Русия ва Тоҷикистон: ҳамкориҳои байнишаҳрӣ густариш меёбад
16:46 25.11.2026 (Навсозишуда: 17:24 25.11.2026)

© Sputnik / Наталья Селиверстова
Обуна шудан
Наздики ҳафт шаҳри Тоҷикистон омодаанд бо минтақаҳои гуногуни Русия ҳамкориро ба роҳ монанд
ДУШАНБЕ, 25 ноя-Sputnik. Дар шаҳри Маскав Форуми байналмилалии мунисипалӣ баргузор гардид, ки дар он ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президент Зарина Давлатзода иштирок намуд.
Тавре аз Кумитаи рушди маҳал ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд, ба ҳайати Тоҷикистон раисони шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб, Исфара, Панҷакент, Турсунзода, Ҳисор ва Роғун шомил ҳастанд.
Дар доираи форум намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои пленарӣ ва соҳавӣ иштирок намуда, масъалаҳои рушди шаҳрҳо, такмили идоракунии маҳаллӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ ва татбиқи ташаббусҳои муштаракро баррасӣ карданд.
Яке аз самтҳои муҳими иштироки ҳайати Тоҷикистон баррасии имкониятҳои густариши ҳамкориҳо бо шаҳрҳои Федератсияи Русия буд.
Аз ҷумла, дар ҳошияи форум мулоқоти ҳайати Тоҷикистон бо раиси шаҳри Иркутск Руслан Болотов баргузор гардид.

Аз чумла раиси шаҳри Исфара, дар баромади худ қайд намуд, ки "мо ба омӯзиши таҷрибаи пешқадами Иркустк ҳавасманд ҳастем".
Ӯ ба хабаринигори Sputnik Тоҷикистон иброз дошт, ки ин ҳамкорӣ дар се самт метавонад сруат гирад.
"Аз ҷумла пешниҳод ба роҳ мондани робитаҳои мустақим миёни соҳибкорон, корхонаҳои коркард ва ташкилотҳои тиҷоратии ду шаҳр, инчунин баррасии имкониятҳои таҳияи лоиҳаҳои муштараки истеҳсолӣ ва тиҷоратию логистикӣ аст", - гуфт Шарифҷон Ҷумъазода.
Барои ба натиҷаҳои амалӣ расонидани ташаббусҳо раиси шаҳри Исфара пешниҳоди таҳия ва минбаъд ба имзо расонидани созишномаҳои ҳамкорӣ байни шаҳрҳои Исфара ва Иркутскро манзур намуд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои рушди робитаҳои байнишаҳрӣ, табодули таҷриба дар самти идоракунии маҳаллӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштаракро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ин ҳамоиши байналмилалӣ имкони шиносоӣ бо таҷрибаи шаҳрҳои Русия, баррасии самтҳои нави ҳамкориҳои мунисипалӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои татбиқи ташаббусҳои муштаракро фароҳам овард.
Ин ҳамоиши байналмилалӣ имкони шиносоӣ бо таҷрибаи шаҳрҳои Русия, баррасии самтҳои нави ҳамкориҳои мунисипалӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои татбиқи ташаббусҳои муштаракро фароҳам овард.