Прокурори генералии Тоҷикистон аз "пневмония" шифо ёфт

© SputnikЮсуф Рахмонов на пресс-конференции Генеральной прокуратуры РТ
Юсуф Рахмонов на пресс-конференции Генеральной прокуратуры РТ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Юсуф Раҳмон, прокурори генералии Тоҷикистон пас аз як ҳафтаи табобат дар яке аз  беморхонаҳои пойтахт мураххас шудааст

ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар ин бора иттилоъ дода, гуфтааст, прокурори генералии Тоҷикистон 16 май аз Маркази миллии илмии узв ва бофтаҳои инсон  ба хона рухсат карда шуд.

Врач, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Фаврӣ: шумораи гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон зиёд шуд - омори нав

Ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, Юсуф Раҳмон, санаи 9 майи  соли ҷорӣ бо ташхиси илтиҳоби дутарафаи  шушҳо дар маркази мазкур ба табобат фаро гирифта шуда буд.

Ба иттилои манбаъ, Юсуф Раҳмон, пас аз шифо ёфтан ба хизматрасонии тиббии маркази мазкур баҳои баланд дода, ба роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, ба Директори Маркази миллии илмии узв ва бофтаҳои инсон  Саидмаҳмуд Исмоилзода изҳори сипосу миннатдорӣ  намуд.

Лентаи хабарҳо
0