ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар ин бора иттилоъ дода, гуфтааст, прокурори генералии Тоҷикистон 16 май аз Маркази миллии илмии узв ва бофтаҳои инсон ба хона рухсат карда шуд.
Ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, Юсуф Раҳмон, санаи 9 майи соли ҷорӣ бо ташхиси илтиҳоби дутарафаи шушҳо дар маркази мазкур ба табобат фаро гирифта шуда буд.
Ба иттилои манбаъ, Юсуф Раҳмон, пас аз шифо ёфтан ба хизматрасонии тиббии маркази мазкур баҳои баланд дода, ба роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, ба Директори Маркази миллии илмии узв ва бофтаҳои инсон Саидмаҳмуд Исмоилзода изҳори сипосу миннатдорӣ намуд.