https://sputnik.tj/20210213/Tanfurshi-dukhtaron-tojik-Hinduston-1032820879.html
Танфурӯшии духтарони тоҷик дар Деҳлӣ: кӣ ташкил мекунаду Сара кист?
Танфурӯшии духтарони тоҷик дар Деҳлӣ: кӣ ташкил мекунаду Сара кист?
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ошкор шудани савдои духтарони тоҷик бо мақсади ҷалбашон ба танфурӯшӣ дар шаҳри Деҳлӣ хабар дод. Қаблан асосан гузориш аз... 13.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-13T16:29+0500
2021-02-13T16:29+0500
2021-04-19T16:45+0500
ҳамаи хабарҳо
иҷтимоъ
ҳиндустон
танфурӯшӣ
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102273/25/1022732568_0:154:3091:1893_1920x0_80_0_0_cad71ea80d10e497c06c7718acb9afc1.jpg
ДУШАНБЕ, 13 фев – Sputnik. Вазорати умури дохилӣ аз оғози парвандаи ҷиноӣ алайҳи зани 36-сола, сокини деҳоти Лучоби ноҳияи Варзоб хабар додааст, ки дар савдои занони тоҷик барои танфурӯшӣ дар Ҳиндустон айбдор мешавад.Ба иттилои ВУД, зани мазкур моҳи январи соли 2019, дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе ба боварии зани 33-сола, сокини ҷамоати деҳоти Сомони шаҳри Ҳисор даромада, бо маслиҳати пешакӣ бо “Сара” ном зан, ӯро ба шаҳри Деҳлии Ҷумҳурии Ҳиндустон даъват намудааст.“Баъдан гумонбаршаванда бо истифода аз он, ки зан дар шаҳри бегона асту забонро намедонад, ҷабрдидаро аз моҳи феврали соли 2019 то моҳи декабри соли 2020, дар манзили истиқоматии иҷоравии "Сара" ба танфурӯшӣ ҷалб кардааст”, - иттилоъ дод ВУД.Манбаъ таъкид кард, ки гумонбаршаванда аз танфурӯшии ҷабрдида ба шаҳрвандони миллаташон гуногун 10 ҳазор доллари амрикоӣ фоида ба даст овардааст.Инчунин муайян шудааст, ки гумонбаршаванда бо ҳамин роҳ моҳи декабри соли 2018 зани 29-сола, сокини ҷамоати деҳоти Чуянгарони шаҳри Ваҳдатро низ бо маслиҳати пешакӣ бо “Сара” барои танфурӯшӣ ба Деҳлӣ ҷалб кардааст.Мақомот мегӯянд, ҷабрдидаи дуюм аз моҳи декабри соли 2018 то моҳи декабри соли 2020, дар манзили истиқоматии иҷоравии "Сара" танфурӯшӣ кардааст. Зани муттаҳам ба иттилои мақомот аз ин танфурӯшӣ 3 ҳазор доллари амрикоӣ фоида ба даст оварда, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, феълан нисбати гумонбаршаванда бо моддаи 130 иловаи 1-и Кодекси ҷиноӣ, барои харидуфурӯши одамон парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. Дар мавриди шахсияти "Сара" мақомоти тоҷик иттилое ироа накардаанд. Назари бевоситаи худи гумонбаршаванда дар бораи ин қазия маълум нест.Қаблан мақомдорони додгоҳи Душанбе дар пайи таҳлили парвандаҳои марбути харидуфурӯши одамон ва ҷалби духтарони тоҷикистонӣ ба танфурӯшӣ дар хориҷи кишвар изҳор доштанд, ки ба ташкили чунин ҷиноятҳо асосан занон даст мезананд. Таъкид шуд, ки барои танфурӯшӣ дар хориҷ ҷавондухтаронеро ҷалб месозанд, ки камбизоатанду мушкилоти зиёди зиндагӣ доранд.
https://sputnik.tj/20200304/jazoi-milisai-taqallubi-ki-bo-tahdidi-ogozi-parvandai-fohishagi-az-zanon-pul-mediand-1030821507.html
https://sputnik.tj/20190801/Noibi-raisi-Sud-guft-kiho-kadom-guruhi-dukhtaroni-tojikro-dar-khorij-tanfursh-mesozand-1029553922.html
ҳиндустон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102273/25/1022732568_181:0:2910:2047_1920x0_80_0_0_04a96fcfc2006900188b6e63ab6b50bf.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, иҷтимоъ, ҳиндустон, танфурӯшӣ, дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо, иҷтимоъ, ҳиндустон, танфурӯшӣ, дар тоҷикистон
Танфурӯшии духтарони тоҷик дар Деҳлӣ: кӣ ташкил мекунаду Сара кист?
16:29 13.02.2021 (Навсозишуда: 16:45 19.04.2021) Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ошкор шудани савдои духтарони тоҷик бо мақсади ҷалбашон ба танфурӯшӣ дар шаҳри Деҳлӣ хабар дод. Қаблан асосан гузориш аз ҷалби духтарони тоҷик ба танфурӯшӣ дар Туркияю кишварҳои арабӣ гузоришҳо нашр мегардиданд
ДУШАНБЕ, 13 фев – Sputnik. Вазорати умури дохилӣ аз оғози парвандаи ҷиноӣ алайҳи зани 36-сола, сокини деҳоти Лучоби ноҳияи Варзоб хабар додааст, ки дар савдои занони тоҷик барои танфурӯшӣ дар Ҳиндустон айбдор мешавад.
Ба иттилои ВУД, зани мазкур моҳи январи соли 2019, дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе ба боварии зани 33-сола, сокини ҷамоати деҳоти Сомони шаҳри Ҳисор даромада, бо маслиҳати пешакӣ бо “Сара” ном зан, ӯро ба шаҳри Деҳлии Ҷумҳурии Ҳиндустон даъват намудааст.
“Баъдан гумонбаршаванда бо истифода аз он, ки зан дар шаҳри бегона асту забонро намедонад, ҷабрдидаро аз моҳи феврали соли 2019 то моҳи декабри соли 2020, дар манзили истиқоматии иҷоравии "Сара" ба танфурӯшӣ ҷалб кардааст”, - иттилоъ дод ВУД.
Манбаъ таъкид кард, ки гумонбаршаванда аз танфурӯшии ҷабрдида ба шаҳрвандони миллаташон гуногун 10 ҳазор доллари амрикоӣ фоида ба даст овардааст.
Инчунин муайян шудааст, ки гумонбаршаванда бо ҳамин роҳ моҳи декабри соли 2018 зани 29-сола, сокини ҷамоати деҳоти Чуянгарони шаҳри Ваҳдатро низ бо маслиҳати пешакӣ бо “Сара” барои танфурӯшӣ ба Деҳлӣ ҷалб кардааст.
Мақомот мегӯянд, ҷабрдидаи дуюм аз моҳи декабри соли 2018 то моҳи декабри соли 2020, дар манзили истиқоматии иҷоравии "Сара" танфурӯшӣ кардааст. Зани муттаҳам ба иттилои мақомот аз ин танфурӯшӣ 3 ҳазор доллари амрикоӣ фоида ба даст оварда, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, феълан нисбати гумонбаршаванда бо моддаи 130 иловаи 1-и Кодекси ҷиноӣ, барои харидуфурӯши одамон парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. Дар мавриди шахсияти "Сара" мақомоти тоҷик иттилое ироа накардаанд.
Назари бевоситаи худи гумонбаршаванда дар бораи ин қазия маълум нест.
Қаблан мақомдорони додгоҳи Душанбе дар пайи таҳлили парвандаҳои марбути харидуфурӯши одамон ва ҷалби духтарони тоҷикистонӣ ба танфурӯшӣ дар хориҷи кишвар изҳор доштанд, ки ба ташкили чунин ҷиноятҳо асосан занон даст мезананд. Таъкид шуд, ки барои танфурӯшӣ дар хориҷ ҷавондухтаронеро ҷалб месозанд, ки камбизоатанду мушкилоти зиёди зиндагӣ доранд.