https://sputnik.tj/20211109/zahroludshavi-oila-jumla-kudak-samarqand-1043355236.html
Заҳролудшавии аъзои як оила, аз ҷумла ду кӯдак дар Самарқанд
Заҳролудшавии аъзои як оила, аз ҷумла ду кӯдак дар Самарқанд
Sputnik Тоҷикистон
Як оилаи чорнафарӣ, аз ҷумла ду кӯдак дар наздикии шаҳри Самарқанд бар асари заҳролудшавӣ аз дуд фавтидаанд
2021-11-09T18:05+0500
2021-11-09T18:05+0500
2021-11-09T18:05+0500
ӯзбекистон
осиёи марказӣ
фоҷиа
дуди газӣ
ангишт
ҳалокат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102934/41/1029344132_0:279:3077:2010_1920x0_80_0_0_c7270b08f687a2fb00525fb19d516661.jpg
ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Чор нафар, ба шумули ду кӯдак аз як оила дар вақти хоб аз дуд заҳролуд шудаанд, хабар дод дафтари матбуоти Додситонии кулли Ӯзбекистон. Ба иттилои манбаъ, фоҷиа дар яке аз хонаҳои шахсии ноҳияи Нарпайи вилояти Самарқанд рух додааст. Тими ёрии таъҷилии тиббӣ ҷасади аъзои як оила, аз ҷумла ду кӯдакро пайдо намудаст. Таъкид шудааст, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ барои нақзи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор, ки бо марги инсон анҷомидааст, боз шудааст. Тафтишоти пешакӣ муайян намудааст, ки заҳролудшавӣ аз он сабаб рух додааст, ки лӯлаи дудбарои оташдони худсохт бо лонаи парандагон пӯшонда шудааст. Маврид ба зикр аст, ки дар кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳолатҳои заҳрлудшавӣ аз дуди ангишт қаблан низ ба қайд гирифта шуданд. Аз ҷумла аввали моҳи ноябр дар вилояти Самарқанд модар бо ду кӯдакаш аз дуди таппак заҳролуд шуда, ҷон доданд. Дар Тоҷикистон низ қаблан заҳролудшавӣ аз дуд ба қайд гирифта шуда буд. Ба далели маҳдудияти барқ дар навоҳии кишвар бисёри хонаҳо бо ангишту ҳезум гарм карда мешаванд, ки баъзан бо нохушӣ меанҷомад.
https://sputnik.tj/20211109/khatlon-bodiringi-zahrolud-1043338199.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102934/41/1029344132_151:0:2880:2047_1920x0_80_0_0_424499bb026bc7962020a1ff7daa61a0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
оила, заҳролудшавӣ, кӯдак, дуд, самарқанд, ӯзбекистон
оила, заҳролудшавӣ, кӯдак, дуд, самарқанд, ӯзбекистон
Заҳролудшавии аъзои як оила, аз ҷумла ду кӯдак дар Самарқанд
Аъзои як оила, аз ҷумла ду кӯдак дар наздикии шаҳри Самарқанд бар асари заҳролудшавӣ аз дуд ҷон додаанд
ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Чор нафар, ба шумули ду кӯдак аз як оила дар вақти хоб аз дуд заҳролуд шудаанд, хабар дод дафтари матбуоти Додситонии кулли Ӯзбекистон.
Ба иттилои манбаъ, фоҷиа дар яке аз хонаҳои шахсии ноҳияи Нарпайи вилояти Самарқанд рух додааст.
Тими ёрии таъҷилии тиббӣ ҷасади аъзои як оила, аз ҷумла ду кӯдакро пайдо намудаст.
"Бар асоси маълумоти пешакӣ, сабаби марг заҳролудшавӣ аз дуд ҳангоми хоб мебошад", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудааст, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ барои нақзи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор, ки бо марги инсон анҷомидааст, боз шудааст.
Тафтишоти пешакӣ муайян намудааст, ки заҳролудшавӣ аз он сабаб рух додааст, ки лӯлаи дудбарои оташдони худсохт бо лонаи парандагон пӯшонда шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки дар кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳолатҳои заҳрлудшавӣ аз дуди ангишт қаблан низ ба қайд гирифта шуданд.
Аз ҷумла аввали моҳи ноябр дар вилояти Самарқанд модар бо ду кӯдакаш аз дуди таппак заҳролуд шуда, ҷон доданд.
Дар Тоҷикистон низ қаблан заҳролудшавӣ аз дуд ба қайд гирифта шуда буд. Ба далели маҳдудияти барқ дар навоҳии кишвар бисёри хонаҳо бо ангишту ҳезум гарм карда мешаванд, ки баъзан бо нохушӣ меанҷомад.