https://sputnik.tj/20210927/pokiston-tolibon-afghoniston-subot-1042514712.html
Вазири Покистон мегӯяд, "Толибон"* ба Афғонистон суботи нисбӣ овард
Вазири Покистон мегӯяд, "Толибон"* ба Афғонистон суботи нисбӣ овард
Sputnik Тоҷикистон
Вазири умури хориҷии Покистон мегӯяд, пас аз гирифтани қудрат аз сӯи "Толибон"* суботи нисбӣ дар Афғонистон таъмин шудааст
2021-09-27T12:51+0500
2021-09-27T12:51+0500
2021-09-27T16:22+0500
амният ва мудофиа
афғонистон
толибон
субот
покистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/19/1041875539_0:0:3079:1731_1920x0_80_0_0_15c0dbf4d38d7db17579955b7242c3ed.jpg
ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ, вазири умури хориҷии Покистон мегӯяд, бо тасаллути қудрат аз сӯйи "Толибон"* феълан нишоне аз ҷанг нест. Вазири умури хориҷӣ ҳамчунин ҳушдор додааст, ки буҳрони инсонӣ ва иқтисодӣ дар Афғонистон ҳамчунон таҳдиди воқеӣ аст. Изҳороти ин мақоми покистонӣ дар ҳолест, ки ахиран дар шаҳри Ҷалолобод, маркази вилояти Нангарҳор инфиҷорҳое рух дода, даҳҳо кушта ва захмӣ барҷой гузоштанд. Масъулияти ин ҳамлаҳоро гурӯҳи террористии ДОИШ* ба уҳда гирифтааст. Таъкид мешавад, ки пас аз омадани "Толибон"* ба қудрат дар Афғонистон тайи беш аз як моҳи охир фақр, бекорӣ, гуруснагӣ ва оворагӣ афзоиш ёфт. Ҳукумат дар Афғонистонро созмони "Толибон"* моҳи августи соли равон дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз ин кишвар ғасб карда, эълон намуд, ки аморати исломӣ ташкил мекунад. Нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таҳти роҳбарии Аҳмад Масъуд эълон карданд, ки мубориза барои як давлати исломии муътадил, бо риояи мардумсолорӣ ва ҳуқуқи инсон, аз ҷумла занонро идома хоҳанд дод.* - созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
https://sputnik.tj/20210927/siyosatshinos-tolibon-tojikiston-1042510764.html
афғонистон
покистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/19/1041875539_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_d50ddf9005f70c10083a55fabade1db1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
фикр, толибон, афғонистон, суботӣ
фикр, толибон, афғонистон, суботӣ
Вазири Покистон мегӯяд, "Толибон"* ба Афғонистон суботи нисбӣ овард
12:51 27.09.2021 (Навсозишуда: 16:22 27.09.2021) Вазири умури хориҷии Покистон мегӯяд, пас аз тасарруфи қудрат аз сӯйи "Толибон"* суботи нисбӣ дар Афғонистон таъмин шудааст
ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ, вазири умури хориҷии Покистон мегӯяд, бо тасаллути қудрат аз сӯйи "Толибон"* феълан нишоне аз ҷанг нест.
"Бо хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ ва истиқрори "Толибон"* дар Афғонистон субот дар ин кишвар барқарор шуда, нишонае аз ҷанг нест",-иқтибос кардааст Sputnik Афғонистон аз суҳбати Қурайшӣ бо нашрияи "Ню-Йорк Таймс".
Вазири умури хориҷӣ ҳамчунин ҳушдор додааст, ки буҳрони инсонӣ ва иқтисодӣ дар Афғонистон ҳамчунон таҳдиди воқеӣ аст.
Изҳороти ин мақоми покистонӣ дар ҳолест, ки ахиран дар шаҳри Ҷалолобод, маркази вилояти Нангарҳор инфиҷорҳое рух дода, даҳҳо кушта ва захмӣ барҷой гузоштанд. Масъулияти ин ҳамлаҳоро гурӯҳи террористии ДОИШ* ба уҳда гирифтааст.
Таъкид мешавад, ки пас аз омадани "Толибон"* ба қудрат дар Афғонистон тайи беш аз як моҳи охир фақр, бекорӣ, гуруснагӣ ва оворагӣ афзоиш ёфт.
Ҳукумат дар Афғонистонро созмони "Толибон"* моҳи августи соли равон дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз ин кишвар ғасб карда, эълон намуд, ки аморати исломӣ ташкил мекунад. Нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таҳти роҳбарии Аҳмад Масъуд эълон карданд, ки мубориза барои як давлати исломии муътадил, бо риояи мардумсолорӣ ва ҳуқуқи инсон, аз ҷумла занонро идома хоҳанд дод.
* - созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар