ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Бар асоси қарори Ҳукумат дар бораи вазифаҳо барои соли 2020, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон 3 феврал имзо кардааст, Хадамоти алоқа муваззаф шуд, суръату сифати интернетро беҳбуд бахшад, хабар додааст "Ховар".
Ба иттилои манбаъ, раисиҷумҳури Тоҷикистон суръати пасти интернетро яке аз омилҳои боздорандаи иқтисод, тиҷорат, фарҳанг, маориф ва сайёҳӣ хонда, мақомотро барои бартараф кардани ин мушкилӣ муваззаф намуд.
Ин дар ҳолест, ки тибқи гузориши нави Speedtest Global Index Тоҷикистон аз рӯи суръати интернети мобилӣ як зинаи дигар қафо рафта, миёни 140 давлати дунё ба ҳаштгонаи қафомондатаринҳо шомил гардидаст.
Дар Тоҷикистон иҷозатномаи 5G – ро танҳо Tcell гирифт
“Speedtest Global Index” Тоҷикистонро дар радабандии ҷадидаш аз рӯи суръати интернети мобилӣ дар ҷойи 133 ва аз руйи интернети ноқилӣ дар зинаи 109 қарор додааст.
Дар гузориши “Speedtest Global Index”, ки бар асоси нишондодҳои моҳи январ таҳия шудааст, суръати интернети мобилии Тоҷикистон, барои боргирӣ 8,98 Мбит дар сония ва барои воридсозӣ 5,04 Мбит дар сония арзёбӣ шудааст. Дар ҳоле ки суръати миёнаи интернети мобилӣ дар ҷаҳон 23,8 Мбит ва баландтарин 87,1 Мбит/сония баҳогузорӣ шудааст.
Ин гузориш инчунин интернети ноқилиро низ фаро гирифтааст, ба пояи он миёни 176 кишвар дар зинаи 109 қарор гирифтааст. Бар пояи гузориш дар Тоҷикистон боргирӣ тавассути интернети ноқилӣ 22,75 Мбит дар сония ва боргузорӣ бошад 23,82 Мбит дар сонияро ташкил медиҳад.
Миёни кишварҳои ИДМ Русия дар зинаи 96, Қазоқистон дар ҷойи 103-ум, Қирғизистон - 115-ум ва Ӯзбекистон - 132-ум мебошанд.