https://sputnik.tj/20261129/khojagi-aholi-sahm-khud-kishovarz-tojikiston-1082675986.html
Хоҷагиҳои аҳолӣ саҳми худро дар кишоварзии Тоҷикистон 5 банд афзуданд
Хоҷагиҳои аҳолӣ саҳми худро дар кишоварзии Тоҷикистон 5 банд афзуданд
Sputnik Тоҷикистон
Дар даҳ моҳи соли 2026 ҳиссаи хоҷагиҳои аҳолӣ дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 53,9 фоиз расид. Соли гузашта ин нишондод 48,7 фоиз буд
2026-11-29T16:32+0500
2026-11-29T16:32+0500
2026-11-29T16:32+0500
дар тоҷикистон
хоҷагидорӣ
озуқаворӣ
чорво
гӯшт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/05/15/1077723171_0:57:3035:1764_1920x0_80_0_0_18ead5d05a4e183c2911b494621c5124.jpg
ДУШАНБЕ, 29 ноя- Sputnik. Дар моҳҳои январ–октябри соли 2026 дар Тоҷикистон ба маблағи 79,4 миллиард сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол шуд. Бо нархҳои муқоисавӣ ин 8,3 фоиз зиёд аз ҳамин давраи соли гузашта аст. Растанипарварӣ 8,6 фоиз ва чорводорӣ 7,5 фоиз афзудааст. Дар ин бора аз хадамоти Агентии омори назди Президенти Тоҷикистон иттилооъ доданд.Тағйироти асосӣ дар сохтори истеҳсолот ба назар мерасад. Ҳиссаи хоҷагиҳои аҳолӣ дар як сол аз 48,7 то 53,9 фоиз боло рафт. Дар ҳамин ҳол ҳиссаи хоҷагиҳои деҳқонӣ аз 38,6 то 32 фоиз коҳиш ёфт, хоҷагиҳои ҷамъиятӣ бошанд, саҳми худро аз 12,7 то 14,1 фоиз зиёд карданд.Ин раванд дар ҳама минтақаҳо дида мешавад, вале суръаташ гуногун аст. Бештар аз ҳама вилояти Хатлон пеш рафт: ҳиссаи хоҷагиҳои аҳолӣ дар ин ҷо аз 55,5 то 62,3 фоиз расид. Дар вилояти Суғд ин нишондод аз 36,7 то 40,8 фоиз, дар ВМКБ аз 57,2 то 58,4 фоиз ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз 49,8 то 50,1 фоиз афзуд.Суғд бо вуҷуди афзоиш ягона минтақаест, ки дар он хоҷагиҳои аҳолӣ камтар аз нисфи маҳсулотро медиҳанд. Эҳтимол, ба гуфти коршиносон сабаб дар он аст, ки дар вилоят хоҷагиҳои деҳқонӣ ва корхонаҳои калони кишоварзӣ мавқеи мустаҳкам доранд.Бартарии хоҷагиҳои аҳолӣ пеш аз ҳама ба чорводорӣ вобаста аст. Тибқи маълумоти омор, 94 фоизи чорвои калони шохдор ва 82,5 фоизи гӯсфанду бузи кишвар дар ихтиёри аҳолӣ мебошад ва беш аз 93 фоизи гӯшт маҳз дар ҳавлиҳои шахсӣ истеҳсол мешавад. Ғалладона, пахта ва дигар зироатҳои техникӣ бошад, асосан дар хоҷагиҳои деҳқонию ҷамъиятӣ парвариш меёбанд.Нақши хоҷагиҳои аҳолӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва даромади оилаҳои деҳот калон аст. Аммо қитъаҳои хурд, ки ба ҳисоби миёна тақрибан чоряк гектарро ташкил медиҳанд, истифодаи техникаи муосир ва баланд бардоштани ҳосилнокиро душвор мегардонанд. Аз ин рӯ, масъалаи кооператсия ва дастрасии хоҷагиҳои хурд ба қарз, тухмии сифатнок ва бозори фурӯш барои рушди минбаъдаи соҳа муҳим боқӣ мемонад
https://sputnik.tj/20261027/tojikiston-istehsol-gusht-qarib-1081557910.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/05/15/1077723171_153:0:2884:2048_1920x0_80_0_0_d494aa71cb9b9b2af3ab97402604bc25.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, хоҷагидорӣ, озуқаворӣ, чорво, гӯшт
дар тоҷикистон, хоҷагидорӣ, озуқаворӣ, чорво, гӯшт
Хоҷагиҳои аҳолӣ саҳми худро дар кишоварзии Тоҷикистон 5 банд афзуданд
Дар даҳ моҳи соли 2026 ҳиссаи хоҷагиҳои аҳолӣ дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 53,9 фоиз расид. Соли гузашта ин нишондод 48,7 фоиз буд
ДУШАНБЕ, 29 ноя- Sputnik. Дар моҳҳои январ–октябри соли 2026 дар Тоҷикистон ба маблағи 79,4 миллиард сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол шуд.
Бо нархҳои муқоисавӣ ин 8,3 фоиз зиёд аз ҳамин давраи соли гузашта аст. Растанипарварӣ 8,6 фоиз ва чорводорӣ 7,5 фоиз афзудааст.
Дар ин бора аз хадамоти Агентии омори назди Президенти Тоҷикистон иттилооъ доданд.
Тағйироти асосӣ дар сохтори истеҳсолот ба назар мерасад.
Ҳиссаи хоҷагиҳои аҳолӣ дар як сол аз 48,7 то 53,9 фоиз боло рафт. Дар ҳамин ҳол ҳиссаи хоҷагиҳои деҳқонӣ аз 38,6 то 32 фоиз коҳиш ёфт, хоҷагиҳои ҷамъиятӣ бошанд, саҳми худро аз 12,7 то 14,1 фоиз зиёд карданд.
Ин раванд дар ҳама минтақаҳо дида мешавад, вале суръаташ гуногун аст. Бештар аз ҳама вилояти Хатлон пеш рафт: ҳиссаи хоҷагиҳои аҳолӣ дар ин ҷо аз 55,5 то 62,3 фоиз расид. Дар вилояти Суғд ин нишондод аз 36,7 то 40,8 фоиз, дар ВМКБ аз 57,2 то 58,4 фоиз ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз 49,8 то 50,1 фоиз афзуд.
Суғд бо вуҷуди афзоиш ягона минтақаест, ки дар он хоҷагиҳои аҳолӣ камтар аз нисфи маҳсулотро медиҳанд. Эҳтимол, ба гуфти коршиносон сабаб дар он аст, ки дар вилоят хоҷагиҳои деҳқонӣ ва корхонаҳои калони кишоварзӣ мавқеи мустаҳкам доранд.
Бартарии хоҷагиҳои аҳолӣ пеш аз ҳама ба чорводорӣ вобаста аст.
Тибқи маълумоти омор, 94 фоизи чорвои калони шохдор ва 82,5 фоизи гӯсфанду бузи кишвар дар ихтиёри аҳолӣ мебошад ва беш аз 93 фоизи гӯшт маҳз дар ҳавлиҳои шахсӣ истеҳсол мешавад.
Ғалладона, пахта ва дигар зироатҳои техникӣ бошад, асосан дар хоҷагиҳои деҳқонию ҷамъиятӣ парвариш меёбанд.
Нақши хоҷагиҳои аҳолӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва даромади оилаҳои деҳот калон аст.
Аммо қитъаҳои хурд, ки ба ҳисоби миёна тақрибан чоряк гектарро ташкил медиҳанд, истифодаи техникаи муосир ва баланд бардоштани ҳосилнокиро душвор мегардонанд.
Аз ин рӯ, масъалаи кооператсия ва дастрасии хоҷагиҳои хурд ба қарз, тухмии сифатнок ва бозори фурӯш барои рушди минбаъдаи соҳа муҳим боқӣ мемонад