Таҳдиди “Толибон” ба Тоҷикистон: “Лашкари Мансурӣ”-ро чаро сохтанд?

Эҷоди “Лашкари Мансурӣ” ва таҳдидҳои раҳбарони “Толибон”* ба Тоҷикистон ду паҳлуи як сиккаанд, ки дар айни нокомиҳои дохиливу хориҷии ин гурӯҳ намоён мешаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. “Лашкари Мансурӣ” ё “кандак (баталён) - и истишҳодии “Иморати исломӣ” дар вилоятҳои “сегона” - и ҳамарз бо Тоҷикистон – Бадахшон, Кундуз ва Тахор мустақар шудааст.
Аввалин сарбозони он 22 сентябр дар Бадахшон режаи низомӣ рафтанд, дар ҳоле ки як чунин нерӯҳо қаблан ба хотири ҳифозати фурудгоҳи Кундуз мустақар шуда буданд. 25 сентябр Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи “Толибон” дар ҳисоби твитериаш аз истиқрори “даҳҳо ҳазор” нерӯи ин баталён дар вилояти Тахор “ба хотири таъмини амният ва ҷилавгирӣ аз хатарҳои билқувва ва ғайра” хабар дод.
Рӯзи 26 сентябр манобеи Sputnik Тоҷикистон аз Панҷшер иттилоъ доданд, ки ҳудуди 100 мошини ҷангии нерӯҳои хоси “Толибон” ба номи “Бадрӣ-333” вориди ин дара шуданд. Он ҳам бар иловаи ҳазорон нерӯе, ки дар дохил доштанд.
Мулло Бародар Тоҷикистонро ба дахолат ба кори Афғонистон муттаҳам кард
Ҳамгом бо ин таҳаррукоти низомӣ Муҳаммад Наим Вардак, сухангӯи дафтари сиёсии “Толибон” дар Қатар зимни як нишасти матбуотӣ эълон дошт, ки агар кишварҳои хориҷӣ халал нарасонанд, “Толибон” дар тӯли 24 соат Тоҷикистонро ишғол мекунанд. Ҳанӯз оби ин таҳдид хушк нашуда, муовинони сарвазири “Иморати Исломӣ” Мулло Абдулғанӣ Бародар ва Абдусалом Ҳанафӣ низ аз дахолати Тоҷикистон ба корҳои худ ва эҳтимоли аксуламал гуфтанд.
Аз ин ҳама таҳаррукот ва таҳдидҳои “Толибон”* иттилооте низ дар дастанд, ки ривоят аз тағйири вазъияти ҷангӣ дар Афғонистон мекунанд ва ҳадафи онҳо на дохилӣ, балки хориҷӣ аст.

Танзими қувваҳо

Аввалҳои моҳи август Бадахшон, Тахор ва Кундуз – вилоятҳои “сегона”-и и ҳамарз бо Тоҷикистон хеле сода ва бидуни муқовимати ҷиддӣ ба “Толибон” таслим шуданд. То ба ҳол ҳеҷ нерӯе дар ин вилоёт алайҳи “Толибон” қиём, ҳатто тазоҳуроти ҷиддие накардааст, ба истиснои тазоҳуроти занон дар Бадахшон, ки ба зудӣ саркӯб шуд.
Баръакс тамоми нерӯҳои “Толибон” бо раҳбарии Қорӣ Фасеҳуддин, сардори Ситоди кулли артиши “Иморати Исломӣ” аз ин вилоёт зуҳур кардаанд ва камари хидмат ба “Толибон”* бастаанд. Табъан суоли мантиқӣ ин аст, ки дар чунин вилоёти бехатар ҷойгир кардани “Лашкари Мансурӣ”, як баталёни худкушон чӣ зарурат дорад? Ҳатман ки барои саркӯби занони тазоҳургар нест.
Вазири Покистон мегӯяд, "Толибон"* ба Афғонистон суботи нисбӣ овард
Вилоятҳои “сегона”-и ҳамарз бо Тоҷикистон солҳо ба ин сӯ паноҳгоҳи аслӣ ва маҳалли амалиётҳои созмонҳои террористие, назири “Ал-қоида”*, Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ*, Ҳаракати исломии Ӯзбекистон*, "Ансоруллоҳ”* ва ғайра ҳастанд. Ҳарчанд “Толибон”* ҳар гуна ҳамкорӣ бо онҳоро рад мекунанд, аммо ахиран аз афрод ва маҳалҳои истиқрорашон дар Бадахшон гузоришҳои муфассале нашр карда буд.
Тибқи гузоришҳои мувассақ, ҷангиёни ин созмонҳо аз қароргоҳҳои худ дар дараи Хустак, вулусволиҳои Роғистону Вардуҷ ва Ҷурм ба ҷангҳои Панҷшер эъзом шуда, дар вулусволии Париён марказ гузида буданд, аммо ҳоло онҳо ба Бадахшон баргаштаанд ва далели вуруди нерӯҳои “Бадрӣ-333”-и “Толибон”* ба Панҷшер низ пур кардани халои эҷодшуда пас аз хуруҷи онҳо аст.
Ба назар мерасад, дар вилоятҳои ҳамарз “Толибон”* ба танзими қувваҳо машғуланд, то дар вазъияти ҷангӣ тағйире ба амал оранд. Як нишонаи он ҳам бузургнамоиҳо ва ривоятсозиҳост.

Ривояти “Ансоруллоҳ”

Дар гузашта бархе расонаҳо Маҳдӣ Арсалон, дар асл Муҳаммад Шарипов, сокини ноҳияи Нурободи Тоҷикистонро раҳбари созмони террористии "Ансоруллоҳ"* муаррифӣ намуда, гуфта буданд, ки гӯё “Толибон”* назорати марз бо Тоҷикистонро дар ихтиёри ин созмон бо раҳбарии ӯ гузоштааст.
Аммо манбаи Sputnik Тоҷикистон аз Нусайи Бадахшон мегӯяд, Маҳдӣ танҳо ҷангии хориҷӣ аст, ки аз Ҷумъа Талбон, фармондеҳи “Толибон”* дар ин вулусволӣ фармон мебарад.

“Ҳамсари вай духтари Насим, аз деҳаи Хуғаз аст. Танҳо далели буданаш дар минтақа ҳамин аст. Ягон хориҷии дигар ҳамроҳаш нест. Онҳо қабл аз ҷангҳои Панҷшер ба Кобул рафта, ба ҳамин наздикӣ баргаштанд. Толибони Нусай 70 нафар ҳам нестанд ва қудрат ба онҳо аз баракати хиёнати ҳукумати марказӣ расидааст”,-гуфт манбаъ.

Бузург кардани ҳарфи “Ансоруллоҳ”*, ки гуфта мешавад, аксаран шаҳрвандони Тоҷикистонанд, эҳтимол як таблиғоти тамомайёр аст, зеро ин гурӯҳ ҳам ба теъдод ва ҳам ба зарфият ҳеҷ хатаре эҷод карда наметавонад.
Аммо воқеияти таҳаррукоти “Толибон”* дар марзҳои Тоҷикистон бармало мекунад, ки “Ансоруллоҳ”* фақат минҳайси як “хӯсаи даъво”-и онҳо дар ҳолоти зарурӣ болову поён мешавад. “Лашкари Мансурӣ” низ онро ҳазм кардааст, ки аз рӯи ривоётсозиҳо сари он хати бутлон мекашад.

“Ҳазорҳо”-и хаёлӣ

Мисоли дигар сарусадоҳо сари “Лашкари Мансурӣ” аз сӯйи расонаҳо, бахусус худи “Толибон”* аст, ки теъдоди нерӯҳои онро ба “ҳазорҳо” нафар ва онҳоро як баталёни размии худкушҳои бераҳм муаррифӣ мекунанд.
Аммо манобеи Sputnik Тоҷикистон, ки мустақим шоҳиди режаравиҳои “Лашкари Мансурӣ” дар Бадахшону Тахор буданд, мегӯянд, нерӯи асосии “мансуриҳо” ҳамон ҷангиёни толиб, ки дар пулису амният истихдом шудаанд ва аъзои созмонҳои террористии хориҷиянд.
Даъвати Ғанӣ ба эътирофи ҳукумати "Толибон"*-у ҳамкорӣ бо он": Фейк ё воқеият?
“Теъдоди онҳо “ҳазорҳо” нафар нест. Дар Бадахшон 500 нафар ҳам режа нарафтанд. Нисфашон ҳам ҷавонони бетаҷрибаи маҳал буданд, ки дар пероҳан-тунбонҳо ва мототсиклҳо зоҳир шуданд. Онҳое, ки ниқоб пӯшидаанд ва юниформ ба бар доранд, террористони хориҷӣ ва кормандони пулису амниятанд. Либосҳояшон ҳам аз раёсати амнияти миллӣ аст”,-гуфт яке аз онҳо.
Ба қавли ин манобеъ, террористони хориҷӣ рӯзи 21 сентябр бо иттифоқи Қорӣ Фасеҳуддин аз Панҷшер омадаанд. Ахирӣ дар шаҳри Файзобод бо Мавлавӣ Амонуддин Мансур, волӣ ва Мавлавӣ Шамсулҳақ, раиси амнияти Бадахшон мулоқот карда, масъалаи “Лашкари Мансурӣ”-ро матраҳ кардааст.

“Фардояш хориҷиҳо ва толибони дигарро ҷамъ оварда, “Лашкари Мансурӣ” эълон карданд ва режа рафтанд”,-гуфт манбаъ.

Як манбаи дигар дар Тахор мегӯяд, дар ин вилоят низ ин “баталёни истишҳодӣ” дар як шаб аз низомиёни ҳукуматӣ, толибон ва ҷавонони маҳал таъсис дода шуд.
“Як теъдод тоҷикистониву ӯзбекистонӣ дар вулусволии Дарқад аз қабл ҳузур доштанд, ки ба онҳо гуфта шуд, ба “Лашкари Мансурӣ” пайванданд. Ин воҳимаҳо, ки онҳоро аз қабл омода кардаанду ба ҳар худкушӣ ҳозиранд, як таблиғот аст”,-гуфт манбаъ.
Бино ба иттилои манобеи Sputnik Тоҷикистон, тарҳи “Лашкари Мансурӣ” ҳудуди 15 рӯзи ахир дар Кобул аз сӯйи Созмони истихбороти Покистон (ISI) ва Абдулҳақ Васиқ, раиси амнияти “Иморати Исломии "Толибон"* рехта, иҷрои он ба дӯши Қорӣ Фасеҳуддин гузошта шудааст ва Мавлавӣ Амонуддин Мансур, Мавлавӣ Нуриддин Амир, Мавлавӣ Ока, волиён ва раҳбарони дигар ниҳодҳои амниятии Бадахшону Тахору Кундуз ба ӯ кумак мекунанд.

“Истишҳодӣ”-и иҷборӣ

Ҳадаф аз ташкили “Лашкари Мансурӣ”-ро мунсаҷим кардани толибони вилоятҳои шимолӣ - умдатан тоҷик, ӯзбеку туркман ва созмонҳои террористии хориҷӣ унвон мекунанд. Аммо манобеи Sputnik Тоҷикистон мегӯянд, шумори бештари онҳоро ҳамоно толибон ва ҷавонони бесарнавишту бекори маҳал ташкил мекунанд, ки маъмулан иҷборӣ ба майдони ҷанг андохта мешаванд.
“Ягон ҷангии толиб ё хориҷӣ маош намегирад. Тавре худашон мегӯянд, аз барои Худо меҷанганд ва фақат хӯроку либос ва силоҳашон таъмин аст. Ғанимати ҷангӣ ҳам аз онҳо гирифта мешавад. Толибони маҳал аксаран дар пайи ихтилоф бо рақибони тиҷориву сиёсии қаблии худ дар ҳукуматҳои Карзаю Ғанӣ ба сафи “Толибон”* пайвастаанд. Масалан, Қорӣ Фасеҳуддин ҳамеша мехост тиҷорати маодинро дар даст дошта бошад. Ҷавонони маҳал ҳадди ақал барои намурдан аз гуруснагӣ толиб мешаванд, ки аз онҳо ҳеҷ як “интиҳорӣ” ё “истишҳодӣ” ҷӯр намешавад”,-гуфт як манбаъ.
Раҳмон аз паҳлавонҳои Ванҷу Дарвоз тавсиф карду аз печидагиҳо дар минтақа ҳушдор дод
“Истишҳодӣ”, “интиҳорӣ” ё “шаҳодатталаб”-у “худкуш” онҳоеанд, ки дар амалиётҳои террористӣ ширкат намуда, худро инфиҷор медиҳанд ва ба ҳалокат мерасанд. Онҳо ба алоҳидагӣ ё гурӯҳӣ ба ягон бино – мактаб, масҷид ё дафтари ҳукуматӣ ҳамла бурда, даст ба куштори одамон ё инфиҷори биноҳо мезананд, ки таърихи ҷангҳои ахири Афғонистон аз ин боб мисолҳои фаровоне дорад.
“Аз интиҳориҳои ғайрипаштуни Шимол наметавон таваққӯи кореро дошт, ки ҳамтоёни паштуни ҷанубии онҳо анҷом медиҳанд. Ахириҳо дар мадориси Покистон аз ҳамон хурдӣ мағзшӯӣ мешаванд, то ба ин бовар расанд, ки агар кушта шаванд, ба биҳишт мераванд. Аммо хатар ин ҷост, ки ин нерӯ дар Шимол аз сӯйи истихбороти хориҷӣ ҳидоят ва барои тарҳи бузургтаре истифода мешавад”,-гуфт манбаъ.

Чӣ тарҳ?

Эҷоди “Лашкари Мансурӣ” ва таҳдиди раҳбарони “Толибон” посухи онҳо ва пуштибононашон, пеш аз ҳама Покистон ба талошҳои Тоҷикистон аст, ки аз ғайрипаштунҳо дифоъ кард ва ҳукумати “Иморати Исломӣ”-ро ғайри қобили қабул хонд.
Аз сӯйи дигар талошҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таҳти раҳбарии Аҳмади Масъуд барои эҷоди як ҳукумати баробар бо “Толибон”* ва Шӯрои муқовимати миллии Афғонистон, ки тамоми нерӯҳои зиддитолибро муттаҳид мекунад, низ “Толибон”-ро ба хашм овардааст. Бахсус ин ки аксари раҳбарони ин нерӯҳо, аз ҷумла Амруллоҳ Солеҳ, сарпарасти раёсатҷумҳурӣ ва Бисмиллоҳ Муҳаммадӣ, вазири дифои пешини Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурдаанд.
Бино ба гузоришҳое, ки аз Ҷабҳаи муқовимат мерасад, тамоми гурӯҳҳои зиддитолиб, ҳатто бархе фармондеҳони аршади худи “Толибон” бо ҷабҳа тамос гирифтаанд ва изҳори омодагӣ барои эҷоди як шӯро кардаанд. Ҳамзамон пас аз ин рӯз, ки намояндаи ҳукумати қаблии Афғонистон дар СММ суханронӣ кунад, қарор аст, ҳукумати табъидӣ низ эълон шавад.
Қазоқистон дидори сафираш бо "Толибон"*-ро шарҳ дод: ҳамкорӣ бидуни ба расмият шинохтан
Истодагии Ҷабҳаи муқовимат, эътирозҳо дар шаҳрҳои бузурги Афғонистон дар рӯзҳои аввали ҳукумати “Толибон” ва амалкардҳои ин гурӯҳ дар баробари ҳуқуқи инсон, бахусус занону қавмҳои ғайрипаштун ин гурӯҳро ба мушкилоти сиёсиву иқтисодӣ дар дохилу хориҷ мувоҷеҳ сохт. То ба ҳол ҳеҷ аз кишварҳои ҷаҳон, пеш аз ҳама пуштибонҳои билқувваи “Толибон” ҳукумати онҳоро ба расмият нашинохтааст, қабл аз ҳама барои ин ки 17 узви кобинаи онҳо дар “рӯйхати сиёҳ”-и террористони СММ қарор доранд.
Зоҳиран “Толибон” аз ин вазъ ба танг омадаанд. Тӯбро дар майдони Тоҷикистон ва ин кишварро пушти ин ҳама нокомиҳои худ мебинанд. Сирри пайдоиши “Лашкари Мансурӣ” ва лучу пӯсткандаву тунд шудани лаҳни ин ҳамсояҳои нобоби Тоҷикистон низ дар ҳамин аст.
Аммо то куҷо таҳдиди онҳо аз минбари сухан ба майдони амал мегузарад, ба ин маънӣ ки ба қаламрави Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ (ИДМ), Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ) ва ниҳоят Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) ҳамла мекунанд, суоли вақт аст. Агар ҳам ҷуръат карданд, пас тамоми кишварҳои Шимолро таҳдид мекунанд ва ин баробар ба як худкушии сиёсӣ аст, ки қиссаи дигаре хоҳад буд.
*созмони мамнуъ дар Русияву Тоҷикистон