Занони ҳунарманд ва соҳибкор дар Суғд грант гирифтанд

© Foto / Пресс-служба председателя Согдийской областиРаджаб Ахмадзода вручил гранты женщинам-предпринимателям и ремесленницам.
Раджаб Ахмадзода вручил гранты женщинам-предпринимателям и ремесленницам.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.11.2026
Обуна шудан
Раҷаб Аҳмадзода, Раиси вилояти Суғд ба занони соҳибкори вилоят вохӯрд ва ба онҳо грант супорид. Гранти Раиси вилоят аз соли 2012 супорида мешавад ва маблағи он аз 200 ҳазори он вақта ба 560 ҳазор расидааст
ДУШАНБЕ, 25 ноя-Sputnik. Дар вилояти Суғд ба 80 зани соҳибкору ҳунарманд барои татбиқи лоиҳаҳои соҳибкорӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ грантҳои Раиси вилоят ба маблағи умумии 560 ҳазор сомонӣ супорида шуданд.

Маросими супоридани грантҳо дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо иштироки Раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода баргузор гардид.

Зимни суҳбат бо бонувон Раҷаб Аҳмадзода иброз дошт, ки бо дастгирии Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола барои рушди соҳибкории занон ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ грантҳо ҷудо карда мешаванд.
Ба гуфтаи ӯ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят низ ба дастгирии ташаббусҳои занон ва фароҳам овардани имконият барои рушди фаъолияти соҳибкории онҳо таваҷҷуҳ зоҳир менамояд.

Тибқи иттилои пешниҳодшуда, маблағи грантҳо чунин тақсим гардидааст: 20 нафар 10-ҳазорӣ, 20 нафар 8-ҳазорӣ ва 40 нафар 5-ҳазорӣ сомонӣ дарёфт намуданд.
Женщины Таджикистана, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.09.2026
Ҳукумат дар 35 сол ба 1395 занон беш аз 45 млн сомонӣ грант ҷудо намуд

Дар шаҳри Хуҷанд низ 45 занони соҳибкор ба маблағи умумии 205 ҳазор сомонӣ аз Раиси шаҳр соҳиби грант гаштанд.
Интизор меравад, ки татбиқи лоиҳаҳои пешниҳоднамудаи ғолибони озмун ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҷалби занону духтарон ба омӯзиши касбу ҳунар, рушди истеҳсолоти ватанӣ ва тавсеаи фаъолияти соҳибкорӣ мусоидат намояд.

Раиси вилояти Суғд ба гирандагони грантҳо тавсия дод, ки маблағҳои ҷудошударо мақсаднок истифода бурда, лоиҳаҳои худро амалӣ намоянд ва дар рушди ҳунарҳои миллӣ ва соҳибкории истеҳсолӣ саҳм гузоранд.
Лентаи хабарҳо
0