Тоҷикистон аз рӯи шумораи донишҷӯён дар ҶУ ба сегонаи пешсаф ворид шуд

© Sputnik
Обуна шудан
Дар баробари ин, Тоҷикистон барои шаҳрвандони Узбекистон, яке аз самтҳои афзалиятнок барои сайёҳат боқӣ мемонад
ДУШАНБЕ, 28 ноябр – Sputnik. Аз рӯи шумораи донишҷӯён дар Ӯзбекистон Тоҷикистон ба қатори сегонаи пешсаф ворид шуд.
Дар ин бора, Агентии омори Ҷумҳурии Узбекистон хабар додааст.
Бино ба додаҳои ин ниҳод, давоми даҳмоҳаи аввали соли равон беш аз 3,7 ҳаз. шаҳрванди Тоҷикистон бо ҳадафи таҳсил вориди Ӯзбекистон шудаанд.
Аз лиҳози шумораи донишҷӯёни хориҷӣ дар Ӯзбекистон, шаҳрвандони Туркманистон ва Ҳиндустон пешсафанд, афзуд манбаъ.

Дар баробари ин, Тоҷикистон низ барои шаҳрвандони Узбекистон аз макони қобили таваҷҷӯҳ боқӣ мемонад. Аз рӯи шумораи шаҳрвандони хориҷӣ, ки вориди Тоҷикистон шудаанд, Узбекистон дар ҷои аввал қарор доранд.
Миёни хориҷиҳои воридшуда ба ҷумҳурӣ дар нуҳ моҳ 842 ҳаз. нафарашон аз Ӯзбекистон ё қариби 49%-и шумораи умумиро ташкил додаанд, афзуд манбаъ.
Сеяки хориҷиҳое, ки дар нуҳмоҳаи аввали соли равон ба Тоҷикистон ворид шудаанд. русиягиҳо будаанд.
Шумораи русиягиҳо беш аз 513 ҳаз. нафар ё қариби 30%-и шумораи умумиро ташкил додааст, иттилоъ дод Агентии омори Тоҷикистон.
Инчунин аз Қирғизистон 150 ҳаз, Қазоқистон - 36 ҳаз. ва Туркманистон 5 ҳаз. нафар ворид шудаанд, афзуд манбаъ.
Инчунин аз Қирғизистон 150 ҳаз, Қазоқистон - 36 ҳаз. ва Туркманистон 5 ҳаз. нафар ворид шудаанд, афзуд манбаъ.
Дар ҷойи чорум ва панҷум шаҳрвандони Қирғизистон ва Чин қарор доранд.
Дар баробари ин, дар умум, сафари тоҷикистониҳо ба хориҷа қариби 2% афзоиш ёфтааст.
Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар нуҳмоҳаи аввали соли равон ба хориҷа сафар кардаанд, қариби 2,9 млн нафарро ташкил додааст.
Ин дар муқоиса бо январ - сентябри соли гузашта беш аз 38 ҳазор нафар зиёд мебошад, иттилоъ дод Агентии омори Тоҷикистон.