Дар Балҷувон фурудгоҳ бунёд мегардад, мақсад ҷалби сайёҳон аст

© SputnikЛюди в аэропорту.
Люди в аэропорту.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.11.2026
Обуна шудан
Сарвазир санги асоси фурудгоҳи Балҷувонро гузошт ва сохтмони фурудгоҳи дуюмро дар Хатлон аз назар гузаронд, то ки инфрасохтори сайёҳии Сари Хосор замонавӣ гардад
ДУШАНБЕ, 26 ноя-Sputnik. Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода санги асоси фурудгоҳи маҳаллиро дар ноҳияи Балҷувон гузошт ва сохтмони фурудгоҳро дар деҳаи Кулчашма, ки беш аз се даҳсола бекор буд, аз назар гузаронд.
Барои фурудгоҳи Кулчашма 23 гектар замин ҷудо карда шудааст ва сохтмон дар моҳи августи соли ҷорӣ оғоз ёфт.
Мақомот умедворанд, ки фурудгоҳи барқароршуда дастрасии ноҳияро беҳтар мекунад, сайёҳиро рушд медиҳад ва робитаҳои иқтисодиро тақвият медиҳад.
Фурудгоҳи Балҷувон дар ҷамоати Сари Хосор сохта мешавад: лоиҳа бинои маъмурӣ бо фазои корӣ, утоқҳои интизорӣ ва майдони фуруд барои мусофиронро дар бар мегирад.
© Foto / Хадамоти матбуотии раиси вилояти ХатлонОғози бунёди фурудгоҳ дар ноҳияи Балҷувон
Оғози бунёди фурудгоҳ дар ноҳияи Балҷувон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.11.2026
Оғози бунёди фурудгоҳ дар ноҳияи Балҷувон
Ёдовар мешавем, ки ин супориши Президенти кишвар буда чунин корбарӣ дар дигар минтақаҳои Тоҷикистон идома дорад.
Ҳамчунин идомаи сафар ноҳияҳои Муъминобод ва Кӯлобро фаро гирифт.
Қоҳир Расулзода дар ифтитоҳи биноҳои иловагиро барои мактабҳои рақамҳои 19 ва рақами 54 ба иштирок намуд. Ин мактабҳо барои 770 хонанда дар ду баст мебошад.
Завод по производству прохладительных напитков в Кулябе. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.11.2026
Дар Хатлон истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзӣ афзудааст
Ҳамчунин бинои нави мактаби рақами 48 дар деҳаи Деҳлоло барои 432 хонанда, ки бо иштироки соҳибкорон сохта шудааст, ва толори варзишӣ ва толори конфронсро барои мактаби рақами 48 дар деҳаи Сангпари Кӯлоб, ки дар он ҷо низ корҳои асосии сохтмони синфхона барои 640 хонанда оғоз ёфтанд, ба истифода дод.
Дар Кӯлоб бошад Сарвазир ба 188 зани деҳот дар доираи лоиҳаи якҷояи дастгирии ва Бонки рушди Осиё таҷҳизоти занбӯрпарварӣ супориданд.
Иншоотҳои хусусии кушодашуда дар давоми боздид - маркази хизматрасонии Дарё, маркази дандонпизишкӣ ва нонвойхонаи Нони Модар - 70 ҷойи кори доимӣ таъсис доданд.
Лентаи хабарҳо
0