https://sputnik.tj/20210926/mullo-barodar-tojikiston-afghoniston-muttaham-hushdor-1042507402.html
Мулло Бародар Тоҷикистонро ба дахолат ба кори Афғонистон муттаҳам кард
Мулло Бародар Тоҷикистонро ба дахолат ба кори Афғонистон муттаҳам кард
Sputnik Тоҷикистон
Мулло Абдулғанӣ Бародар, ноиби аввали сарвазири ҳукумати ташкилкардаи "Толибон"* Тоҷикистонро дар дахолат ба умури Афғонистон муттаҳам кард 26.09.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-09-26T15:53+0500
2021-09-26T15:53+0500
2021-09-26T20:20+0500
дар тоҷикистон
толибон
осиёи марказӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/10/1042298687_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_828d407ea7339ff66f2f79c1944e6d48.jpg
ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Абдулғанӣ Бародар мегӯяд, Тоҷикистон ба умури Афғонистон дахолат мекунад. Тафсилоти бештар ва тевзеҳот, ки чӣ аксуламалро мулло Бародар дар назар дорад, феълан маълум нест. Дар ҳамин ҳол "Толибон"* ахиран эълом карданд, ки ҳазорон сарбози нерӯҳои махсуси худро ба вилояти Тахори Афғонистон, ки дар наздикии марзи Тоҷикистон воқеъ аст, равон кардаанд. Қаблан мақомоти Тоҷикистон аз ваъдахилофиҳои "Толибон"* дар мавриди ташкили ҳукумати ҳамашумул ва тартиботи ҷорикардаи онҳо интиқод намуда, ба мардумсолорӣ ва риояи ҳуқуқи ҳамаи мардуми Афғонистон таъкид намуда буд. Ҳукумат дар Афғонистонро созмони "Толибон"* моҳи августи соли равон дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз ин кишвар ғасб карда, эълон намуд, ки аморати исломиро ташкил мекунад. Нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таҳти роҳбарии Аҳмад Масъуд эълон карданд, ки мубориза барои як давлати исломии муътадил, бо риояи мардумсолорӣ ва ҳуқуқи инсон, аз ҷумла занонро идома хоҳанд дод.* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
https://sputnik.tj/20210926/narishkin-hamkori-idora-istikhborot-mintaqa-afghoniston-1042505945.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/10/1042298687_244:0:2975:2048_1920x0_80_0_0_cd9ecf63cfbb3d3e66d3ff09f5185236.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, толибон, осиёи марказӣ
дар тоҷикистон, толибон, осиёи марказӣ
Мулло Бародар Тоҷикистонро ба дахолат ба кори Афғонистон муттаҳам кард
15:53 26.09.2021 (Навсозишуда: 20:20 26.09.2021) Мулло Абдулғанӣ Бародар, ноиби аввали сарвазири ҳукумати ташкилкардаи "Толибон"* Тоҷикистонро дар дахолат ба умури Афғонистон муттаҳам кард
ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Абдулғанӣ Бародар мегӯяд, Тоҷикистон ба умури Афғонистон дахолат мекунад.
"Тоҷикистон ба корҳои мо дахолат мекунад, ҳар амал аксуламале дорад", - изҳор доштаст Бародар дар суҳбат бо шабакаи телевизионии Al-Jazeera.
Тафсилоти бештар ва тевзеҳот, ки чӣ аксуламалро мулло Бародар дар назар дорад, феълан маълум нест.
Дар ҳамин ҳол "Толибон"* ахиран эълом карданд, ки ҳазорон сарбози нерӯҳои махсуси худро ба вилояти Тахори Афғонистон, ки дар наздикии марзи Тоҷикистон воқеъ аст, равон кардаанд.
Қаблан мақомоти Тоҷикистон аз ваъдахилофиҳои "Толибон"* дар мавриди ташкили ҳукумати ҳамашумул ва тартиботи ҷорикардаи онҳо интиқод намуда, ба мардумсолорӣ ва риояи ҳуқуқи ҳамаи мардуми Афғонистон таъкид намуда буд.
Ҳукумат дар Афғонистонро созмони "Толибон"* моҳи августи соли равон дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз ин кишвар ғасб карда, эълон намуд, ки аморати исломиро ташкил мекунад. Нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таҳти роҳбарии Аҳмад Масъуд эълон карданд, ки мубориза барои як давлати исломии муътадил, бо риояи мардумсолорӣ ва ҳуқуқи инсон, аз ҷумла занонро идома хоҳанд дод.
* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар