"Ҳуқуқи соҳибихтиёр": коршинос дар бораи хурӯҷи Тоҷикистон аз Додгоҳи Ҷиноӣ

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкЗдание Международного уголовного суда в Гааге.
Здание Международного уголовного суда в Гааге.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.11.2026
Обуна шудан
Эксклюзив
Ҳар давлате ҳақ дорад мустақиллан таъйин кунад, ки ин ё он муоҳидаи байналмилалиро имзо ва тасвиб кунад ё не, гуфт коршинос
ДУШАНБЕ, 27 ноябр – Sputnik. Ҳуқуқдони тоҷик пайвастани Тоҷикистон ба созмонҳои байналмилалӣ ва ҳамчунон хуруҷ аз онҳоро ҳаққи машрӯи ин кишвар хонд
Мутобиқи Конвенсиёни Вена дар бораи ҳуқуқи муоҳидоти байналмилалии мусавваби соли 1969, тамоми давлатҳои мустақил ва дорои ҳокимият аз ҳуқуқи озод ва баробар барои мушорикат дар муоҳидоти байналмилалӣ бархӯрдоранд, изҳор дошт дар гуфтугӯ бо Sputnik Тоҷикистон узви Иттиҳодияи вукалои мудофеи Тоҷикистон Иноят Иноятов.
“Ҳар давлате ҳақ дорад мустақиллан таъйин кунад, ки ин ё он муоҳидаи байналмилалиро имзо ва тасвиб кунад ва ё мушорикати худро дар он ба ҳолати таълиқ дароварад ва ё поён диҳад”, - гуфт коршинос дар ишора ба даъват Маҷмаъи кишварҳои узви Асосномаи Рум аз тасмими Тоҷикистон барои хурӯҷ аз ин муоҳидаи байналмилалӣ ва хостори таҷдиди назар дар ин тасмим шуда буд.
Иноят Иноятов мегӯяд, тамоми асноди ҳуқуқии байналмилалӣ ҳаққи узвият ва хурӯҷро барои ҳар як аз тобеон ё субектҳои равобити байналмилалӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони узви комилулҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ, тазмин мекунанд.
“Ҳар давлате дар ҷараёни иҷрои сиёсати хориҷии худ, дар масъалаи тасвиби муоҳидоти байналмилалӣ ё поён додан ба мушорикат дар онҳо, манофеи миллӣ, амнияти давлатӣ, вазъияти равобити байналмилалӣ, тааҳҳудоти миёндавлатӣ, аз ҷумла ҳамкориҳои минтақаӣ ва вазъияти геополитикии ҷаҳонро дар назар мегирад”, - гуфт ҳуқуқдон.
Пеш аз ин, Маҷмаъи кишварҳои узви Асосномаи Рум, ки санади таъсиси Девони ҷиноии байналмилалӣ низ ба шумор меравад, ба тасмими Тоҷикистон барои поён додан ба узвияти худ дар ин муоҳидаи байналмилалӣ вокуниш нишон дод.
Аз Тоҷикистон даъват карданд, ки ҳамчунон ба мафоди Асосномаи Рум пойбанд бимонад ва ба таомули созанда дар чорчӯби Маҷмаъи кишварҳои узв идома диҳад.
Девони ҷиноии байналмилалӣ хотирнишон кард, ки чунин иқдомоте талошҳои ҷаҳонӣ барои таҳаққуқи адолат ва “поён додан ба масуният аз муҷозот”-ро дар маърази тазъиф қарор медиҳад.

Хуруҷи Тоҷикистон аз Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ

Тоҷикистон Асосномаи Румро дар 30 ноябри 1998 имзо карда, 5 майи соли 2000 онро ба тасвиб расонд ва ин санад аз 1 июли 2002 барои Тоҷикистон лозимулиҷро шуд. То соли 2024, ҷумҳурӣ ягона кишвари ИДМ буд, ки узвият дар Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ дошт ва дар фазои пасошӯравӣ истиснои мутлақ боқӣ мемонд.
Тирамоҳи соли гузашта, Иттиҳоди Аврупо Тоҷикистонро ба он айбдор кард, ки дар ҷараёни сафари давлатии раҳбари Русия ба ин кишвар қарори боздошти президенти додгоҳи байналмиллалии ҷиноиро иҷро накардааст. Дар он вақт, ИА қайд кард, ки Душанбе ҳамчун як узви Асосномаи Рум ӯҳдадориҳои худро иҷро накардааст.
Моҳи марти соли 2026 Шуъбаи муқаддамотии Додгоҳи ҷиноии байналмилалӣ расман Тоҷикистонро ноқизи ҳуқуқи байналмилал шинохт ва парвандаро нисбати он ба Маҷлиси кишварҳои узв ирсол кард.
Лоиҳаи қатънома дар бораи хуруҷ аз Асосномаи Руми Додгоҳи байналмиллалии ҷиноӣ аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шуда, дар нимаи моҳи сентябр аз ҷониби шӯрои палатаи поёнии парлумон баррасӣ шуд. То аввали моҳи октябр вакилон аллакай барои хуруҷи кишвар аз Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ овоз доданд.
Он вақт, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Идибек Қаландар, изҳор дошт, ки сиёсисозии ин созмон мақоми онро ҳамчун як ниҳоди мустақил коҳиш медиҳад ва "адлияи ҷиноии байналмилалиро ба абзори фишори сиёсӣ дар ҳалли баҳсҳои байнидавлатӣ табдил медиҳад ва бо ин васила чаҳорчӯбаҳои дипломатии муқарраршударо нодида мегирад".
Аз раёсати ҳуқуқии Вазорати корҳои хориҷии Русия изҳор доштанд, ки Маскав аз қарори Душанбе истиқбол мекунад ва қайд карданд, ки ниҳодҳои байналмилалӣ набояд худро бо таассуби сиёсӣ беэътибор кунанд.
Худи Русия Асосномаи Румро соли 2000 имзо кард, аммо онро тасдиқ накард ва соли 2016 имзои худро пурра бозпас гирифт ва қайд кард, ки Додгоҳ "ба интизориҳо ҷавобгӯ набуд" ва равиши "интихобӣ" дорад.
Здание Международного уголовного суда в Гааге. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.11.2026
Истиқболи Русия аз тасмими Тоҷикистон дар бораи хуруҷ аз Додгоҳи ҷиноӣ
Тибқи моддаи 127 Асосномаи Рум, хуруҷи кишвар як сол пас аз гирифтани огоҳиномаи хаттии Дабири кулли СММ эътибор пайдо мекунад. Аз ин рӯ, Тоҷикистон то 20 ноябри соли 2027 узви Додгоҳи Байналмиллалии Ҷиноӣ боқӣ хоҳад монд.
Бояд қайд кард, ки дар тӯли 10 соли охир аз 125 узви Додгоҳи Байналмиллалии Ҷиноӣ ду кишвар - Бурунди (2017) ва Филиппин (2018) - аз он хуруҷ шуданд. Шаш давлати дигар - Маҷористон, Мали, Буркина-Фасо, Нигер, Венесуэла ва Чад - дар тӯли соли гузашта ба Дабири кулли СММ огоҳиномаҳои расмии шабеҳ пешниҳод карданд. Аммо, танҳо Будапешт баъдтар пас аз тағйири ҳукумат дар моҳи майи соли 2026 қарори худро бозпас гирифт.
Лентаи хабарҳо
0