоъ дод, ки танҳо дар даҳ соли охир ҳаҷми маблағгузории мақомоти милитсия аз ҳисоби буҷаи давлат беш аз 150 фоиз афзуда, музди меҳнати кормандон ба ҳисоби миёна се баробар зиёд шуд.
Ёдоварии Раҳмон аз қурбонӣ шудани садҳо корманди милиса: Ӯ аз гузаштаю оянда гуфт
Дар ин муддат беш аз 750 нафар корманд ва оилаҳои бесаробони кормандони милиса бо манзил таъмин шуданд.
Инчунин зиёда аз 3000 нафар бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ таъмин гардид. Дар иди имсолаи милиса 40 нафар аз кормандони ВУД дар Душанбе соҳиби манзили истиқоматӣ шуда, сохтмони боз як бинои истиқоматии бисёрошёна барои онҳо идома дорад.
Дар баробари ин зикр гардид, ки бо фармони раисҷумҳур дар даврони истиқлол 100 нафар бо рутбаҳои олии афсарӣ ва 670 нафар бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз шудаанд.
Ҳамин тавр имсол низ Эмомалӣ Раҳмонбо имзои як фармон ба се мақомдори Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ рутбаи генералӣ дод.
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон бошад, ба вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро мукофоти соҳавии Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим кард.

КДАМ аз қирғизи боздоштшуда гуфту шаҳрдории Душанбе тахриби хонаи Айниро шарҳ дод

11 ноябр Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар дод, шаҳрванди 24-солаи Қирғизистон, ки аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон боздошт шуда буд, ҳамоно дар Тоҷикистон қарор дорад ва масъалаи бозпас додани ӯ норӯшан аст.
Ҳукумати Душанбе хабари тахриби хона-музейи Айнӣ, қаҳрамони Тоҷикистонро шарҳ дод
Ба иттилои манбаъ, ин ҷавон дар убури ғайриқонунии марз гумонбар дониста мешавад.
Гуфта мешавад, ӯ 21 октябр дар деҳаи Пахтакор, ки падараш дар он ҷо зиндагӣ мекунад, боздошт шудааст.
Манбаъ меафзояд, намояндагони марзбонии ду кишвар аллакай ду бор дар мавриди раҳо кардани шаҳрванди боздоштшудаи Қирғизистон гуфтугӯ карданд, вале ба мувофиқа нарасидаанд.
Ёдовар мешавем, ки Додгоҳи вилояти Бодканд ду шаҳрванди Тоҷикистонро ба ҳукми абад маҳкум кард. Аскар Юнусов ва Абдурозиқ Қаҳҳоров, шаҳрвандони Тоҷикистон дар робита ба муноқишаи ахири марзӣ ба ҳабси абад маҳкум шуданд.
Аввали моҳи равон расонаҳо як хабари тахриби музейи Айниро нашр карданд, ки боиси нигаронии рӯшанфикрони ҷомеаи Тоҷикистон шуд. Бинобар иттилои манобеъ, мақомот нияти тахриб кардани хонаи асосгузори адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айниро дошта, дар ҷойи он бинои замонавӣ сохтанианд. Дар ин бора шаҳрдорӣ ба Академияи миллии илмҳо муроҷиат кардааст.
12 ноябр Ҳукумати Душанбе бо нашри як иттилоия тасдиқ намуд, ки нияти интиқоли хона-музейи сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ ба ҷойи дигари мувофиқро дорад, аммо таъкид намудааст, ки ин масъала ҳанӯз ниҳоӣ нашудааст ва он дар марҳилаи омӯзиш қарор дорад.
Ҷӯрабек Муродов аз хонаи Садриддин Айнӣ мардуми тоҷикро бо Рӯзи истиқлол табрик гуфт
Инчунин шаҳрдорӣ илова намудааст, ки дар ҷойи осорхона бунёди ягон намуди бинову иншоот пешбинӣ нагардида, хабарҳо дар бораи онро, ки дар макони хона-музей меҳмонхона сохта мешавад, такзиб кардаст.
Садриддин Айнӣ адиби барҷаста, олим, аввалин президенти Академияи илмҳои кишвар ва Қаҳрамони миллии Тоҷикистон мебошад, ки хона-музейаш соли 1978, дар садсолагии зодрӯзи адиб ташкил карда шуда, феълан дар ихтиёри Академияи улум қарор дорад.

Шоира дар Туркия ҷоиза гирифту хонандагон 10 медали тило

Аввали ҳафта ду хабари хушбинкунанда низ буд: чанд донишомӯзи тоҷик дар олимпиадае дар Туркия медали тило гирифтанду шоири тоҷик ҷоиза.
Дар олимпиадаи байналмилалӣ, ки дар Анталияи Туркия баргузор гардид, 59 хонанда аз Тоҷикистон иштирок карда, онҳо ба гирифтани 39 медал даст ёфтанд.
10 нафар медали тило, 12 нафар медали нуқра ва 17 тани дигар ба гирифтани медали биринҷӣ муваффақ шуданд.
Хонандагони тоҷик дар Туркия 10 медали тило гирифтанд
Дар ҳамин ҳол 12 ноябр хабар дода шуд, ки шоир ва рӯзноманигори муваффақи тоҷик Шоира Раҳимҷон ба гирифтани ҷоизаи бонуфуз муваффақ шуд.
Ин шоири шинохта ҳамакнун барандаи ҷоизаи "Занон ба хотири сулҳ" гардид.
Бояд гуфт, дар ин озмун намояндагони 130 кишвари дунё иштирок карданд ва Шоира Раҳимҷон аз миёни онҳо ба гирифтани ҷоизаи "Занон ба хотири сулҳ" муваффақ шуд.

Афғонистон дар панҷаи толибон

Толибҳо ҳафтаро дар Афғонистон бо тағйироти кадрӣ сар карданд.
Ҳибатуллоҳ Охундзода, роҳбари толибон, ки ҳукумат дар Афғонистонро моҳи августи соли равон ғасб кард, тағйироти кадрӣ анҷом дод.
Ӯ волиҳои 17 музофоти Афғонистонро таъйин кард. Ҳамин тавр волиҳои Бадахшон, Пактиё, Кобул, Кундуз, Бағлон, Лугар, Пактико, Бомиён, Урузгон, Фароҳ, Сарипул, Ҷузҷон, Форёб, Майдон Вардак, Зобул, Нимрӯз ва Ғазнӣ таъйин гардиданд.
Таъкиди олимони ҷаҳон бар эҷоди ҳукумати фарогир дар Афғонистон
Гуфта мешавад, Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ба Афғонистон кумаки башардӯстонае иборат аз доруворӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ барои табобати 5 000 кӯдак фиристодааст.
Кумаки башардӯстона барои табобати 5 000 кӯдаки гирифтори бемориҳое чун дарунравӣ, илтиҳоби шуш, роҳҳои нафас ва дигар маризиҳо равона карда мешавад.
9 ноябр расонаҳо хабар доданд, ки ҷангиёни толиб аз нақби Соланг акси Аҳмадшоҳи Масъудро бо нишони ин гурӯҳ иваз карданд.
Дар нақби мазкур, ки чанде боз корҳои таъмиру тармим ҷараён дорад, ҳоло аз қисмати рост навиштаҷоти "Нест Худое ба ҷуз Аллоҳ ва Муҳаммад расули ӯ" ҷо дода шудааст. Дар қисмати чапи нақб бояд навиштаҷоти "Аморати Исломии Афғонистон" насб шавад.
10 ноябр хабар дода шуд, халабонҳои Афғонистон, ки ба Тоҷикистон фирор карда буданд, баъди қариби се моҳ ба кишвари сеюм бурда шуданд.
Ҳавопаймои ширкати ҳавопаймоии Ӯзбекистон - "Uzbekistan Airways" халабонҳои фирорӣ ва бархе паноҳандаҳои афғонистонии дигарро аз фурудгоҳи шаҳри Душанбе ба Имороти Муттаҳидаи Арабӣ бурдааст.
Ин ҳавопаймо, ки ҳомили ҳудуди 200 сарнишин будааст, дар пойгоҳи ҳарбии ИМА дар Абудабӣ фуруд омадааст. Интизор меравад, халабонони афғонистонӣ дар ин кишвар чанд муддати дигар интиқолашонро ба ИМА интизор шаванд.
Сироҷиддин Муҳриддин хостори кумак ба мардуми Афғонистон шуд
12 оябр хабар дода шуд, ки толибон як ҷавони 19-соларо барои гӯш кардани мусиқӣ ба қатл расондаанд
Бино бар иттилои расонаҳои маҳаллӣ, ҷавони кушташуда Воҳидуллоҳ ном дошт ва нав мактабро хатм карда буд.
Ба гуфтаи манобеъ, толибон нахуст телефони мобилии ӯро хостаанд ва пай бурдаанд, ки ӯ мусиқӣ гӯш мекунад, ӯро латукӯб кардаанду сипас куштаанд.
12 ноябр ҳамчунин аз таркиши мудҳиш дар як масҷиди Нангаҳор хабар дода шуд.
Инфиҷор зимни намози ҷумъа рух додааст. Расонаҳо дастикам аз 15 қурбонии ҳодиса хабар доданд.
Дар ҳамин ҳол Вазорати дохилаи толибон эълом кардааст, ки Комиссиюни тасфияи суфуфи онон беш аз 400 нерӯи толибро аз вазоифашон барканор ва шуморе аз онҳоро зиндонӣ кардааст.
Ин афрод бо иттиҳоми сӯистифода аз номи толибон ва озори мардум аз мақом барканор шудаанд.