https://sputnik.tj/20261128/korshinos-khuruj-tojikiston-dodgoh-sharh-1082649759.html
Коршинос сабаби хуруҷи Тоҷикистон аз Додгоҳи байналмилалии ҷиноиро шарҳ дод
Коршинос сабаби хуруҷи Тоҷикистон аз Додгоҳи байналмилалии ҷиноиро шарҳ дод
Sputnik Тоҷикистон
Коршиноси тоҷик сабаби хуруҷи Тоҷикистон аз Додгоҳи байналмилалии ҷиноиро ба сиёсизада будани созмон рабт дод
2026-11-28T10:31+0500
2026-11-28T10:31+0500
2026-11-28T11:31+0500
дар тоҷикистон
андеша
смм
ҷиноӣ
коршинос
сабаб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0b/1b/1082635983_0:186:3072:1914_1920x0_80_0_0_4ec1719dfb98cffcbcb282ff9fdbafe1.jpg
ДУШАНБЕ, 28 ноябр – Sputnik. Тоҷикистон иддао дорад, ки фаъолияти Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ сиёсӣ аст.Чунин андешаро сиёсатшиноси тоҷик Неъматулло Мирсаидов дар бораи хуруҷуи Тоҷикистон аз Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ дар суҳбат бо RT иброз дошт.Коршинос ёдовар шуд. ки Тоҷикистон ду соли охир ба он айбдор карда мешавад, ки қарори Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноиро дар бораи айбдор кардани президенти Русия Владимир Путин иҷро накардааст.Вале, дар баробари ин, талаботи Иттиҳоди Аврупо, худи Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ ва як қатор созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар, ба монанди Human Rights Watch ва Amnesty International, ба назар дахолаткунанда ва доимӣ, вале бемаънӣ менамуданд, қайд кард коршинос."Зеро онҳо хуб медонистанд, ки Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ чунин қарорро иҷро нахоҳад кард", - афзуд Мирсаидов.Хуруҷи Тоҷикистон аз Додгоҳи Байналмилалии ҶиноӣТоҷикистон Асосномаи Румро дар 30 ноябри 1998 имзо карда, 5 майи соли 2000 онро ба тасвиб расонд ва ин санад аз 1 июли 2002 барои Тоҷикистон лозимулиҷро шуд. То соли 2024, ҷумҳурӣ ягона кишвари ИДМ буд, ки узвият дар Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ дошт ва дар фазои пасошӯравӣ истиснои мутлақ боқӣ мемонд.Тирамоҳи соли гузашта, Иттиҳоди Аврупо Тоҷикистонро ба он айбдор кард, ки дар ҷараёни сафари давлатии раҳбари Русия ба ин кишвар қарори боздошти президенти додгоҳи байналмиллалии ҷиноиро иҷро накардааст. Дар он вақт, ИА қайд кард, ки Душанбе ҳамчун як узви Асосномаи Рум ӯҳдадориҳои худро иҷро накардааст.Моҳи марти соли 2026 Шуъбаи муқаддамотии Додгоҳи ҷиноии байналмилалӣ расман Тоҷикистонро ноқизи ҳуқуқи байналмилал шинохт ва парвандаро нисбати он ба Маҷлиси кишварҳои узв ирсол кард.Лоиҳаи қатънома дар бораи хуруҷ аз Асосномаи Руми Додгоҳи байналмиллалии ҷиноӣ аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шуда, дар нимаи моҳи сентябр аз ҷониби шӯрои палатаи поёнии парлумон баррасӣ шуд. То аввали моҳи октябр вакилон аллакай барои хуруҷи кишвар аз Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ овоз доданд.Он вақт, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Идибек Қаландар, изҳор дошт, ки сиёсисозии ин созмон мақоми онро ҳамчун як ниҳоди мустақил коҳиш медиҳад ва "адлияи ҷиноии байналмилалиро ба абзори фишори сиёсӣ дар ҳалли баҳсҳои байнидавлатӣ табдил медиҳад ва бо ин васила чаҳорчӯбаҳои дипломатии муқарраршударо нодида мегирад".Тибқи моддаи 127 Асосномаи Рум, хуруҷи кишвар як сол пас аз гирифтани огоҳиномаи хаттии Дабири кулли СММ эътибор пайдо мекунад. Аз ин рӯ, Тоҷикистон то 20 ноябри соли 2027 узви Додгоҳи Байналмиллалии Ҷиноӣ боқӣ хоҳад монд.
https://sputnik.tj/20261127/korshinos-borai-khuruj-tojikiston-dodgohi-jinoi-1082624786.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0b/1b/1082635983_0:0:2732:2048_1920x0_80_0_0_bec6fb231efd128442ff960292bf0fbd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, андеша, смм, ҷиноӣ, коршинос, сабаб
дар тоҷикистон, андеша, смм, ҷиноӣ, коршинос, сабаб
Коршинос сабаби хуруҷи Тоҷикистон аз Додгоҳи байналмилалии ҷиноиро шарҳ дод
10:31 28.11.2026 (Навсозишуда: 11:31 28.11.2026) Коршиноси тоҷик сабаби хуруҷи Тоҷикистон аз Додгоҳи байналмилалии ҷиноиро ба сиёсизада будани созмон рабт дод
ДУШАНБЕ, 28 ноябр – Sputnik. Тоҷикистон иддао дорад, ки фаъолияти Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ сиёсӣ аст.
Чунин андешаро сиёсатшиноси тоҷик Неъматулло Мирсаидов дар бораи хуруҷуи Тоҷикистон аз Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ дар суҳбат бо RT иброз дошт.
Коршинос ёдовар шуд. ки Тоҷикистон ду соли охир ба он айбдор карда мешавад, ки қарори Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноиро дар бораи айбдор кардани президенти Русия Владимир Путин иҷро накардааст.
"Аз як тараф, он раҳбари наздиктарин шарики стратегии худ, роҳбари як давлати пуриқтидор, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати иқтисодӣ, ба монанди Федератсияи Русия мебошад. Аз тарафи дигар, ин созишномаест, ки кишвар замоне ба он имзо гузошта буд", - гуфт, Неъматулло Мирсаидов.
Вале, дар баробари ин, талаботи Иттиҳоди Аврупо, худи Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ ва як қатор созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар, ба монанди Human Rights Watch ва Amnesty International, ба назар дахолаткунанда ва доимӣ, вале бемаънӣ менамуданд, қайд кард коршинос.
"Зеро онҳо хуб медонистанд, ки Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ чунин қарорро иҷро нахоҳад кард", - афзуд Мирсаидов.
Хуруҷи Тоҷикистон аз Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ
Тоҷикистон Асосномаи Румро дар 30 ноябри 1998 имзо карда, 5 майи соли 2000 онро ба тасвиб расонд ва ин санад аз 1 июли 2002 барои Тоҷикистон лозимулиҷро шуд. То соли 2024, ҷумҳурӣ ягона кишвари ИДМ буд, ки узвият дар Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ дошт ва дар фазои пасошӯравӣ истиснои мутлақ боқӣ мемонд.
Тирамоҳи соли гузашта, Иттиҳоди Аврупо Тоҷикистонро ба он айбдор кард, ки дар ҷараёни сафари давлатии раҳбари Русия ба ин кишвар қарори боздошти президенти додгоҳи байналмиллалии ҷиноиро иҷро накардааст. Дар он вақт, ИА қайд кард, ки Душанбе ҳамчун як узви Асосномаи Рум ӯҳдадориҳои худро иҷро накардааст.
Моҳи марти соли 2026 Шуъбаи муқаддамотии Додгоҳи ҷиноии байналмилалӣ расман Тоҷикистонро ноқизи ҳуқуқи байналмилал шинохт ва парвандаро нисбати он ба Маҷлиси кишварҳои узв ирсол кард.
Лоиҳаи қатънома дар бораи хуруҷ аз Асосномаи Руми Додгоҳи байналмиллалии ҷиноӣ аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шуда, дар нимаи моҳи сентябр аз ҷониби шӯрои палатаи поёнии парлумон баррасӣ шуд. То аввали моҳи октябр вакилон аллакай барои хуруҷи кишвар аз Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ овоз доданд.
Он вақт, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Идибек Қаландар, изҳор дошт, ки сиёсисозии ин созмон мақоми онро ҳамчун як ниҳоди мустақил коҳиш медиҳад ва "адлияи ҷиноии байналмилалиро ба абзори фишори сиёсӣ дар ҳалли баҳсҳои байнидавлатӣ табдил медиҳад ва бо ин васила чаҳорчӯбаҳои дипломатии муқарраршударо нодида мегирад".
Тибқи моддаи 127 Асосномаи Рум, хуруҷи кишвар як сол пас аз гирифтани огоҳиномаи хаттии Дабири кулли СММ эътибор пайдо мекунад. Аз ин рӯ, Тоҷикистон то 20 ноябри соли 2027 узви Додгоҳи Байналмиллалии Ҷиноӣ боқӣ хоҳад монд.