Аз зардӯзӣ то армуғони сайёҳӣ: озмуни "Ҳунарманди сол-2026" ҷамъбаст гардид

© SputnikЧорабинии "Шабе дар осорхона" дар Душанбе баргузор шуд
Чорабинии Шабе дар осорхона дар Душанбе баргузор шуд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.11.2026
Обуна шудан
Дар Осорхонаи миллӣ озмуни ҷумҳуриявии "Ҳунарманди сол-2026" ҷамъбаст гардида, беҳтарин ҳунармандон аз руйи панҷ номинатсия бо диплом ва туҳфаҳои хотиравиӣ қадрдонӣ шуданд.
ДУШАНБЕ, 26 ноябр – Sputnik. Аз зардӯзӣ то армуғони сайёҳӣ: беҳтарин ҳунармандони сол дар Душанбе муайян шуданд.
Ҳунармандони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар панҷ номинатсия – тарроҳӣ, наққошӣ, кундалнигорӣ, армуғони сайёҳӣ ва зардӯзӣ қувваозмоӣ карданд.
Дар ин бора аз хадамоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон иттилооъ доданд.
Ғолибон бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ дар маросим қайд кард, ки ҳунарҳои мардумӣ яке аз арзишҳои муҳими фарҳанги миллӣ буда, дар тарбияи насли ҷавон, эҳёи суннатҳои ниёгон ва рушди иқтисодиёти кишвар саҳми назаррас доранд. Ба гуфтаи ӯ, ҳунармандони мардумӣ дар ҳифзи анъанаҳои миллӣ ва муаррифии фарҳангу тамаддуни тоҷикон нақши бузург мебозанд.
Озмун дар асоси "Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон барои соли 2026" гузаронида шуд, ки бо амри Президенти кишвар аз 2 январи соли 2026 тасдиқ шуда буд.
Ҳадафи озмун бедор намудани ҳуввияти миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, тарғиби либосҳои миллӣ, ҷалби сайёҳони хориҷӣ ва ба насли оянда мерос гузоштани ҳунарҳои аҷдодӣ мебошад.
Ба гуфтаи ташкилкунандагон, чунин иқдом барои рушди ҳунармандӣ имкониятҳои нав фароҳам меорад.
Дар Тоҷикистон рушди ҳунарҳои мардумӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст.
Раджаб Ахмадзода вручил гранты женщинам-предпринимателям и ремесленницам.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.11.2026
Занони ҳунарманд ва соҳибкор дар Суғд грант гирифтанд
Соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, солҳои 2019–2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва солҳои 2022–2026 Солҳои рушди саноат эълон гардиданд.
Ҳамчунин "Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025" қабул шуда, ҳунармандон аз пардохти андоз аз маҳсулоти дар хона истеҳсолшуда озод карда шуданд.
Дар натиҷа шумораи косибону ҳунармандон дар мамлакат сол то сол меафзояд.
Лентаи хабарҳо
0