Нишондиҳанда барои ҳисобҳо чист ва чаро он дар Тоҷикистон афзоиш меёбад?-видео

Обуна шудан
Аз 1 январи соли 2027 ин нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар Тоҷикистон афзоиш меёбад. Тибқи маълумот, он се сомонӣ, аз 78 то 81 афзоиш хоҳад ёфт
Нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар Тоҷикистон маблағи пулии муқарраршудаест, ки ҳар сол дар Қонун "Дар бораи Буҷети давлатӣ" бо назардошти сатҳи таваррум муайян ва тасдиқ карда мешавад.

Маблағи ниҳоӣ аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод шуда, аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ дар доираи Қонуни Буҷети давлатӣ барои соли навбатии молиявӣ тасдиқ мегардад.

Ин нишондиҳанда барои он таҳияшудааст, ки бидуни ислоҳи ҳарсолаи қонун, ҳаҷми пардохтҳоро ба таври автоматӣ танзим кунанд.

Аз рӯи он маблағҳои зерин ҳисоб карда мешаванд:

андозҳо ва боҷҳои давлатӣ;

ҷаримаҳои маъмурӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳо (аз ҷумла ҷаримаҳои роҳ)
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон бо коршиноси соҳаи иқтисодӣ Фозилҷон Фаттулоев дар бораи он ки нишондиҳандаи ҳисобкунӣ чист, чӣ гуна ҳисоб карда мешавад ва чаро ин система дар Тоҷикистон роиҷ аст, сӯҳбат кард.
Ин нишондиҳанда пайваста дар афзоиш аст.
Агар солҳои 2015-2016 он ба 40 сомонӣ баробар бошад, дар давоми 10 сол ду маротиба афзудааст.
Тибқи шарҳи коршиносон асосан барои ҷуброни таъсири таваррум буда, таъсири он ба қобилияти пардохти аҳолӣ маҳдуд аст
Лентаи хабарҳо
0