https://sputnik.tj/20210927/rahmon-pahlavonho-vanju-darvoz-tavsif-1042527400.html
Раҳмон аз паҳлавонҳои Ванҷу Дарвоз тавсиф карду аз печидагиҳо дар минтақа ҳушдор дод
Раҳмон аз паҳлавонҳои Ванҷу Дарвоз тавсиф карду аз печидагиҳо дар минтақа ҳушдор дод
Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолони ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз аз вазъи печида ва мураккаби минтақаю ҷаҳон гуфт
2021-09-27T18:50+0500
2021-09-27T18:50+0500
2021-09-27T18:50+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
вмкб
дарвоз
паҳлавон
ванҷ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/10/1042304837_0:106:2048:1258_1920x0_80_0_0_720d677dd56e9967c59569c40da5c224.jpg
ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон бо тавсиф аз ҳунарнамоиҳои сокинони ин ноҳияҳо дар бахши фарҳангу варзиш ва иродаи матини онҳо изҳори боварӣ намудааст, ки ба ҳимояи сулҳу оромӣ ва дастовардҳои кишвар ҳамеша омода хоҳанд буд. Эмомалӣ Раҳмон дар хитоб ба мардуми ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ гуфт, даҳҳо нафар аз фарзандони маъруфи онҳо барои рушди илму фарҳанги миллии тоҷикон, дигар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар, инчунин боло бурдани шуҳрати варзиши Тоҷикистон хидмати басо арзишманд кардаанд.Ӯ дар идома аз вазъи печидаи минтақа гуфта, зарурати омодагӣ барои ҳифзи сулҳу суботро таъкид намудаст. "Бовар дорам, ки мардуми ватандӯст, бонангу номус ва матиниродаи ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷ, хусусан бо дарназардошти вазъи бисёр мураккабу печидаи минтақа ва ҷаҳони имрӯза минбаъд низ бо ҳисси баланди ифтихор аз ватандорӣ дар ҳифзи дастовардҳои таърихии халқамон – истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ ҳамеша омода хоҳанд буд", - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон. Вай даъват кардааст, ки сокинон бо заҳмати содиқона Ватану диёри худро боз ҳам ободу пешрафта намоянд. Сафари раисҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон феълан идома дорад.
https://sputnik.tj/20210927/roh-badakhshon-kutoh-rohsozi-rushon-1042518583.html
вмкб
дарвоз
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/10/1042304837_116:0:1933:1363_1920x0_80_0_0_6fb78008700ae57257719be0963628f6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон, раисҷумҳури тоҷикистон, минтақа, дарвоз
эмомалӣ раҳмон, раисҷумҳури тоҷикистон, минтақа, дарвоз
Раҳмон аз паҳлавонҳои Ванҷу Дарвоз тавсиф карду аз печидагиҳо дар минтақа ҳушдор дод
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолони ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз аз вазъи печида ва мураккаби минтақаю ҷаҳон гуфт
ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон бо тавсиф аз ҳунарнамоиҳои сокинони ин ноҳияҳо дар бахши фарҳангу варзиш ва иродаи матини онҳо изҳори боварӣ намудааст, ки ба ҳимояи сулҳу оромӣ ва дастовардҳои кишвар ҳамеша омода хоҳанд буд.
Эмомалӣ Раҳмон дар хитоб ба мардуми ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ гуфт, даҳҳо нафар аз фарзандони маъруфи онҳо барои рушди илму фарҳанги миллии тоҷикон, дигар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар, инчунин боло бурдани шуҳрати варзиши Тоҷикистон хидмати басо арзишманд кардаанд.
Ӯ дар идома аз вазъи печидаи минтақа гуфта, зарурати омодагӣ барои ҳифзи сулҳу суботро таъкид намудаст.
"Бовар дорам, ки мардуми ватандӯст, бонангу номус ва матиниродаи ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷ, хусусан бо дарназардошти вазъи бисёр мураккабу печидаи минтақа ва ҷаҳони имрӯза минбаъд низ бо ҳисси баланди ифтихор аз ватандорӣ дар ҳифзи дастовардҳои таърихии халқамон – истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ ҳамеша омода хоҳанд буд", - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Вай даъват кардааст, ки сокинон бо заҳмати содиқона Ватану диёри худро боз ҳам ободу пешрафта намоянд. Сафари раисҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон феълан идома дорад.