Дар Душанбе маркази минтақавии омӯзиши ғизои мактабӣ бо маблағи 2 млн сомонӣ таъсис ёфт
Обуна шудан
Дар яке аз литсейи касбии шаҳри Душанбе Маркази омӯзишӣ оид ба ғизои мактабӣ ба фаъолият оғоз кард. Дар он аз рӯйи ихтисосҳои "Ошпаз", "Қаннод", "Ошпази таомҳои миллӣ" ва "Ошпази таомҳои хориҷӣ" курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати омӯзишӣ ташкил карда мешаванд.
ДУШАНБЕ, 26 ноя-Sputnik. Марказ бо маблағи 2 миллион сомонӣ аз ҷониби Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ дар Тоҷикистон бунёд гардида, ба омода намудани мутахассисони соҳибкасб ва такмили низоми ғизои мактабӣ равона шудааст.
Дар маросими ифтитоҳи марказ муовини Сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумат академик Фарҳод Раҳимӣ, директори кишварии Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ дар Тоҷикистон Саймон Ҳоллема, намояндагони сохторҳои дахлдор ва шарикони рушд иштирок намуданд,-гуфт директори марказ Рухшона Давлатшоева ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон
Зимни маросим таъкид гардид, ки таъмини кӯдакону наврасон бо ғизои солим, бехатар ва мутавозин яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат буда, ба ҳифзи саломатӣ, рушди ҷисмонӣ ва зеҳнии насли наврас, баланд бардоштани сатҳи донишандӯзӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил мусоидат менамояд.

Аз ин рӯ, рушди низоми ғизои мактабӣ, такмили заминаи моддию техникии ошхонаҳои муассисаҳои таълимӣ ва омода намудани кадрҳои соҳибтахассус аҳаммияти махсус дорад.
Марказ дар асоси Ёддошти тафоҳуми ҳамкории Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Тоҷикистон ва Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ, дар доираи татбиқи Барномаи давлатии рушди устувори ғизои мактабӣ барои солҳои 2022–2027 ва бо ҳамкории Пажӯҳишгоҳи ғизои соҳавии Федератсияи Русия таъсис дода шудааст.
Ифтитоҳи марказ дар самти рушди таҳсилоти ибтидоии касбӣ, омода намудани мутахассисони соҳибкасб барои низоми ғизои мактабӣ ва такмили инфрасохтори таълимию истеҳсолӣ иқдоми муҳим ба шумор меравад.
Марказ дар заминаи Литсейи касбии техникии саноати нассоҷии шаҳри Душанбе ташкил гардида, дорои ошхона ва лабораторияҳои намунавии таълимӣ мебошад.

Он бо таҷҳизоти муосири соҳавӣ таъмин буда, барои гузаронидани машғулиятҳои назариявию амалӣ, омӯзиши технологияҳои муосири омодасозии хӯрок ва риояи талаботи санитарию беҳдоштӣ шароити зарурӣ фароҳам меорад.
Дар лабораторияҳои таълимӣ касбомӯзон бо таҷҳизоти муосири ошхона, усулҳои коркарди маҳсулоти ғизоӣ, технологияи таҳияи таомҳо, қоидаҳои нигоҳдории маводи хӯрокворӣ ва меъёрҳои бехатарии ғизо шинос мешаванд.

Чунин шакли таълим имкон медиҳад, ки донишҳои назариявӣ бо таҷрибаи амалӣ пайваст гардида, малакаҳои зарурии касбӣ ташаккул ёбанд.
Директори муассиса Рухшона Давлатшоева ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод, минбаъд дар марказ аз рӯйи ихтисосҳои "Ошпаз", "Қаннод", "Ошпази таомҳои миллӣ" ва "Ошпази таомҳои хориҷӣ" курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати омӯзишӣ ташкил карда мешаванд.
Хусусияти муҳими фаъолияти марказ ба роҳ мондани таълими дуалӣ мебошад, ки дар он омӯзиши назариявӣ бо таҷрибаи амалӣ пайваст карда мешавад.

Таваҷҷуҳи асосӣ ба ташаккули малакаҳои касбӣ, баланд бардоштани масъулиятшиносӣ ва риояи меъёрҳои бехатарии ғизо равона мегардад.
Пас аз хатми курсҳои омӯзишӣ мутахассисони омодашуда барои фаъолият ба ошхонаҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҷалб карда мешаванд.
Ин тадбир ба беҳтар гардидани сифати хизматрасонии ғизо дар муассисаҳои таълимӣ мусоидат хоҳад кард.
Ҷанбаи дигари муҳими таъсиси марказ таҳия ва ҷорӣ намудани стандартҳои нави таълимӣ мебошад.

Дар ин самт, дар ҳамкорӣ бо муассисаи таълимӣ аз ҷониби Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ модули таълимӣ ва стандартҳои нави ихтисоси "Ошпаз" таҳия гардидаанд.
Ин барномаҳо ба такмили мазмуни таълим, муайян намудани салоҳиятҳои касбии мутахассисон ва мутобиқ намудани омодасозии кадрҳо ба талаботи муосири соҳа нигаронида шудаанд.

Омӯзиши технологияҳои муосири пухтупаз, истифодаи дурусти маҳсулоти ғизоӣ, риояи меъёрҳои санитарӣ, пешгирии ифлосшавии маҳсулот ва таъмини бехатарии ғизо аз самтҳои афзалиятноки таълим ба ҳисоб мераванд.
Таъсиси марказ қадами муҳим дар самти таҳкими ҳамкории байналмилалӣ, рушди таҳсилоти касбӣ ва баланд бардоштани сифати низоми ғизои мактабӣ дар Тоҷикистон арзёбӣ мегардад.