ДУШАНБЕ, 18 апр – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, аз ҷониби корманддони милитсия зани 48-солаи сокини кӯчаи Б.Ғафурови ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ки пеш бо моддаи 130 иловаи-1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон маҳкум шуда буд, ҳамчун гумонбар дар хариду фурӯши одамон боздошт шудааст.
Тибқи иттилои манбаъ, номбурда, моҳи майи соли 2017, бо роҳи фиреб ба боварии зани 32-солаи сокини ноҳияи Шаҳритус даромада, бо баҳонаи дар шаҳри Дубайи АМА ба кор таъмин намудан, ӯро санаи 6-уми майи соли 2017 ба шаҳри Дубайи АМА даъват намуда, ба истисмори шаҳвонӣ гирифтор карда, бо мардҳои миллаташон гуногун ба ивази маблағи пулӣ барои қонеъ намудани нафси шаҳвониашон фурӯхтааст.
“Ҳамин тариқ, гумонбаршаванда бо маслиҳати пешакӣ бо шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистон “Гули” ном шахси номаълум бо роҳи фиреб ба боварии зани 28-солаи сокини ҷамоати деҳоти Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ даромада, бо баҳонаи дар шаҳри Дубайи АМА ба кор таъмин намудан, ӯро санаи 14-уми январи 2017, ба шаҳри Дубайи АМА даъват намуда, ба истисмори шаҳвонӣ гирифтор карда, бо мардҳои миллаташон гуногун ба ивази маблағи пулӣ барои қонеъ намудани нафси шаҳвониашон фурӯхтааст”, - тахкид доштааст ВУД Тоҷикистон.
Инчунин манбаъ қайд кардааст, ки ҳамин зани 48-сола, моҳи майи соли 2017 бо роҳи фиреб ба боварии зани 35-солаи сокини кӯчаи Н.Қарабоеви пойтахт даромада, бо баҳонаи дар шаҳри Дубайи АМА ба кор таъмин намудан, ӯро санаи 6-уми майи соли 2017 ба шаҳри Дубайи АМА даъват намуда, ба истисмори шаҳвонӣ гирифтор карда, бо мардҳои миллаташон гуногун ба ивази маблағи пулӣ барои қонеъ намудани нафси шаҳвониашон фурӯхтааст.
Дар ҳоли ҳозир аз ҷониби кормандони милитсияи Тоҷикистон, аз рӯи ин ҳодисаҳои гуфташуда тафтишот идома дорад.