Гӯшт, шир ва тухм: Дар Тоҷикистон истеҳсоли маҳсулоти чорводорӣ афзоиш ёфт

© Sputnik / Виталий Тимкив
/ Обуна шудан
Дар Тоҷикистон истеҳсоли тамоми навъҳои асосии маҳсулоти чорводорӣ: гӯшт, шир, тухм ва пашм зиёд шудааст
ДУШАНБЕ, 27 окт - Sputnik. Дар Тоҷикистон истеҳсоли гӯшт афзоиш ёфт. Давоми моҳҳои январ - сентябри соли 2026 дар ҳама категорияҳои хоҷагиҳои ҷумҳурӣ 227,9 ҳаз. тонна гӯшти чорвои калон ва майда истеҳсол шуд.
Ин нишондод, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 15% зиёд мебошад, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти Тоҷикистон.
Бештари гӯшт дар вилояти Суғд - 26,1% ва баъдан вилояти Хатлон - 13,7% истеҳсол шудааст. Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ин нишондиҳанда 4,6% ва дар ВМКБ 1,4% афзудааст.
Парандапарварӣ рушд мекунад

Бо рушди соҳаи парандапарварӣ дар ҷумҳурӣ истеҳсоли маҳсулоти он низ рушд ёфта истодааст. Дар давраи ҳисоботӣ дар ҳамаи категорияи хоҷагиҳо 36,3 ҳаз. тонна гӯшти паранда истеҳсол шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,9% зиёд мебошад.
Саҳми бештарро вилояти Суғд гузоштааст: дар ин ҷо 16,9 ҳаз. тонна гӯшти парранда истеҳсол шуда, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли гузашта 109,9%-ро ташкил додааст. Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 10,4 ҳаз. тонна (102,7%) , дар вилояти Хатлон 8,8 ҳаз. тонна (102,5%) ва дар ВМКБ 72 тонна (104,0 % ) гӯшти паранда ба даст оварда шудаст.

Шир, тухм ва пашм
Ҳаҷми умумии истеҳсоли шир дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 770,4 ҳаз. тонна расид, ки 4,2% зиёд аст. Дар ин самт низ вилояти Суғд пешсаф аст- истеҳсоли шир дар хоҷагиҳои вилоят 13% афзудааст. Дар ВМКБ ин нишондиҳанда 1,2 % ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 0,6 % афзудааст.
Дар нӯҳ моҳи сол 1063,8 млн дона тухм истеҳсол гардид, ки нисбат ба соли 2025-ум 3 % зиёд аст. Афзоиши зиёд дар вилояти Хатлон (8,7 %) мушоҳида мешавад. Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ истеҳсоли тухм 5,1%, дар ВМКБ 2,2% ва дар вилояти Суғд 1,3% зиёд шудааст.

Ҳамчунин дар давраи ҳисоботӣ 8128,2 тонна пашм истеҳсол карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,2% зиёд аст.