Дар Рашт раванди автоматикунонии баҳисобгирии барқ тезонида мешавад

© Sputnik / Сергей Мальгавко / Гузариш ба медиабонкЛинии электропередачи
Линии электропередачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.11.2026
Обуна шудан
Дар навоҳии минтақаи Рашт тарҳи вижа амалӣ мегардад, ки барои баланд бардоштани сатҳи шаффофияти ҳисоббаробаркуниҳо кумак хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 28 ноябр – Sputnik. Дар Раштонзамин раванди автоматикунонии баҳисобгирии нерӯи барқ тезонида мешавад.
Барои тезонидани ин раванд, вазири энержии Тоҷикистон Далер Ҷумъа зимни сафари корӣ ба ин минтақа ба масъулин дастур додааст, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Вазорати энергетика.
Гуфта мешавад, ки вазир дар идомаи сафари корӣ бо рафти татбиқи лоиҳаи "Низоми автоматикунонидашудаи назорат ва баҳисобгирии энергияи барқ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ" шинос гардидааст.
Тибқи гузориши вазорат, лоиҳаи мазкур бо мақсади такмили низоми назорат ва баҳисобгирии истеъмоли неруи барқ, коҳиш додани талафоти он, баланд бардоштани сатҳи шаффофияти ҳисоббаробаркуниҳо ва беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ба истифодабарандагон амалӣ карда мешавад.

"Дар доираи лоиҳа насби ҳисобкунакҳои зеҳнӣ, ҷорӣ намудани низоми муосири ҷамъоварӣ ва коркарди маълумот оид ба истеъмоли неруи барқ, инчунин қисман навсозӣ ва таҷдиди шабакаҳои барқӣ пешбинӣ гардидааст", - омадааст дар хабарнома.

Дар ин росто, зимни шиносоӣ вазир ба масъулини соҳа ҷиҳати таъмини иҷрои босифат ва саривақтии корҳои пешбинишуда, риояи талаботи меъёрҳои техникӣ ва қоидаҳои бехатарӣ, фарогирии пурраи муштариён ба низоми нави баҳисобгирӣ дастуру супоришҳои мушаххас додааст.
Солнечная электростанция - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.11.2026
Панелҳои офтобӣ ва чароғҳои LED: Тавсияҳои Вазорат барои сарфаи қувваи барқ
Ҳамчунин вазир дар рафти ин сафар бо кори як қатор нерӯгоҳҳои маҳаллӣ аз қабили "Фатҳобод", НБО-ҳои хурди "Питовқул-1" ва "Питовқул-2", "Шашволон" ва "Сангикар" ошно шуд.
Коршинос натиҷаҳои энергетикии солро дар Тоҷикистон ва ОМ ҷамъбаст кард: Видео
Вазир зимни шиносоӣ бо вазъи иншоот имкониятҳои барқарорсозии фаъолияти неругоҳҳои хурди барқи обиро баррасӣ намуд.
Лентаи хабарҳо
0