Хадамоти алоқа делели баста шудани Фейсбуку Одноклассникиро нагуфт

© Sputnik / Наталья Селиверстова / Гузариш ба медиабонкСоциальные сети
Социальные сети - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон аз шарҳи далели масдуд шудани шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон худдорӣ кард ва аз хабарнигорон хоҳиш кард, ки ин саволашонро ба Маркази ягонаи коммуникатсионӣ диҳанд

ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Дар Тоҷикистон фаъолияти шабакаҳои иҷтимоии Фейсбук, Одноклассники, Ютуб ва дигар мессенҷерҳо қатъ шудаанд. Дар ин бора корбароне хабар додаанд, ки ба ин шабакаҳо тариқи VPN ворид мешаванд.

Инчунин дар истифодаи Вайбер, Вотсап ва Телеграм низ маҳдудиятҳо ба назар мерасанд.

 Хадамоти алоқаи Тоҷикистон сабаби қатъ гаштани истифодаи мессенҷер ва шабакаҳои иҷтимоиро шарҳ дода натавонистаанд ва гуфтаанд, "ба Маркази ягонаи коммуникатсионӣ муроҷиат кунед".

Намояндаи Маркази ягонаи коммуникатсионӣ ба хабарнигори РИА Новости гуфтааст, "аз мо вобаста нест".

“Мо танҳо интиқоли интернетро таъмин мекунем. Маҳдудкунии шабакаҳои иҷтимоӣ аз мо вобаста нест”, - изҳор доштаанд аз марказ.

Бори аввал нест, ки дар Тоҷикистон шабакаҳои иҷтимоиро масдуд мекунанд. Дар кишвар бори охир моҳи августи соли равон пас аз ҳодисаи ҳамла ба сайёҳон дар Данғара фаъолияти шабакаҳои иҷтимоӣ қатъ шуда буданд.

Лентаи хабарҳо
0