Истиқболи Русия аз тасмими Тоҷикистон дар бораи хуруҷ аз Додгоҳи ҷиноӣ

© AP / Peter DejongЗдание Международного уголовного суда в Гааге.
Здание Международного уголовного суда в Гааге. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.11.2026
Обуна шудан
Тоҷикистон дар ниҳоят 20 ноябри соли 2027 иштирок дар Оинномаи Римро қатъ қард
ДУШАНБЕ, 25 ноя – Sputnik. Вазорати корҳои хориҷии Русия аз тасмими Тоҷикистон дар бораи хуруҷ аз Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ истиқбол кард.
Вазорати хориҷии Русия қайд карда, ки давлатҳои соҳибихтиёр қарорҳои ноодилонаи ин созмонро таҳаммул намекунанд.

"Давлатҳое, ки ба соҳибихтиёрии худ эҳтиром мегузоранд, омода нестанд иддаои беасоси ин додгоҳро дар бораи нақши як ниҳоди "умумиҷаҳонӣ", ниҳоде, ки ба худ ҳаққи нақзи меъёрҳои муқарраршудаи ҳуқуқи байналмилалиро таҳти баҳонаи "адолати судӣ" аз номи тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ медиҳад, таҳаммул кунанд", - изҳор дошт ВУХ Русия.

Агар ин ниҳод, ки худро Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ меномад, аз меъёрҳои дугона истифода барад, ба осонӣ зери фишори сиёсӣ қарор гирад ва ба "кумакҳои" молиявии сарпарастони ғарбӣ такя намояд, пас саволе ба миён меояд, чаро бояд узви чунин низом боқӣ монд, суол гузошт ВУХ Русия.
Бояд гуфт, Тоҷикистон 20 ноябри соли 2027 иштирок дар Оинномаи Римро қатъ кард.
Ин хабар дар изҳороти Дабири кулли СММ Антонио Гутерриш, ки ҳамчун амонатгузор амал мекунад, эълон шуда буд.
Здание Парламента республики Таджикистан. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.09.2026
Тоҷикистон мехоҳад аз Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ хориҷ шавад
Дар баробари ин. қарори қатъи узвияти Тоҷикистон дар Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ пешниҳоди президент, Эмомалӣ Раҳмон будааст.

Дар ин бора зимни баррасии қатъи амали Низомномаи Суди байналмилалии ҷиноятӣ дар парлумон иттилоъ дода шуд.

Ноиби вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, Қаландар Идибек зимни муаррифии ин иқдом изҳор доштааст, кори ин ниҳод солҳои охир сиёсӣ шуда, ҳадафи қатъи узвиятро ба ҳифзи манфиатҳои миллию соҳибихтиёрии бунёдӣ рабт додаст.

"Ин таҳаввулот адолати судии ҷиноии байналмилалиро тадриҷан ба як абзори фишори сиёсӣ дар ҳалли баҳсҳои байнидавлатӣ табдил дода, чаҳорчӯбҳои муқарраршудаи дипломатиро сарфи назар менамояд", - нақли қавл овардааст нашрияи парлумонии Тоҷикистон, "Садои мардум".

Дипломат афзуд, ки тибқи муқаррароти Статути Рим, ҳар як давлати иштирокдор метавонад бо ирсоли огоҳиномаи хаттӣ ба унвони дабири кулли СММ аз статути мазкур барояд.

Баромадан пас аз як соли гирифтани чунин огоҳинома эътибор пайдо мекунад, агар дар огоҳинома таърихи дертар пешбинӣ нашуда бошад.
Лентаи хабарҳо
0