Филме, ки дар Тоҷикистон наворгирӣ шуд, дар Ҳиндустон ду ҷоиза гирифт

© unsplash / Jesus Loves AustinСъемки фильма.
Съемки фильма. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.11.2026
Обуна шудан
Филми "Чарогоҳи Худоён"-и истеҳсоли Русия, ки дар манзараҳои зебои Бадахшони Тоҷикистон наворбардорӣ шудааст ба эътирофи байналмилалӣ комёб шуд
ДУШАНБЕ, 28 ноябр – Sputnik. Филми "Чарогоҳи Худоён", ки дар он ҳунармандони тоҷик нақш офаридаанд, дар Фестивали байналмилалии филмҳои Калкутта Fest5 International Film Festival соҳиби ду ҷоиза гардид.
Дар ин бора, муаллиф ва продюсери филм Алек Шахбазян ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
Филми истеҳсоли Cinema Concept Production дар бахшҳои Беҳтарин филми фестивал ва Беҳтарин кори наворбардорӣ ҷоизаҳоро аз худ кард.

"Ин лоиҳа солҳои меҳнат, эътимод ба идея ва заҳмати бузургро ифода мекунад. Мо аз консепсияи аввалия то эътирофи байналмилалӣ роҳи дурро тай кардем ва имрӯз дидани он, ки достони мо дар байни тамошобинон ва мутахассисони соҳаи синамо дар саросари ҷаҳон аксбардорӣ мешавад, махсусан хушнудкунанда аст", - гуфт Шахбазян.

Ҷоизаи дуюм барои наворбардории барҷастаи Семён Аманатов, ки ҷаҳони визуалии филмро офаридааст, дода шуд.
"Барои мо, инҳо на танҳо ду ҳайкали фестивалӣ мебошанд. Онҳо эътирофи байналмилалии меҳнат, истеъдод ва фидокории тамоми як дастаи мутахассисонро ифода мекунанд", - афзуд муаллифи филм.
Шахбазян ҳамчунин барои дастгирӣ ба Консулгарии генералии Русия дар Калкутта ва Хонаи Русия барои таваҷҷӯҳи онҳо ба синамои Русия изҳори сипос кард.
Филми "Чарогоҳи Худоён" дар куҳҳои Бадахшони Тоҷикистон наворбардорӣ шуда, дар он ҳунармандони машҳури Тоҷикистону Русия аз ҷумла Самад Мансуров ҳунарнамоӣ кардааст.
Премьера фильма Сияние звезд: Джами и Навои.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.11.2026
Ду кишвару як таърих: наворгирии "Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ" чӣ гуна сурат гирифт
Филм дар жанри треллер ба навор гирифта шуда, дар бораи сафари сайёҳони русиягӣ ба кӯҳҳои Помир ва муборизаи хоҳиши инсон барои расонидани зарар ба табибату муҳофизати он, нақл мекунад. Дар филм ҳунармандони тоҷик ба забони шуғнонӣ суҳбат мекунанд.
Коргардони филм Анар Абасов буда, сенарияро Олег Денисов омода кардааст. Муаллифи идея ва продюсери генералӣ Алек Шахбазян буда, Семён Аманатов онро наворбардорӣ кардааст.
Ин ҷоизаҳои нахустини филм набуда, қаблан он ҷоизаи "Беҳтарин филми бадеӣ"-ро дар ITFF'26 дар Таиланд, ҷоизаи махсуси ҳакамон дар фестивали "ЗИМНИЙ'25"-и Русия ва ҷоизаи таваҷҷуҳи тамошобинонро дар фестивали FERRUM'26 дар Железноводск ба даст оварда буд.
Лентаи хабарҳо
0