Дар Хатлон истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзӣ афзудааст

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаЗавод по производству прохладительных напитков в Кулябе.
Завод по производству прохладительных напитков в Кулябе. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.11.2026
Обуна шудан
Дар Хатлон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ афзоиш ёфта, ҳамчунин 76 корхонаи нави истеҳсолӣ бо ҷойҳои корӣ таъсис ёфтанд
ДУШАНБЕ, 16 ноя – Sputnik. Дар вилояти Хатлон дар 10 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба беш аз 12,2 млрд сомонӣ расид.
Ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,8 млрд сомонӣ зиёд аст, гуфт раиси вилоят Давлаталӣ Саид дар ҷаласи корие бо роҳбарони шаҳру навоҳии минтақа, хабар дод, хадамоти матбуоти Хатлон.
Ба иттилои манбаъ, суръати рушди саноат 15,6 фоизро ташкил дод. Дар ин давра дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 76 корхона ва коргоҳи нави саноатӣ сохта, ба истифода дода шуд.
Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии вилоят бошад, дар 10 моҳ ба 42,5 миллиард сомонӣ расида, суръати рушди соҳа 8,3 фоизро ташкил дод.
Дар ҷаласа инчунин масъалаҳои обрасонӣ ба заминҳои кишоварзӣ, таъмири иншооти обрасонӣ, шудгори тирамоҳӣ, захираи тухмӣ ва оғози мавсими ниҳолшинонии солҳои 2026–2027 баррасӣ шуданд.
Дар соҳаи сохтмон дар доираи нақшаи бунёди иншооти ҷашнӣ 8542 иншоот ба маблағи умумии 7,2 миллиард сомонӣ ба истифода дода шуд. Ин нақша 136,5 фоиз иҷро гардидааст.
Вилояти Хатлон мехоҳад бо манотиқи гуногуни Русия, аз ҷумла Новосибирск ҳамкории ақтар дошта бошад - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.11.2026
Вилояти Хатлон мехоҳад бо манотиқи гуногуни Русия, аз ҷумла Новосибирск ҳамкории ақтар дошта бошад.
Ғайр аз ин, дар доираи чорабиниҳо ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2022–2026 дар вилоят 707 иншооти соҳаи маориф бо 5353 синфхона барои 267 ҳазору 650 ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шуд.
Дар ҷаласа ҳамчунин натиҷаҳои сафари ҳайати вилояти Хатлон ба вилояти Новосибирски Федератсияи Русия ва иштироки он дар форуми кишоварзии ин вилоят муҳокима гардид.
Дар ҷамъбаст раиси вилоят ба раисони шаҳру ноҳияҳо ва масъулони соҳаҳо барои истифодаи самараноки имкониятҳо, иҷрои саривақтии нақшаҳо ва вусъати корҳои ободонию созандагӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Лентаи хабарҳо
0