https://sputnik.tj/20210811/sputnik-v-vaksin-shtamm-delta-1041597063.html
"Спутник V" - муассиртарин ваксин алайҳи штамми "делта" мебошад
"Спутник V" - муассиртарин ваксин алайҳи штамми "делта" мебошад
Sputnik Тоҷикистон
Штамми "делта", ки бори аввал дар Ҳиндустон кашф шуд, ҳамакнун дар қисмати зиёди давлатҳои дунё доман задааст. Аммо алайҳи ин вирус ваксини сохти Русия... 11.08.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-08-11T16:44+0500
2021-08-11T16:44+0500
2021-08-11T16:44+0500
коронавирус дар русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
тандурустӣ
дар русия
ваксина
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/01/1040574670_0:84:1601:984_1920x0_80_0_0_55710c79704f2cf255f24159f792c5a2.jpg
ДУШАНБЕ, 11 авг - Sputnik. Вазири тандурустии Русия Михаил Мурашко гуфт, ки ваксинаи "Спутник V" дар пешгирӣ ва мубориза бо "делта" - и штамми COVID-19 муассир аст. Вай қайд кард, ки ваксина зиёда аз 95 фоизро аз ҳолатҳои вазнини коронавирус муҳофизат мекунад. Он самаранок боқӣ мемонад ва корашро идома медиҳад, таъкид намуд вазир.Штамми "делта" - и коронавируси SARS-CoV-2 яке аз мутатсияҳоест, ки бори аввал дар Ҳиндустон кашф карда шудааст. Духтурон тахмин мезананд, ки хусусияти он дар сироятёбии зуд ва ҳамзамон хатари бистари беморхона кардани маризон зиёд аст. Ин штамм қариб дар 100 кишвар, аз ҷумла Қирғизистон доман задааст. Баъзе олимон пешгӯӣ мекунанд, ки штамми Ҳиндустон ба штампи бартаридошта дар ҷаҳон мубаддал хоҳад шуд.
https://sputnik.tj/20210811/masuniyat-ommavi-covid-imkonnopazir-1041589156.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/01/1040574670_88:0:1511:1067_1920x0_80_0_0_43b149653112bdc630e8ceba0126f4a3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тандурустӣ, дар русия, ваксина, коронавирус
тандурустӣ, дар русия, ваксина, коронавирус
"Спутник V" - муассиртарин ваксин алайҳи штамми "делта" мебошад
Штамми "делта", ки бори аввал дар Ҳиндустон кашф шуд, ҳамакнун дар қисмати зиёди давлатҳои дунё доман задааст. Аммо алайҳи ин вирус ваксини сохти Русия сареъияти худро нишон додааст
ДУШАНБЕ, 11 авг - Sputnik. Вазири тандурустии Русия Михаил Мурашко гуфт, ки ваксинаи "Спутник V" дар пешгирӣ ва мубориза бо "делта" - и штамми COVID-19 муассир аст.
"Имрӯз "Спутник V" натиҷаҳои муассиртаринро дар пешгирӣ, мубориза бо шиддати "делта" нишон медиҳад. Натиҷаҳои охирин нишон медиҳанд, ки самаранокии дору тақрибан 83 фоизро ташкил медиҳад", - таъкид намудааст Мурашко ба РИА Новости.
Вай қайд кард, ки ваксина зиёда аз 95 фоизро аз ҳолатҳои вазнини коронавирус муҳофизат мекунад. Он самаранок боқӣ мемонад ва корашро идома медиҳад, таъкид намуд вазир.
Штамми "делта" - и коронавируси SARS-CoV-2 яке аз мутатсияҳоест, ки бори аввал дар Ҳиндустон кашф карда шудааст.
Духтурон тахмин мезананд, ки хусусияти он дар сироятёбии зуд ва ҳамзамон хатари бистари беморхона кардани маризон зиёд аст. Ин штамм қариб дар 100 кишвар, аз ҷумла Қирғизистон доман задааст. Баъзе олимон пешгӯӣ мекунанд, ки штамми Ҳиндустон ба штампи бартаридошта дар ҷаҳон мубаддал хоҳад шуд.