Касе ҷазо намегирад: 80 дирам мемонад, танҳо бевосита аз муштарӣ ситонида намешавад

Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, рақампулии 80-дирама аз ин ба баъд на аз ҳисоби муштариён, балки операторони алоқа ситонида мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 март - Sputnik. Арзиши хизматрасонии рақамгузорӣ – 80 дирам дар нархномаи хизматрасониҳои Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Тоҷикистон вуҷуд дорад, аз ин хотир, бекор карда намешавад, изҳор дошт Наргис Ёдгорӣ, сармутахассиси бахши таъминоти ҳуқуқии Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон, ба хабарнигорон.

Пулситонӣ – 80 дирамии ҳармоҳа бекор мешавад: Хадамот асосе надошт?

“Ин хилофи Қонуни ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон буд. Муштарӣ ҳангоми ба даст овардани симкорт ва истифодааш пули онро пардохт кардааст. Мутаассифона, ин тартиб то соли 20 омад. Ҳоло мо ба ин натиҷа расидем, ки тартиби ситонидани маблағи хизматрасонии рақамгузориро бекор кунем, на худи хизматрасониро”, - гуфт Наргис Ёдгорӣ.

Ба қавли ӯ, нархномаи хизматрасониҳои Хадамоти алоқа ҳанӯз соли 2015 бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ мувофиқа карда шудааст ва рақампулӣ ба маблағи 80 дирам, ки дар ин нархнома ҳаст, ҳам асоси иқтисодӣ ва ҳам ҳуқуқӣ дорад.

Ҳамин тавр, Хадамоти зиддинҳисорӣ 26 феврали соли равон фармоишеро таҳти рақами №10 дар бораи танзими хизматрасонии рақамгузорӣ дар бозори хизматрасонии соҳаи алоқа содир намуда, ба ширкатҳои мобилӣ фиристод. Бино ба он, ширкати мобилӣ муваззаф шудааст, рақампулиро бевосита аз мардум нагирад, балки онро алоҳида аз ҳисоби худ пардохт кунад.

Қиссаи аҷибу ғариб

Қиссаи рақампулии 80-дирама ба панҷ соли пеш бармегардад. Он замон ширкатҳои мобилӣ зимни як паёмак муштариёни худро огоҳ карда буданд, ки дар асоси фармоиши “мақомоти танзим” аз 1-уми июли соли 2015 пардохти муштарипулии ҳармоҳа барои истифодаи рақам 80 дирам ситонда мешавад. Бархе ширкатҳо Хадамоти алоқа ва бархеи дигар дар канори он Хадамоти зиддиинҳисориро низ зикр карда, вазоҳат дода буданд, ки тасмим бо дастури онҳо гирифта мешавад.

Интиқоди Раҳмон аз интернети суст ва дастур ба Хадамоти алоқа

Тибқи иттилои расмӣ, соли 2015 ҳудуди 6,5 (ҳоло 6,9) миллион симкорти фаъол дар ихтиёри мардум қарор дошт ва бино ба ҳисобҳои тахминӣ, дар пайи роҳандозии ин иқдом ҳамасола беш аз 60 миллион сомонӣ аз кисаи мардум мустақим ба ҳисоби Хадамоти алоқа мерехт. Бо гузашти қариб 5 сол аз роҳандозии ин иқдом чанд рӯзи қабл ширкатҳои мобилии Тоҷикистон бо ирсоли як паёмаки дигар муштариёнро бо Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи истеъмолкунандагон (15 март) шодбош гуфта, дар зимн хабар доданд, ки “бар асоси фармоиши Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон аз 1 майи соли 2020 ситонидани бевоситаи пардохт барои истифодабарии рақам 80 дирам аз муштарӣ қатъ карда мешавад”.

Ин хабари нав набуд. Рӯзи 29 январи соли равон Абдулмаҷид Мубин, сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ зимни нишасти матбуотӣ гуфта буд, ки аз ҳамаи ширкатҳои мобилӣ, инчунин Хадамоти алоқа расман тақозо шудааст, то ситондани 80 дирам аз муштариёнашонро асоснок кунанд. Вай гуфт, ин масъала пурра таҳлилу баррасӣ мешавад. ва ваъда дод, ки то як моҳи дигар натиҷаҳоро дар ихтиёри ҷомиа хоҳад гузошт.

“Кори мо набуд...”

Ин қисса ҳамин гуна мисли афсона ба интиҳои хушу хурсандонаи худ мерасад, аммо хабари ахир дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои гуногунро ба вуҷуд овард. Қабл аз ҳама, ин суолҳо матраҳ шуданд: чаро Хадамоти инҳисорӣ панҷ соли пеш ин иқдомро таъйид кард, ҳоло такзиб мекунад? Чаро тайи панҷ соли гузашта боре ба ин мавзӯъ таваҷҷуҳ накард ва ҳоло кардааст? Агар ин "пардохт" ғайриқонунӣ буд, оё касе муҷозот хоҳад шуд? Сарнавишти миллионҳо сомоние, ки аз муштариён мустақим ситонида шуд, чӣ мешавад?

Қайди беш аз 6,8 миллион истифодабарандагони алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон

Аз он чӣ масъулини Хадамоти зиддиинҳисорӣ мегӯянд, бармеояд, ки тағйир дар тартиби ситонидани маблағи хизматрасонии рақамгузорӣ омадааст, на худи хизматрасонӣ ва бино ба он, аз ин ба баъд бори масъулияти пардохти 80 дирам аз шонаҳои муштариён афтида, бар шонаҳои ширкатҳои мобилӣ гузошта мешавад.

Масъулини ширкатҳои мобилӣ дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон танҳо ба ин нукта ишорат карданд, ки онҳо аз “мақомоти танзим” фармон мебаранд ва фақат онҳо медонанд, ки чаро ҳамчунин тасмим гирифта буданд ва ҳоло чаро аз он даст мекашанд.

Касе ҷазо намегирад

Наргис Ёдгорӣ, сармутахассиси бахши таъминоти ҳуқуқии Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, тасмими ахир сирфан ташаббуси худи ин ниҳод буд. Вай гуфт, ягон муштарӣ ва ё ширкати мобилӣ дар гузашта боре ҳам дари Хадамотро накӯфта ва аз рақампулӣ шикоят накардааст.

Се сол зиндон ё то 82 ҳазор сомонӣ ҷарима: шарҳи ҷазо барои додани симкорт ба нафари дигар

“Қарор ё фармоиши мо набуд. Аз Хадамоти алоқа мактуб ворид шуда буд, ки ин тартибро чӣ гуна амалӣ кунем. Хадамоти зиддиинҳисорӣ он замон на фармоиш, ки ҳоло содир кардем, балки зимни як мактуб фақат дастур дода буд, ки ҳангоми ситонидани маблағҳо истеъмолкунандаро қаблан огоҳ намоед. Ин мактуб дар дасти ҳама ҳаст. Аммо худи рақампулӣ ғайриқонунӣ нест, зеро дар нархномаи Хадамоти алоқа вуҷуд дораду мувофиқа шудааст, аз ин хотир, намешавад ягон касро муҷозот кард. Ҳамчунин рақампулие, ки то ин замон муштариён пардохт мекарданд, Хадамоти алоқа гирифта, таслими буҷа кардааст”, - гуфт Наргис Ёдгорӣ.

Бино ба иттилои Хадамоти зиддиинҳисорӣ, 80 дирам маблағи куллии рақампулӣ аст, дар асл он 60,6 дирам арзиш дошта, бақияи он андоз аз арзиши изофа ва аксиз аст. Ба ҳамин минвол, 14 дирами рақампулӣ бидуни ҳеҷ баҳс ба буҷети марказӣ мерехт.

Хадамоти алоқа делели баста шудани Фейсбуку Одноклассникиро нагуфт

Огаҳони ҳол бар инанд, ки мавзӯъи рақампулии 80 – дирама таҳқиқи густардаеро тақозо мекунад, чун норӯшаниҳои зиёд дорад. Раҷаби Мирзо, рӯзноманигор ва фаъоли маданӣ, мегӯяд, мавзӯъ ба таҳаввулоте рабт мегирад, ки дар раҳбарии ниҳодҳо ба вуҷуд омадааст. Вай афзуд, раҳбарони қаблии Хадамоти зиддиинҳисорӣ амалан ба ҳеҷ як пешниҳод ё мактубе, ки бо имзои раиси кунунии Хадамоти алоқа Бек Сабур наметавонистанд посухи рад диҳанд:

“Агар дуруст бингарем, ин сарусадоҳо сари 80 дирам пас аз сари кор омадани раҳбарияти кунунии Хадамоти зиддиинҳисорӣ иттифоқ афтодааст. Мавқеи Бек Сабур низ на фақат дар вазифаи расмӣ, балки дигар фаъолиятҳояш, аз ҷумла тиҷоратҳояш, ларзон шудааст. Он чӣ, ки дар ин норӯшаниҳо бидуни ягон шакку гумон рӯшан аст, ҳамоно пули мардум аст, ки ин ҳама сол аз сӯи Хадамоти алоқа ситонида шудааст. Он ситонида шудааст ва ғайриқонунӣ. Агар рақампулӣ дар нархнома ҳаст ва пулаш ба буҷет мерафт, онро ҷудо карда, ин ҳама ҷанҷолу гуфтугузорро халқ кардан ба кадом хотир буд? Ин ҷо гапе ҳаст, ки фақат барои мо – муштариён маълум нест”, - гуфт Раҷаби Мирзо.