https://sputnik.tj/20260910/zubaydzoda-tojikiston-bargardonidani-zanonu-kudakon-suriya-talosh-1080331328.html
Зубайдзода: Тоҷикистон то ҳол барои баргардонидани занону кӯдакон аз Сурия талош дорад
Зубайдзода: Тоҷикистон то ҳол барои баргардонидани занону кӯдакон аз Сурия талош дорад
Sputnik Тоҷикистон
Сафири Тоҷикистон дар Умон гуфт, ки бо дастуру роҳнамоии Президенти Тоҷикистон гурӯҳи корӣ оид ба баргардонидани занону кӯдакон аз Сурия ва Ироқ таъсис дода шудааст
2026-09-10T18:43+0500
2026-09-10T18:43+0500
2026-09-10T18:43+0500
дар тоҷикистон
бозгардонии кӯдакони тоҷик
бозгардонӣ
сурия
ироқ
зубайдзода зубайдулло
сафир
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/02/09/1075130442_0:259:1280:979_1920x0_80_0_0_46cde0223132d8f2c56c89a823496443.jpg
ДУШАНБЕ, 10 сен – Sputnik. Сафири Тоҷикистон дар Умон Зубайдулло Зубайдзода, дар як мақолае гуфтааст, ки таҷрибаи Тоҷикистон дар бозгардонии занону кӯдакон аз минтақаҳои даргирии Сурия ва Ироқ намунаи муносибати инсонмеҳвар мебошад.Вай гуфт, ки бозгардонии шаҳрвандон танҳо амалиёти маъмулӣ набуда, ифодаи масъулияти давлат дар назди шаҳрванд, таваҷҷуҳ ба ҳуқуқи кӯдак ва фароҳам овардани имкони бозгашт ба зиндагии осоишта мебошад.Зубайдзода қайд кардааст, ки бо дастури президенти Тоҷикистон гурӯҳи корӣ оид ба баргардонидани занону кӯдакон аз Сурия ва Ироқ таъсис дода шуд.Дипломати тоҷик қайд кард, ки дар ин муддат Вазорати корҳои хориҷӣ, Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон (қаблан дар Кувайт) дар ҳамкорӣ ва ҳамоҳангӣ бо мақомоти зирабти Тоҷикистон ва Сурияву Ироқ ҷиҳати амалисозии ин иқдоми башардӯстона ба натиҷаҳои амалӣ даст ёфт.“Тоҷикистон аз соли 2019 дар чанд марҳила шаҳрвандони худро аз минтақаҳои ҷангзада ба ватан баргардонд. Дар се марҳила- солҳои 2019, 2022 ва 2023 дар маҷмуъ 339 нафар занону кӯдаки тоҷик ба Ватан оварда шуданд, ки аз онҳо 231 нафар кӯдакон буданд. Соли 2024 низ гурӯҳи дигари шаҳрвандони кишвар аз Сурия бозгардонида шуд”, - гуфт ӯ.Зубайдзода қайд кард, ки давлате, ки дар муносибатҳои хориҷӣ масъалаи инсонро дар маркази таваҷҷуҳ қарор медиҳад, метавонад таҷрибаи худро ҳамчун намунаи масъулияти давлатӣ пешниҳод намояд.Вай қайд кард, ки дар 35 соли истиқлолият чунин равиш ҷузъи муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон шудааст ва он нишон медиҳад, ки дипломатияи миллӣ бояд ба зиндагии воқеии шаҳрвандон пайванди мустақим дошта бошад.
https://t.me/Sputnik_Tajikistan/55837
сурия
ироқ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/02/09/1075130442_0:58:1281:1018_1920x0_80_0_0_a1ba55dba24a58553099f61926afd647.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, бозгардонии кӯдакони тоҷик, бозгардонӣ, сурия, ироқ, зубайдзода зубайдулло, сафир
дар тоҷикистон, бозгардонии кӯдакони тоҷик, бозгардонӣ, сурия, ироқ, зубайдзода зубайдулло, сафир
Зубайдзода: Тоҷикистон то ҳол барои баргардонидани занону кӯдакон аз Сурия талош дорад
Сафири Тоҷикистон дар Умон гуфт, ки бо дастуру роҳнамоии Президенти Тоҷикистон гурӯҳи корӣ оид ба баргардонидани занону кӯдакон аз Сурия ва Ироқ таъсис дода шудааст
ДУШАНБЕ, 10 сен – Sputnik. Сафири Тоҷикистон дар Умон Зубайдулло Зубайдзода, дар як мақолае гуфтааст, ки таҷрибаи Тоҷикистон дар бозгардонии занону кӯдакон аз минтақаҳои даргирии Сурия ва Ироқ намунаи муносибати инсонмеҳвар мебошад.
Вай гуфт, ки бозгардонии шаҳрвандон танҳо амалиёти маъмулӣ набуда, ифодаи масъулияти давлат дар назди шаҳрванд, таваҷҷуҳ ба ҳуқуқи кӯдак ва фароҳам овардани имкони бозгашт ба зиндагии осоишта мебошад.
Зубайдзода қайд кардааст, ки бо дастури президенти Тоҷикистон гурӯҳи корӣ оид ба баргардонидани занону кӯдакон аз Сурия ва Ироқ таъсис дода шуд.
Дипломати тоҷик қайд кард, ки дар ин муддат Вазорати корҳои хориҷӣ, Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон (қаблан дар Кувайт) дар ҳамкорӣ ва ҳамоҳангӣ бо мақомоти зирабти Тоҷикистон ва Сурияву Ироқ ҷиҳати амалисозии ин иқдоми башардӯстона ба натиҷаҳои амалӣ даст ёфт.
“Тоҷикистон аз соли 2019 дар чанд марҳила шаҳрвандони худро аз минтақаҳои ҷангзада ба ватан баргардонд. Дар се марҳила- солҳои 2019, 2022 ва 2023 дар маҷмуъ 339 нафар занону кӯдаки тоҷик ба Ватан оварда шуданд, ки аз онҳо 231 нафар кӯдакон буданд. Соли 2024 низ гурӯҳи дигари шаҳрвандони кишвар аз Сурия бозгардонида шуд”, - гуфт ӯ.
Зубайдзода қайд кард, ки давлате, ки дар муносибатҳои хориҷӣ масъалаи инсонро дар маркази таваҷҷуҳ қарор медиҳад, метавонад таҷрибаи худро ҳамчун намунаи масъулияти давлатӣ пешниҳод намояд.
“Имрӯзҳо таҷрибаи Тоҷикистон дар амри баргардонидани занону кӯдакон аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ ба намунаи муваффақ дар ҳалли масъалаҳои амниятӣ ва ҳуқуқию табдил ёфтааст”, - гуфт сафири Тоҷикистон дар Умон.
Вай қайд кард, ки дар 35 соли истиқлолият чунин равиш ҷузъи муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон шудааст ва он нишон медиҳад, ки дипломатияи миллӣ бояд ба зиндагии воқеии шаҳрвандон пайванди мустақим дошта бошад.