ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Ба гуфтаи Ҳилолбӣ Қурбонзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон агар мардон ба ин кор алоқамандӣ надошта бошнад, чунин амал сурат намегирад.
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ гуфт, ки мардон ба унвони муштарӣ дар амали танфурӯшии занон гунаҳкор мебошанд.
Вай таъкид кард, ки ҷонибдори сангин кардани муҷозот барои мардон низ ҳаст.
"Дар рейдҳо мо ба гурӯҳи занҳо сӯҳбат кардем. Вақте ҷойҳои холии корӣ пешниҳод кардем то аз ин кор даст кашанд, дар посух гуфтанд, ки розӣ нестанд ва ин маблағи пешниҳодшударо дар як рӯз пайдо мекунанд", - қайд кард Ҳилолбӣ Қурбонзода.
Вай афзуд, ки агар мардон ба ҳамин кор алоқамандӣ надошта бошанд ва барои ин корҳои шаҳвонӣ пули калон масраф накунанд, ин гуна амал сурат намегирад.
“Ба ҳамин хотир ман ҷонибдори он ҳастам, ки дар баробари занҳои танфурӯш мардҳое, ки аз онҳо истифода мекунанд муҷозот шаванд”,- гуфт раиси Кумитаи занон ва оилаи Тоҷикистон.
Бояд гуфт, ки тарҳи ислоҳи Қонуни оила, ҷазои маҳрум кардан аз ҳуқуқи падарӣ ва модариро барои "даллаҳо" ва соҳибони фоҳишахонаҳо пешбинӣ мекунад.
Шӯрои Маҷлиси намояндагон тарҳи ислоҳи қонунро рӯзи 11-уми январ баррасӣ кард ва интизор меравад, вакилон дар ояндаи наздик онро тасвиб кунанд. Масъулини Кумитаи кор бо занон ва оила мегӯянд, муаллифони тарҳи ислоҳ ба Кодекси оила вакилони порлумон мебошанд ва ин ниҳод ба ин тарҳ пешниҳодҳое кардааст.
Ҳилолбӣ Қурбонзода афзуд, ки ин тарҳи қонун ҳамакнун дар баррасии вакилони порлумон аст ва бинобар ҳамин, аз шарҳи бештари муҷозоти дарназаргирифташуда худдорӣ мекунад.
Масъулини Кумитаи кор бо занон ва оила ба ин боваранд, ки талоши маҳрум кардани волидон аз ҳаққи падарӣ ё модарӣ метавонад, танфуруширо дар Тоҷикистон камтар кунад.
Дар Тоҷикистон барои машғул шудан ба танфурӯшӣ ҷазои маъмурӣ таъйин шудааст ва бар асоси банди 130-юми Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ зан ва ё духтаронро метавонанд аз 500 то 2000 сомонӣ ҷарима кунанд. Ва агар духтареро дар муддати як сол бори дувум барои ин кор дастгир кунанд, ҳақ доранд аз 10 то 15 рӯз ҳабс кунанд.