Бозгардонии кӯдакони тоҷик ба Ватан, ки дар Русия бе саробон монда буданд

© Sputnik / Игорь Зарембо / Гузариш ба медиабонкДети беженцев из Сирии и Афганистана. Иллюстративное фото
Дети беженцев из Сирии и Афганистана. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.11.2026
Обуна шудан
Пештар, Тоҷикистон 381 нафар, аз ҷумла 291 кӯдак, аз минтақаҳои низоъ дар Сурия ва Ироқро ба ватан баргардонида буд
ДУШАНБЕ, 27 ноябр – Sputnik. Шаш кӯдаки тоҷик, ки дар Русия бе саробон монда буданд, ба ватанашон - Тоҷикистон баргардонида шуданд.
Дар ин бора, консулгарии генералии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург хабар додааст.

Кӯдакон дар доираи созишномаи байни кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба ватан фиристода шуданд.
Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург, сабабҳои бе саробон мондани ин кӯдаконро зикр накардааст.
Бояд гуфт, Тоҷикистон аз соли 2019 дар чанд марҳила шаҳрвандони худро аз минтақаҳои дигар низ, ба ватан баргардонд.
Дар се марҳила - солҳои 2019, 2022 ва 2023 дар маҷмуъ 339 нафар занону кӯдаки тоҷик ба Ватан оварда шуданд, ки аз онҳо 231 нафар кӯдакон буданд.
Соли 2024 низ гурӯҳи дигари шаҳрвандони кишвар аз Сурия бозгардонида шуд
Ахиран намояндагони кишвар, зимни гузориш дар дафтари ҳуқуқи СММ иттилоъ доданд, ки Тоҷикистон 381 нафар, аз ҷумла 291 кӯдак, аз минтақаҳои низоъ дар Сурия ва Ироқро ба ватан баргардонид.

Таъкид шуда, ки барои бозгаштаҳо барномаҳои барқарорсозӣ ва ҳамгироии дубора амалӣ гардида истодаанд.
Возвращение граждан Таджикистана из Сирии. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.09.2026
Зубайдзода: Тоҷикистон то ҳол барои баргардонидани занону кӯдакон аз Сурия талош дорад
Дар доираи мубориза бо савдои кӯдакон солҳои 2021–2025 42 парвандаи ҷиноятӣ мавриди тафтиш қарор гирифтааст.

Муайян карда шуд, ки ҳадафи асосии чунин ҷиноятҳо, ҳамчунон, ба таври ғайриқонунӣ ба фарзандхондӣ гирифтани кӯдакон боқӣ мемонад, таъкид кард ҳайати Тоҷикистон.
Мақомоти Тоҷикистон қайд кардад, ки дар 35 соли истиқлолият чунин равиш ҷузъи муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон шудааст ва он нишон медиҳад, ки дипломатияи миллӣ бояд ба зиндагии воқеии шаҳрвандон пайванди мустақим дошта бошад.
Лентаи хабарҳо
0