Нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар Тоҷикистон чӣ гуна тағйир ёфтааст?

© unsplash / Jakub ŻerdzickiПодсчет налогов
Подсчет налогов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.11.2026
Обуна шудан
Нишондиҳанда барои ҳисобщо воҳиди универсалӣ мебошад, ки аз ҷониби давлат муқаррар карда шудааст ва дар Тоҷикистон барои ҳисоб кардани пардохтҳои гуногун истифода мешавад
ДУШАНБЕ, 29 ноябр – Sputnik. Нишондиҳанда барои ҳисобщо дар Тоҷикистон 3 сомонӣ афзоиш хоҳад ёфт.
Аз 1 январи соли 2027 сар карда, он аз 78 ба 81 сомонӣ тағйир хоҳад ёфт.
Аз соли 2015 то 2020, ин маблағ ҳар ду сол ислоҳ мешуд.
Аз соли 2020 сар карда, он солона афзоиш меёбад - тағйиротро дар нишондищанда барои щисобщо дар тасвирбаёни Sputnik Тоҷикистон бубинед.
Нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар Тоҷикистон аз соли 2020 чӣ гуна тағйир ёфт?
Нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар Тоҷикистон аз соли 2020 чӣ гуна тағйир ёфт? - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.11.2026
Нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар Тоҷикистон аз соли 2020 чӣ гуна тағйир ёфт?
Хотиррасон бояд кард, ки ин нишондиҳанда барои ҳисоб кардани андозҳо, боҷҳо, ҷаримаҳо ва пардохтҳои ҳатмӣ истифода мешавад. Он инчунин барои ҳисоб кардани кӯмакпулиҳо ва пардохтҳои иҷтимоӣ истифода мешавад.
Нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар Тоҷикистон маблағи пулии муқарраршудаест, ки ҳар сол дар Қонун "Дар бораи Буҷети давлатӣ" бо назардошти сатҳи таваррум муайян ва тасдиқ карда мешавад.

Маблағи ниҳоӣ аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод шуда, аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ дар доираи Қонуни Буҷети давлатӣ барои соли навбатии молиявӣ тасдиқ мегардад.
Нишондиҳанда барои ҳисобҳо чист ва чаро он дар Тоҷикистон афзоиш меёбад?-видео
Ин нишондиҳанда барои он таҳияшудааст, ки бидуни ислоҳи ҳарсолаи қонун, ҳаҷми пардохтҳоро ба таври автоматӣ танзим кунанд.

Аз рӯи он маблағҳои зерин ҳисоб карда мешаванд:
андозҳо ва боҷҳои давлатӣ;
ҷаримаҳои маъмурӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳо (аз ҷумла ҷаримаҳои роҳ);
Барои муайян кардани маблағи мушаххас, сатҳи таваррум, ки барои сол пешбинӣ шудааст, ба назар гирифта мешавад.
Лентаи хабарҳо
0