Се сол зиндон ё то 82 ҳазор сомонӣ ҷарима: шарҳи ҷазо барои додани симкорт ба нафари дигар

© © SputnikСим-карта, архивное фото
Сим-карта, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон эълон кард, ки додани симкорте, ки ба номи як шахс сабт шудааст, барои истифода ба шахси дигар қатъиян манъ мебошад

ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Илҳомҷон Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ҷазо барои додани симкорт ба шахси дигар ё ғайриқонунӣ машғул шудан ба симкортфурӯширо шарҳ дод.

Сайджафар Исмонов. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Вазъ изтирорӣ нест: вакили парлумон хост, Ҳукумат муҳлати сабти симкортро дароз кунад

Ба иттилои Атоев, агар симкортфурӯш баъди як соли татбиқи ҷазои маъмурӣ дубора ба симкортфурӯшии ғайриқонунӣ даст занад, алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ кушода хоҳад шуд ва нисбаташ ҳукми зиндон, ё ҷарима аз 600 то 800 нишондиҳанда барои ҳисобҳо татбиқ мегардад. Як нишондиҳанда барои ҳисобҳо феълан дар кишвар ба 55 сомонӣ баробар буда, ҷарима барои симкортфурӯшии ғайриқонунӣ аз 33 ҳазор то 44 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Муовини раиси Хадамоти алоқа инчунин таъкид кард, ки додани симкорте, ки ба номи худат сабт шудааст, ба нафари дигар мамнуъ мебошад.

Замена сим-карты, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Суҳбати муовини Бег Сабур дар бораи сабти симкортҳо бо шиносномаҳои нав

Илҳомҷон Атоев инчунин шарҳ дод, ки агар симкорт барои истифода ба шахси дигар дода шаваду он дар ҷиноятҳои хусусияти террористӣ-экстремистӣ дошта истифода шавад, соҳиби симкорт аз 2 то 3 соли зиндон ё аз 800 то 1500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷаримабандӣ мешавад.  Ҳаҷми ҷаримаи соҳиби симкорт дар ин ҳолатҳо аз 44 то 82,5 ҳазор сомониро ташкил хоҳад дод.

Масъулин таъкид намуданд, ки тағйироти дахлдор аллакай ба Кодекси маъмурӣ ва ҷиноӣ ворид гардидаанду дар нашрияи расмӣ низ чоп шудаанд ва феълан мавриди амал қарор доранд.

Лентаи хабарҳо
0