ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Хадамоти алоқаи Тоҷикистон имрӯз зимни як нишасти матбуотӣ қайд карданд, ки шумори умумии симкортҳои истифодабарандагони алоқаи мобилӣ дар ҷумҳурӣ ба 6 миллиону 892 ҳазору 22 ададро ташкил медиҳад, аз он ҷумла 4 миллиону 838 ҳазору 891 нафарашон муштариёни фаъол мебошанд.
Ҳамчунин манбаъ қайд кардааст, ки Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо операторҳои алоқаи мобилӣ, ба ҳолати 31 декабри соли 2019, чорабиниҳои азнавбақайдгирии симкортҳои алоқаи мобилиро бо шиносномаи шаҳрвандӣ намунаи соли 2014 дар ҳаҷми 3 миллиону 36 ҳазору 433 муштарӣ ба қайд гирифтаанд.
“Айни ҳол, истифодабарандагони алоқаи мобилие, ки то ҳол симкортҳояшон бо шиносномаи шаҳрванди Тоҷикистон намунаи соли 1996 дар фаъолият мебошанд ва тибқи Тартиби мазкур азнавбақайдгириро нагузаштанд – 3 миллиону 855 ҳазору 789 ададро ташкил медиҳҳад”, - таъкид дошт масъулини хадамоти алоқа.